Бахшҳо

IRS (Инноватив Роуд Солюшнз) соҳиб дорад?

Ҳар вақте майли сафар ба вилояти Суғд мекунам ва аз роҳи «Душанбе-Чаноқ» мегузарам, диламро сиёҳӣ пахш мекунад. Сиёҳӣ на ба он сабаб, ки ба ширкати «бритониёӣ»-и марбут ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин роҳ маблағи ҳангуфт пардохт менамоям. Сиёҳӣ барои он пахш мекунад, ки роҳи мазкур на танҳо ба ҳеҷ стандарти роҳҳои байналхалқӣ посухгӯ нест, балки ба талаботи одитарини меъёрҳои роҳдорӣ ҷавоб намедиҳад. Ронанда маҷбур аст, барои роҳе пул супорад, ки амнияти ӯ ва мусофиронаш дар ин роҳ таъмин нест.

Як рӯз қабл аз иди Ваҳдати имсола, соати 5-и бегоҳ аз Душанбе баромада, ба таксие нишастам ва ба самти ноҳияи Айнӣ ҳаракат кардем. Баъд аз интизориҳои зиёд дар бунгоҳи пулчинии нахустини "Innovative Road Solutions" (IRS) бо номи «Варзоб», ки садҳо мошин аз ду самт дар чор қатор навбат истода, мунтазири пулсупорӣ буданд, аз плаза гузаштем. Ростӣ, ба пулчинии ширкат ҳаваси кас мерафт. Дар Тоҷикистон ҳатто дар назди бонкҳо мардум чунин навбат намепоянд, вале барои ба ширкате, ки масъулияти хизматрасонии худро дар роҳ ба таври бояду шояд иҷро намекунад, ин қадар навбат истода, маҷбуран пул месупориданд. Маҷбур барои он ки ронандаҳо ҷуз супоридани пул чораи дигар надоранд. Агарчӣ Сарқонуни кишвар «ҳаракати озоди шаҳрвандонро аз як самт ба самти дигар кафолат медиҳад», ин роҳ бар хилофи талаботи Сарқонун ба ҳар гуна ҳаракати ройгони шаҳрвандон ба самти Хуҷанд монеаъ эҷод мекунад.

Дар плазаи Ҳушёрӣ моро навбатпоии наве интизор буд. Ҳама мошинҳои аз плазаи Варзоб гузашта, дар плазаи Ҳушёрӣ ҷамъ омада буданду роҳро баста буданд. Баъд аз фаромадан аз мошин ва ба плаза наздик шудан маълум шуд, ки мошине дар назди плазаи Ҳушёрӣ вайрон шудаасту бо ҳамин ҳаракати нақлиёт аз самти Душанбе ба Хуҷанд тамоман қатъ шудааст. Ширкати "Innovative Road Solutions" (IRS) бо ин қадар бузургӣ наметавонист, ки мошини мазкурро кашола карда, ба як тараф гирад, то ба ҳаракати нақлиёт монеа эҷод накунад ва на маркази хизматрасоние дошт, ки нақлиёти вайроншударо ба зудӣ таъмир намуда, роҳро озод намояд. Баъд аз норозигиҳо ва интизориҳои зиёд ва пурра баста шудани роҳ аз ҳар ду тараф намояндаҳои ширкат маҷбур шуданд, ки мошинҳои аз самти Хуҷанд ояндаро боздошта, мошинҳои сабукрави аз самти Душанбе ҳаракаткунандаро ба воситаи ҳамон як гузаргоҳ сар диҳанд ва пеши роҳро каме ҳам бошад озод кунанд. Садои баланди сигнали мошинҳо на танҳо мо, ҳатто сокинони деҳаи Ҳушёриро ба дод оварда буд ва ронандагон ҳар замон бо суханҳои қабеҳ муассисони IRS-ро ҳаққорат медоданд, ки бо вуҷуди ситонидани маблағҳои ҳангуфт боз дар роҳ вақти зиёди ронандагонро мегиранд, вале касе ба доди ронандагону мусофирон намерасад.

Баъд аз ҳаракат ва гузаштани аз плазаи сеюми IRS бо номи Майхӯра дарёфтем, ки ин интизориҳо ва асабишавиҳои мо ҳанӯз хотима наёфтааст. Дар роҳи вайрону кайҳо фарсудадашуда, ки роҳҳои қӯҳии дурдасти кӯҳистонро ба хотир меоварданд, даҳҳо мошин дармонда ҳаракати нақлиётро душвор карда буданд. Мо низ бо душворӣ аз вайронкадаҳои IRS гузашта ба тарозуи он, ки дар наздикии нақби Истиқлол воқеъ аст, расидем. Дар ин ҷо ҳаракати нақлиёти калонҳаҷм тамоман қатъ гадида буд ва қатори мошинҳои дар тарозу навбат истода, ҳатто дар дохили галерея ҳаракатро танҳо аз аз як тараф имконпазир менамуд. Аз тарозу то нақб имкони аз ду тараф ҳаракат намудани мошинҳо умуман вуҷуд надошт ва ҳаркати яктарафа низ танҳои барои мошинҳои сабукрав имконпазир буд, ки он низ бо душворӣ сурат мегирифт. На ягон нафар корманди БДА-ро дидан мумкин буд, ки ҳаракати нақлиётро ба танзим дарорад ва на ягон нафар корманди IRS кӯшиши озод намудани роҳро аз мошинҳои гаронвазн мекард. Аз чунин амал ҳар бинанда ба хулосае меомад, ки ин роҳи пулакӣ воқеан бесоҳиб аст ва ё агар соҳибе дошта бошад ҳам вазифааш ҷуз пулситонӣ чизи дигаре нест.

“ҒОРИ ЭРОНИҲО”, ДУД ВА ПРОБКА

Бо хеле душворӣ ниҳоят ба нақби торики Истиқлол ворид шудем. Аз пеш ҳаракати ҳеч нақлиёте ба назар намерасид. “Ғори эрониҳо” чунон аз дуди мошинҳо торик шуда буд, ки ҳатто чароғакҳои зиддитуманӣ ҳам кумак намекарданд, то ронанда пеши роҳи худро дида тавонад. Баъд аз тақрибан 15 дақиқаи ҳаракат, ки бо хеле душворӣ сурат гирифт, ба ҷое расидем, ки корвони мошинҳо истода буданду ҳаракат дар дохили нақб пурра қатъ шуда буд. Маълум шуд, ки бинобар корҳои таъмирӣ ва танг шудани нақб мошинҳо аз ҳарду самт дар нақб дар мондаанд. Агарчӣ нафаскашӣ то рафт душвор мешуд, вале имкони ба ақиб баргаштан набуд, вагарна ҳатман бармегаштем. Даҳону биниро бо латтаҳо баста ронандагон худ бо овози баланд, ба якдигар садо баланд карда, кӯшиши озод намудани роҳро мекарданд.

Бо душвориҳои зиёд ҳаракати нақлиётро дар дохили нақб худи ронандагон ба самти Душанбе кушода, мусофиреро пиёда ба беруни нақб фиристоданд, то мошинҳои аз самти Хуҷанд омадаро дар берун аз нақб дошта, мошинҳои дар дохил дар муҳосираи дуд мондаро берун оранд. Танҳо чунин иқдом имконият дод, ки баъд аз 40 дақиқаи нафаскашии дуди ғализ ниҳоят соати 7-40 мо аз нақб берун омадем ва роҳҳои кандаву мумфаршнашударо тай намуда, ба Такфон расидем. Азияти кӯдакон, тифлон ва калонсолонро дида, ҳар бинада ба ҳоли онҳо раҳм мекард, ҷуз IRS, ки вазифаи ситонидани пулро дар ин роҳ ба дӯш дошт. "Innovative Road Solutions" (IRS) на ба кӯдакон раҳм дошту на ба занону пиронсолони ин роҳ. Чунин рафтори ширкат ва хизматрасониашро дида аксари ронандагону мусофирон мегуфтанд: “Ин беэҳтиромии ширкати IRS ба халқ аст ва ба қонун”.

Воқеан, онҳое, ки ин ҳарфҳоро мегуфтанд ҳақ ҳам буданд. Магар ширкате, ки ҳама қонугузориҳои Тоҷикистонро поймол карда, вазифаи худро, ки таъмини ҳаракати 24-соатаи нақлиёт аст, ҳатто дар фасли тобистон иҷро карда наметавонад, беэхтиромӣ ба халқ, ба қонун нест? Ба фикри ман, ин на танҳо беэҳтиромӣ, балки таҳқири халқ аст. Магар ширкате, ки бо баҳонаи баркашидани бор ҳаракати нақлиётро дар роҳи пулакӣ номумкин гардонида, боиси азобу уқубати аҳолӣ гардидааст, ин рафтораш таҳқири мардум нест? Бемасъулиятии ширкат ба он дараҷае расидааст, ки мо 80 км роҳи пулакиро дар фасли тобистон дар сеюним соат тай намудем, ин магар таҳқир нест?

Рузи 28-ум бегоҳ мо боз тариқи ин роҳ ба Душанбе баргаштем. Ҳодиса дар нақб ва берун аз он дар атрофи тарозуи ширкат боз чуноне буд, ки ду рӯз пеш дида будем.

ВАЗИР БЕХАБАР АСТ..?

Одам ин ҳама беадолативу беқонуниҳоро дида ба худ суоле медиҳад: Чаро мансабдорони мо ин ҳама беадолатиро дида боз ҳам аз хизматрасониҳои ширкат изҳори қаноатмандӣ мекунанд? Масалан, дар нишасти матбуотие, ки моҳи январ баргузор гардида буд, вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайрулло Асозода, аз фаъолияти ширкати IRS дар роҳи мошингарди Душанбе – Хуҷанд, изҳори қаноатмандӣ карда буд. Вале баъд аз дидани аҳволи ин роҳ ба хулосае омадем, ки вазири нақлиёт аз ин роҳ боре ҳам дидан накардаанд, вагарна чунин изҳори қаноатмандӣ намекарданд. Мӯҳтарам Асозода инчунин изҳор дошта буданд, ки «тарозуи IRS-ро бинобар дар ҷойи нодуруст гузошта шуданаш ва ба ҳаракати нақлиёт монеаъ эҷод карданаш, аз он ҷо мекӯчонем». Ин ҳақиқат буд ва ё гурез аз суоли хабарнигорон намедонам. Вале вақт нишон медиҳад, ки тарозу ҳанӯз побарҷосту боиси баста шудани роҳ ва сарсониву оворагии мусофирон гардида истодааст. Вақте дар ин бора мо аз як нафар корманди IRS пурсон шудем мавсуф дар сӯҳбати бидуни микрофон бе овардани номаш изҳор дошт, ки «ширкати "Innovative Road Solutions" (IRS) ба Вазорати нақлиёт итоат намекунад ва чун ширкати хориҷӣ танҳо тибқи устав ва лоиҳаи худ амал мекунад».

Пас, чаро вазир дурӯғ гуфтанд. Оё осонтар набуд, ки ҷавоб диҳанд, ки ин ширкат мустақил аст.

МАСЪУЛОНИ БЕМАСЪУЛИЯТИ IRS

Аз ронанадае пурсидам, ки оё маблағе, ки барои ин роҳ месупорӣ, маблағи зиёд нест? Мавсуф посух дод, ки «мо аллакай ба супоридани пул ба ин ширкати соҳибаш номаълум одат кардем, ҳарчӣ пурсанд садқаи сар мегӯему медиҳем, вале чаро онҳое, ки ин маблағро мегиранд, масъулияти ба дӯш гирифтаи худро вобаста ба таъмир ва таъмини бехатарии мо иҷро намекунанд?»

Дар плазаи Майхӯра 28 июн соати 18:04 мо 50 сомониро дароз карда, 35 сомонӣ бақия гирифтем. Вале дар чиптаи гирифтаи мо таҳти рақами (С) 06672012 нарх 14.20 нишон дода шуда буд. Маълум шуд, масъулин 80 дирами ронандаро ба ҷайби худ задаанд. Ронандаи мо аз пулчинак талаб кард, ки барояш серун (овежител) диҳад. Ӯ гуфт, ки надорем, ҳол он ки вақте чунин маблағҳои беинсофона меситонанд, аққалан бар ивазаш ба ронанда ҳам чизе бояд диҳанд, ё на?

Хонуми куҳансоле, ки ҳамроҳи мо сафар дошт ва дар роҳ ҳам худаш ва ҳам наберааш хеле азоб кашиданд даст ба дуо бурда ба сӯи пулгирандаҳо гуфт: -Пули гирифтаатон заҳри баданатон шавад. Ин пулҳо ба роҳбарияти ширкататон насиб накунад.

Мо низ беихтиёр омин гуфтем.

Хотиррасон мекунем, ки ширкати "Innovative Road Solutions" (IRS) ҳанӯз 31 – марти соли 2009 фаъолияти худро дар роҳи Душанбе-Чаноқ оғоз намуда, дар аввал худро бритониёӣ муаррифӣ намуда буд. Вале баъдтар сафири Бритониё дар Тоҷикистон бритониёӣ будани онро рад намуда, изҳор дошт, ки ширкати мазкур ҳеҷ иртиботе ба Бритониё надорад ва он ба шаҳрвандони Тоҷикистон тааллуқ дорад. Коршиносон онро ба мансабдорони баландпояи кишвар нисбат медиҳанд. Ҳарчӣ набошад то ба имрӯз соҳиби онро касе намедонад.

ПЕШНИҲОД БА РАИСИ БДА

Ба назари банда таъмини бехатарии роҳ яке аз самтҳои асосии кори БДА аст ва маълум аст, ки ширкати "Innovative Road Solutions" (IRS)- аз ӯҳдаи таъмини амнияти ҳаракат дар роҳ намебарояд. Воқеан, ширкати IRS чӣ гуна тавонад амнияти нақлиётро дар ағбаи Майхӯра таъмин намояд, вақте худ боиси ин ҳама бенизомӣ гардидааст? Ба ин хотир ба Сардори БДА-и Ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Саидов муроҷиат намуда, аз эшон хоҳиш менамоям, ки ҳатман дар ду тарафи нақби Истиқлол, бахусус дар назди тарозуи IRS навбатдорони худро гузошта ҳаракати нақлиётро дар ин мавзеъ ба танзим дароранд ва амнияти ронандагону мусофиронро таъмин намоянд. Зеро медонам, ки муроҷиат ба раёсати ширкати IRS бефоида аст ва онҳо ба ҳеҷ пурсише посух нахоҳанд гуфт. Банда дар доираи тадқиқоти журналистие бо 20 савол ба Раиси ширкат муроҷиат намуда, аммо посухе нагирифта будам.

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР
Мӯҳр
Сокинони Тоҷикистон бояд донанд, ки ҳар ширкат ё ширкатчаи хориҷие ки дар Ватани мо фаолият дорад, ба қавле "устав ва лоиҳааш" дар асоси қонунҳои Тоҷикистон тартиб дода шудааст. Агар ин тавр нестанд, бояд аз бозрасии Вазорати адлия бигузаранд. Истисноро фақат ва фақат сафоратҳо ташкил мекунанд. Тибқи қонунҳои байналмилалӣ дохили ҳар як сафорат қаламрави ҳамон кишвар ҳисоб мешавад ва онҷо қонунҳои Тоҷикистон амал намекунанд. Яъне сафорати Амрико дар Душанбе - як пораи Амрико ҳисоб мешавад ва, бар аъкс, сафорати Тоҷикистон дар Амрико - пораи Тоҷикистон аст. Аз ин хотир, ба қонунгузории Тоҷикистон итоат накардани IRS - гӯл задани мусофирон аст. Сафири Британияи Кабир дурӯғ намегӯяд. Биноан он пулчинак на аз хориҷиён, балки марбут ба ягон шахси басо баландмақоми тоҷик аст, ки ҳатто мақомот аз ифшо кардани номӯ меҳаросанд. Ягона идорае, ки дақиқ медонад IRS аз кист, ин Кумитаи андози ҶТ бояд бошад ё Вазорати адлия. Вале ҳатто инҳо ҳам аз ба забон овардани номи соҳиби он пулчинак метарсанд. Он тарафи масъаларо ҳар кас бояд худаш фаҳмад!!!!!!!!

инсоф
мавҷудияти ин ширкат худаш як зулм аст, тамом. Дигар муҳим нест аз ки аст, муҳим он аст ки барои аксарияти мутлақе ки аз ин роҳ истифода мебаранд он қобили қабул нест!

Чанд сол пеш бо даъвати рафиқам муддате дар кишвари афсонавии Фаронса иқомат доштам. Қисса кӯтоҳ, боре аз роҳи пулакӣ гузаштем, зеро ба ҷое, ки мо мерафтем, убур аз ин роҳ наздиктар буд. Дар маҷмӯъ ҳамаи роҳҳои Урупо беҳтаринанд. Вале ин роҳе, ки мо мегузаштем, аз беҳтарини беҳтаринҳо буд, монанди шиша ҳамвор. Як тарафи роҳ панҷ қатори мошин, қатори дигар инчунин. Гузаштан аз пулчинак ҳамагӣ чанд сонияро дар бар гирифт. Ронанда аз мошин нафаромада, пулро дароз мекунад ва аз он тараф чек мегирад. Бо ҳамин тамом. Хазинаҳои пулгирӣ дар ҳамаи даҳ қатор насб шуда буданд. Қийматаш ҳам чандон гарон не. Рафиқам заррае норозигӣ баён намекард. "Бо он сифате, ки роҳ сохта шудааст, роҳкиро тамоман ночиз аст", гуфт ӯ. "Ба ивази ин мо метавонем зудтар ба ҷои даркорӣ бирасем." Ростӣ, ман он вақт дар ҳайрат монда будам, ки "чаро роҳи Худо (Ҷ) бояд пулакӣ бошад?" Каме ба хашм омадам. Кай медонистам, ки бо мурури замон ин "бадбахтӣ" ба сари миллати худам меояд ва як роҳи пулакии бе алтернатива дар шакли бадтаринаш арзи вуҷуд дошта, ба ҷои "раҳмат" ҳар дақиқа сазовори нафрину лаънати мусофирон мегардад.

То чое маълум аст - ин Ширкати номаълум аз андозсупори озод аст! Пули он ба кучо меравад, барои чи сарф мешавад - сирри махфист! Вазъи рох касеро ба ташвиш намеорад ваборхо гуфтаем, ки хадафи ин ширкат танхо пулчинист. Агар не - метавонист бо ин хама пуле, ки мегундорад тамоми рохро ё лоакалл тамомии кисматхои сангрезу тармафароро болопуш кунад. Кард? Накард! Намекунад хам. Намедонам рохбари он кист - аммо хис мекунам , ки хадафаш дар шароити оли нигох доштани ин роху бехатарии он нест. Илова бар ин дар кучои дунё длидаед, ки рохи пулаки бошаду рохи алтернативи вучуд надошта бошад? Дар кучо бо ин гарони рохро дидаед? Магар ин ширкат худ рохро сохта ки мехохад маблагхояшро чамъ оварад? Чаро бояд карзи ин рохро Давлати Точикистон пардозад?

Корманди ИРС
Ин ширкат ба хонадони мансабдори №1-и Точикистон таалук дорад!

Хамаи ин гапхои мову шумо бехудааст чунки чамолидинчон кайф карда ин пулро мехураду мо нигох мекунем.

гости
вазири наклиет вай рогунро харом кард рохро аз кучо обод кунад

ширкати irs ба домоди чаноб хизмат мекунад яъне ба нуралиев

Чихел сохиб надорад хамин халки мо хело сода мебошад.... дар вахти рафтан албат пурсида будед Раиси ин ширкат кист ? росташа гуёд одамон.... вакте ки як чизро руи когаз меоред росташро баён кунед ...ин Чамолиддин домоди Раиси Чумхурамон мебошад.Юсуф,

Silence
Сохиби ширкат домоди шахси аввали чумхурист. Кучои ин сирри махфист? Ва пулхои барчидашуда баста-баста ба офшорхои чазираи Вирчиния интикол меёбанд. Ачиб ин ки касе аз макомоти баландпоя чуръати дар ин бобат харф заданро надорад! Вой бар холи миллате, ки гуи абадуддахр аз ин нафарони чашмгурусна карздор бошад.

форс
бародар шумо чихо гуфта истодаед охир ин кормандони БДА дар хамин рохи пулаки дар масофаи байни 60 км 2 пост ташкил намудаанд хол он ки дар рохи пулаки ташкил намудани постгоххо мумкин нест. Агар ба гуфти шумо аз ду тарафи накби истиклол боз кормандони БДА камин гиранд медони нархи махсулотхо чи кадар кимат мешавад. ки хамаи ин боз хам азоби халки бечора мешавад худатон як фикр кунед.
пешниходи ман хамин ки умуман кормандони БДА дар рохи пулаки пост ташкил накунанд. боки шумо медонед

пули ин ширкат ба давлат намеравад ба дасти домоди президент меравад

Сафарали,
Душанбе - Хучанд,
Ман намедонам. Агар воқеан ҳам ҳамин тавр бошад, вой ба ҳоли ин миллате, ки ҳамаи ин таҳқир, густохӣ ва беқонуниро таҳаммул (тоқат) мекунад. Мақомот бояд дониста бошанд, ки ин рӯзе ҷавоб дорад. Роҳ бояд дуто бошад. Ба касе пулакияш маъқул нашуд, бигзор бо бепулаш равад. Вале, алъон ин коре ки кардаанд, ба роҳзанӣ - бандитизм монанд аст. Яъне, дигар роҳ надорӣ; мехоҳӣ гузаштан, пула биёр! Инро бештар дар филмҳои дар бораи роҳзану бандитҳо дида мешавад. Маълум мешавад, ки баъзеҳо роҳзаниро шеваи зиндагии хеш кардаанд. Зимнан матали хуби тоҷикиро ёдовар мешавем: АЗ НОУМЕДИҲО ҲАМА УМЕД АСТ. ПОЁНИ ШАБИ СИЁҲ САФЕД АСТ! Ман ошиқи забони тоҷикиям.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)