Дар Эрон: “Мӯъмин Қаноат падари шеъри форсии Тоҷикистон аст”

Дар нахустин ҳамоиши байналмилалии шоирони форсизабон, ки дар Эрон баргузор шуд, аз Мӯъмин Қаноат, шоири маъруфи тоҷик падари шеъри форсии Тоҷикистон ном бурда шудааст.
Мусавии Гарморӯдӣ, шоир ва раҳбари пешини Ройзании фарҳангии Эрон дар Тоҷикистон, гуфтааст, Мӯъмин Қаноат бахши умдаи умри худро ба фаъолиятҳои адабӣ бахшидаасту метавон аз ӯ ҳамчун падари шеъри форсӣ дар Тоҷикистон ном гирифт. Ӯ дар идома бо қадрдонӣ аз ин шоири маъруфи тоҷик афзудааст, “давоми 4 соли фаъолият ва ҳузурам дар Тоҷикистон, ки ба аксар манотиқи ин кишвар сафар доштам, Мӯъмин Қаноатро ҳамчун як шахси соҳиб эҳтиром мешиносанду аз ӯ бо ифтихор ном мегиранд”.
Гарморӯдӣ дар идома аз Муҳаммадалӣ Аҷамӣ низ ном гирифта, ӯро яке аз беҳтарин шоирони имрӯзи Тоҷикистон хондааст. Раҳбари пешини Ройзании Эрон дар Тоҷикистон дар хотимаи суханронияш шеъреро ба Мӯъмин Қаноат ва пойтахти тоҷикон тақдим кардааст:
“Пойтахти гулу дилу сунан аст,
На Душанбе, ки моҳу соли ман аст.
Маркази меҳрубонии дунёст,
Пурдарахту гулу биҳиштосост.
Бо гулу сабза, ки сухан гӯӣ,
Посухат медиҳад ба хушхӯйӣ.
Ба хиёбони Рудакӣ бингар,
Дорад аз сабза чатр бар сар”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |