Бахшҳо

Ин бор низ Рустами Эмомалӣ ба пеши хабарнигорон наомад

Рустами Эмомалӣ, раиси Хадамоти гумрук ва писари бузурги раиси ҷумҳури Тоҷикистон, баъд аз ҳафт моҳи таъин шуданаш ба ин мақоми муҳим низ бо хабарнигорон рӯ ба рӯ нашуд. Дар нишасти матбуотии Хадамоти гумрук, ки субҳи 16 июл баргузор гардид, асосан Неъмат Раҳматов ва Нуриддин Маҳмадов, муовинони Рустами Эмомалӣ, ба саволи хабарнигорон посух доданд.

Аз ҷумла, онҳо дар ҷавоб ба ин суол, ки чаро Рустами Эмомалӣ дар нишасти хабарӣ иштирок надорад, гуфтанд, ӯ дар рухсатии меҳнатист. "Барои ҳамин, ӯ натавонист дар ин ҷо бо Шумо рӯ ба рӯ шавад. Вагарна, омодааст аз кори Хадамот натиҷагирӣ ва ба суолҳо посух гӯяд",-афзуд Неъмат Раҳматов.

Писари калонии раиси ҷумҳури Тоҷикистон 30 ноябри соли гузашта раҳбари Хадамоти гумруки кишвар таъин гардида, дар ин мақом Гурез Зариповро иваз карда буд. Ӯ то омаданаш ба ин мақом ба ҳайси муовини раиси Хадамоти гумрук фаъолият дошт.

Рустами Эмомалӣ, ки 27 сол дорад ва дар ҳоли ҳозир ҷавонтарин соҳибмансаби тоҷик дониста мешавад, тақрибан шаш соли охир дар маркази таваҷҷуҳ қарор дорад. Вай бахши иқтисодии Донишгоҳи миллиро хатм карда, корро аз Кумитаи сармоягузорӣ оғоз намудааст. Соли 2009 дар Анҷумани Иттифоқи ҷавонон ба ҳайси муовини раиси ин созмон ва соли 2011 президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон интихоб гардид. Рустами Эмомалӣ яке аз муассисони клуби футболи "Истиқлол" аст.

Вай фарзанди дувуми президенти Тоҷикистон аст, ки мақоми расмӣ дорад. Озодаи Раҳмон, духтари раиси ҷумҳури Тоҷикистон, ҳоло муовини аввали вазири умури хориҷист. Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ба ин сӯ зимоми қудрат дар Тоҷикистонро дар ихтиёр дорад, соҳиби 9 фарзанд - 7 духтар ва 2 писар – мебошад.
Мӯҳр
Гурез
барои бо хабарнигорон сухбат кардан сохаро хуб тахлил карда тавони

Ба ОЗодагон
Шумо бояд ба саволхоятон хатман чавоб гиред фаркаш чи барои шумо Раис бошад ё муовинонаш!!

Мухимаш ин ки корро пурзур карда истодааст, сохаро обод кард, дар конкурс бачахои доно гузаштанд, рахмат бар падараш. Озодагон бе ягон хушомадгуи чоп кун.

ы
Барои у бо хабарнигорон сухбат кардан западло аст.

Исфараги
Барои бо рузноманигорон сухбат кардан забони точикиро нагз донистан лозим асту б суолхои онхо чавоб додан.Генерале,ки дар умраш армияро надидааст.Ё Аллох ин миллат дар хакикат мурдааст.

Сай
Ба фикрам суханрониаш аз Бек Зухурову, Хукумов хеч фарке надорад барои хаминхам ба чои вай чонишинхояш ба хабарнигорон посух мегуянд!!!

пулод
БАРОИ ОН НАОМАД КИ АЗ ПУРСИШХОИ ХАМАСУЯИ ХАБАРНИГОРОН НИГАРОН АСТ .....БОЗ АЗ ДАХОНАШ СУХАНИ НОЧО НАБАРОЯД....БЕХТАРАШ ДАР РУХСАТИ БОШАД...

Мударис
О Падари ин 20 сол аст рохбараст ва сохиби чанди китобхост ва тамоми гушаву канори чумхури аз гапу андешахои у истифода мебарад ва хато худи рузноманигоро ягон маротиба ру ба ру нашудаст бо рузноманигорон. аввалан мо ягон рузноманигор надорем агар бошадам хело каманд.

СТУДЕНТ
БАРОИ БО ХАБАРНИГОРОН РУ БАРУЙ ШУДАН САВОДИ КОФИ БОЯД ДОШТ .

Хирс
Падараш 22 сол аст, ки президент аст, гайр аз ин чанд соли дигар дар колхоз собикаи кори дорад, то хол бо хабарнигорон мусохиба накардаасту Рустам бо хамин собикаи кам оё рози мешавад, ки дар нишасти матбуоти иштирок кунад? Албатта не. Барои ин кор чуръату савод лозим аст! Калонхояшон бе варак гап зада наметавонанд ин аз кучо?

Чамбо
Ба фикрам аз он дар харос аст, ки ба у суоли "Бо кадом рох рутбаи генералиро дастрас кадаед?" дода мешавад!

Ба ОЗодагон,
Барои онки ое "РАИС" кори карда истодаашро медонад е на? Ана барои чи, чи хеле ки дигар хешу таборои ту баринхо, ки Точикистонро олонда истодааст.....

Барои он ки ба савол чавоб дихи аввал ба маънии савол сарфахм рафтан лозим,барои он, ки ба маънии савол сарфахм рави саводи кофи доштан лозим. Ин бечораи Рустам дар ягон донишгох нахонда бошад савод дар у аз кучо мешавад. Мегуянд ки Рустам Донишгохи миллиро хатм намудааст. Агар дар хакикат Донишгохи миллиро хатм карда бошад Оё ягон чавонмарде хаст ки гуяд ман хамсабакаш мебошаму 5 сол дар як гурух тахсил кардем.

крор
хай мумкин рост бошад ки отпуска дорад ага не чилд-чилд китобхои 500 сахифага навиштанду наход як баромадчаро натавонанд. ё нохонда ба мактабу нафахмида сухан, аз качравии замона домуло шуд.... хай намедонам, бачаи приздентай чи кор доред ба вай

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)