Ду тоҷики қурбонии садамаи Маскав аз ноҳияҳои Ҷомӣ ва Хуросон будаанд
Бӯрӣ Ҳайитов ва Бахтиёр Мавлонов, ду муҳоҷири тоҷик, ки дар садамаи метрои Маскав ҷон бохтанд, зода ва сокини вилояти Хатлон будаанд. Қирғизбек Зокиров, як масъули Хадамоти муҳоҷират дар Хатлон, гуфт, ҳардуи ин муҳоҷири тоҷик 25-сола буда, яке аз ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва дигаре аз Хуросон мебошанд.
“Рӯзҳои наздик масъалаи ба Тоҷикистон овардани ҷасади онҳо ва ироаи кумакҳои молӣ ба хонаводаҳояшон ҳал мешавад”,- афзуд Зокиров. Бино ба қавли ӯ, ҳукумати Русия ба оилаҳои афроди ҳалокшуда як миллион рубли русӣ ваъда кардааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |