Бахшҳо
16 июл 2014 10:37Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҷавоби раиси Кумитаи сохтмон ба саволи “кай хона арзон мешавад?”

Абдувалӣ Комилзода, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди ҳукумати Тоҷикистон, ба суоли хабарнигорон дар бораи он ки “кай манзил арзон мешавад?” посух дод. Ӯ гуфт, вақте дар кишвар буҳрони иқтисодӣ ҳукмфармо мегардад, нархи хонаҳо низ поин хоҳад омад.

“Диданд, ки касе намехарад, баъд арзон мекунанд”,-афзуд ӯ дар нишасти хабарии 16 июл дар Душанбе.

Бо ин ҳол, ба гуфтаи раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон, ҳоло нархи манзил дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳои минтақа арзонтар мебошад. Ба қавли ӯ, нархгузории манзилҳо дар пойтахти кишвар вобаста ба мавзеи ҷойгиршавии биноҳо муайян гардидааст: “Масалан, дар марказ як метри мураббаи манзил аз 1000 то 1200 доллар, дар микрорайнҳо 850, дар атрофи марказ 350 то 500 аст. Ҳоло ба маблағи 330-350 доллар манзили дастрас сохта истодаем”.

Абдувалӣ Комилзода илова кард, дар 6 моҳи аввали соли ҷорӣ беш аз 300 ҳазор метри мураббаъ хонаи истиқоматӣ ба истифода дода шудааст. Вай афзуд, манолзие, ки ҳоло сохта мешаванд, дар муқоиса ба хонаҳои даврони Шӯравӣ дарозумртар буда, аз 100 то 120 сол муҳлати истифода доранд. “Дар замони Шӯравӣ муҳлати истифодаи хонаҳо 75 сол буд”,-таъкид дошт ӯ.
Мӯҳр
Чавоби ин мардак на ба тиреза рост меояд, на ба дар. Тамоми давлатхои дунё кушиш ба харч дода истодаанд, ки аз бухрони иктисоди рахои ёбанд, ин Раиси мухтарам бошад давои халли кулли мушкилотхоро дар хукмфармо гардидани бухрони иктисоди мебинад. Офарин ба ин аъзои Хукумату, акидаи вай. Худо нишон надихад, вале окибати хар гуна бухрони иктисоди ин шуриш аст.
Мухтарам Раис-шумо киро содда хисоб мекунед??? Сабаби аслии баланд будани нархо ин макоми монополистро сохиб будани чор ва панч ширкатхои ба хама маълум мебошанд, ки хеч гох нархоро ба поён рафтан намемонанд.
Хамвататон, тибки хулосаи ин мансабдори оли дуъо кунед, ки бухрони иктисоди тезтар фаро расад.

Фифа
Дар дигар кишвархо мегуеду, аммо ин чо Точикистонай мухтарам Абдували Комилзода

Собик сохтмончи
Мухтарам Абдували Комилзода! Ба фикрам маоши мегирифтаи Шумо ба маоши мегирифтаи дигар хизматчиёни давлатии минтака баробар аст, ки нархи манзили Душанберо арзон мегуед. Нархи манзил дар Душанбе дар киёси маоши кормандон ДАНДОНШИКАН АСТ!!!! Сониян дар давраи хукумати Шурави, ки Шумо низ худ дастпарвари ин замон хастед сифат ва бехатарии хонахо ба маротиб баландтар буд нисбат ба иморатхои хозир бунёдшаванда. Барои мисол китобхонаи чашнии шахри Кулобро нигаред. Ин китобхона дар давраи истиклолият сохта шудаасту бинои ПОЧТАИ маркази ки кариб чанд мох хароб кардед дар давраи Шурави сохта шуда буд.

Хайрон
Шумо чанобон пеш аз он ки ба дигар минтакахо ё кишвархо мукоиса кунед, ЧТ-ро як бор аз сохаи иктисодиёт назар кунед ё умуман хабар надоред. Боз мегуед, ки нисбат ба дигар кишвархо албат арзон мебошад. Аввал андеша баъд гуфтор-мугуянд.
Агар Шумо вакти хондан ё диккат додан надошта бошед ман ба маълуоти Шумо мерасонам, ки ММД (мачмуи махсулоти дохили)- тамоман валачаст (омори бардуруг), ДМ (даромади милли) умуман як нишондоди паст дорад, боз ба хамин хол бо нисбат ба дигар кишвархо арзон будааст, ин чи худ гап ё парадокс ми....
Сатхи бекори 60-70% мебошад, барои сари ахоли даромади миёна 7-сомони рост меояд, инчунин барои рузро ба охир расонидан ба хисоби миёна сари ахоли 15-20 сомони зарур мебошад... кани гап занед, ки дар кадом кишвархои нисбатан гуфтаатон хамин хел нишондод хаст....
Ман хайрон, ки хамин омори бардуруг ба ки даркор аст!!!! ин як дард, иллат, бадбахти мебошад. Ин аст сабаби асосии обод нашудани мо....
Бинохои баланду базеб сохтан, роххои мумфарш сохтан ва гайрахо ин маънои ободии ахолиро надорад, чанобон!

Ичоранишин-2
Ичоранишин,
Офарин!
Рост гуфтед, ин сабаби баланд будани нарххо манаполияи кабилави мебошад. Чун ки хамаи ин сохтумонхо ба сохибкорон ё точирон тааллук дорад, на ба давлат (халк). Чи хеле хоханд нархро баланд мекунанд. Системаи антиманаполии давлат дар хоби гарон мебошад.
Баъди тахлили ин раиси кумита ман тамоман дилам хунук шуд.
Шояд вай бухрони иктисоди гуфта иваз шудани сиёсати давлатро дар назар дошта бошад...

Дилтапак
"“кай манзил арзон мешавад?” посух дод. Ӯ гуфт, вақте дар кишвар буҳрони иқтисодӣ ҳукмфармо мегардад, нархи хонаҳо низ поин хоҳад омад."-- ин тамоман дар ягон пахлуи тахлилии иктисоди чой намегирад.
Мухтарам раис, Шумо тамоман аз сатхи иктисодиёт ё аниктараш иктисодиёти бозоргони бехабар будаед.
Барои нарххо арзон ё кимат шаванд, гуфтани гап "талабот ва пешниход *(спрос и предложение) дар иктисодиет мавчуд мебошад.
Дуюм ин ки вазъи бозор (конъюнктура рынка) низ аз сохтори монополия (як фурушанда чандто харидор) ё манапсония (як харидор, чандто фурушанда) вобастаги дорад, ки ба идораи нархо таъсири манфи ё мусби мерасонад.
Сеюм ин ки барои тагироти нарххо дар бозори хонафуруши, молию махсулоти, маблаггузори, когазхои киматнок ин ракобати озод ва дуруст кор кардани сохторхои дахлдори назоратии давлат мебошад.
Дар мо сохтори манаполи мавчуд мебошад, ки миёни хама мардумро шикастааст...
Ин дафъа тахлили кардаатонро аз чашми кушода кунед..дя

Мукоиса намудани нарху навои манзили Точикистон бо Руссия ё дигар мамлакатхо-ин тамоман ба акли солим мувофикат намекунад, зеро дар он кишвархо даромади ахоли, музди мехнат хеле баланд буда, сатхи зиндаги боло меистад.Ичоранишин,

Сохтмоннавард
Дар давлатхои боакли дунё фондхои давлатии сохтмон мавчуд аст,то шахрвандон бо хонаю чо таъмин шаванд.Дар кишвари мо бошад баръакс дида ба киссаи гастрабайтерхо духта коррупсионерхо хонахои киммат сохта киссаи мардикоронро горат мекунанд.

Дар солхои шурави мардум барои гирифтани хона ба навбат меистоданд. Холо бошад навбат ва гирифтани хонаи бепул дар ТОЧИКИСТОНИ мо катъ гардидааст. Дуруст аст чаноби ВАЗИР. Пулдор хона мехарад аммо бепул, шахсони маъюб чи тавр хона мехарида бошанд?

Хангоме нарх дар Точикистон арзон мешавад, кайвакте ки бухрони иктисоди фаро мерасад Оё ин гапхои сафсата моро конеъ карда метавонанд. Чаноби Комилзода оё хаминро медонад ки бухрони иктисоди кай ва аз кучо пайдо мешавад ва барои мардуми Точикистон бухрон лохзим аст Пас агар бе бухрон арзон нашавад махраман бухроне меорем ки дигар метавонед бе ягон нарх ба мардум таксим мекунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)