Сафари Сироҷиддин Аслов ба Бишкек дар пайи таниши марзӣ
Сироҷиддин Аслов, вазири умури хориҷии Тоҷикистон дар доираи як сафари расмӣ озими Қирғизистон шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти ВУХ-и кишвар, сафари Аслов ба Қирғизистон рӯзи 15 июл сурат гирифта, ҳадаф аз он иштирок дар кори 5-уми Ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи “Осиёи Марказӣ + Япония” арзёбӣ шудааст.
Ин сафари Аслов ба Қирғизистон дар ҳоле сурат мегирад, ки рӯзи 10 июли соли ҷорӣ дар марзи ин кишвар бо Тоҷикистон тирпаронӣ шуда буд. Тақрибан соати 11-30 дар қаламрави “Ворух” дар марзи Исфараву Бодканд як гуруҳи деҳқонони тоҷик ҳадафи тири марзбонони қирғиз қарор гирифтанд. Манобеи “Озодагон” дар ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара мегӯянд, низомиёни қирғиз дар маҳалли Бедак ба сӯи ин сокинони одии Тоҷикистон дар ҳоле тир кушодаанд, ки машғули таъмири қубури обгузар будаанд. Ба қавли табибони беморхонаи шаҳри Исфараи вилояти Суғд Сафоуддин Шарофов, як сокини Ворух, ба ҳалокат расида, 7 тани дигар, аз ҷумла Ҳазрат Қозиев, Бахтовар Ҷурабекзода бо ҷароҳатҳои гуногун бистарӣ шудаанд.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон баъди зуҳри 10 июл бо ирсоли нотаи расмӣ ба унвонии мақомоти қирғиз аз рухдоди ин ҳодиса изҳори нигаронӣ карда, гуфтанд, “бояд қайд кард, аз ҷониби марзбонони тоҷик силоҳи оташфишон истифода нашудааст.” Вале Вазорати умури хориҷии Қирғизистон ёддошт ё худ нотаи расмии Душанберо дар робита ба ин тирпаронии маргбори марзбонони кишвараш шитобзадагӣ хонд.
Аз сӯи дигар, нишасти хабарии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, ки қарор буд, имрӯз 15 июл баргузор шаваду масъулини он аз фаъолияти нимсолаи худ ба рӯзноманигорон ҳисобот медиҳанд, ба таъхир гузошта шудааст. Масъулини ВУХ далели онро сафари раҳбарияти худ ба Қирғизистон хонда, дар бораи санаи нави он маълумот чизе нагуфтаанд. Соли гузашта низ ин ниҳод бо далелҳои номаълум нишасти хабарии худро ба таъхир гузошта, ахиран аз баргузории он худдорӣ карда буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |