ВИДЕО: Фирори Абдурауф аз “облава”, маъюбӣ ва муроҷиаташ ба мардум

Абдурауф Шарипов, сокини 29-солаи ҷамоати деҳоти Сайфутдинов Кабуди ноҳияи Панҷ, ки моҳи ноябри соли 2011 зимни фирор аз “облава” маъюб гардидааст, аз мардуми Тоҷикистон хоҳиш дорад, ки ба ба ҳадди имкон ба ӯ кӯмак намоянд.
Ӯ 10-уми ноябри 2011 аз “облава” фирор карда, ба ҷӯйбор паридааст, ки дар натиҷа дасту пояш аз кор мемонанд. Маҳмадёр Шарипов, падари бемор мегӯяд, замони ин нохӯшӣ ӯ дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор дошт ва давоми ин се соли охир тамоми маблағҳои коркардаашро барои нигоҳубини Абдурауф сарф мекунад: “Ҳуҷҷатҳои ташхиси Абдурауфро ба духтурони Русия нишон додем, гуфтанд барои як курс табобат 10 ҳазор доллари амрикоӣ зарур аст.”
Худи Абдурауф, ки 6 моҳ пеш аз ин нохушӣ оиладор шудааст, ният дорад барои ҳамсару модараш дар моҳи Рамазон туҳфае кунад. Ҳамсараш Амина Саидова бо вуҷуди пофишории наздикони худ шавҳарашро тарк накарда, ба нигоҳубини ӯ машғул аст. Амина мегӯяд, замоне хонадоршавияшон Абдурауф сиҳат буд ва “чаро ҳоло бояд дар вақти маъюбияш партоямаш?”
Касоне, ки хоҳиши кӯмак ба ин хонаводаи ниёзмандро доранд, метавонанд тариқи телефони 93 751 24 52 бо Маҳмадёр Шарипов, падари Абдурауф дар тамос шаванд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |