Бахшҳо
17 июл 2014 12:09Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Ҳотамов: "Қосими Раҳбар рост гуфт, ки беш аз 1 миллион тонна картошка гирифтем, аммо пӯсид"

Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми июл зимни нишасти матбуотӣ дар Душанбе омилҳои болоравии нархи картошка ва гӯштро шарҳ дод.

Давлаталӣ Ҳотамов, муовини аввали вазири кишоварзии Тоҷикистон аз ҳисоботи вазир Қосими Раҳбар ба президент дар бораи истеҳсоли беш аз 1 миллион тонна картошка дар кишвар ҳимоят намуда, изҳор дошт, ин омор воқеист, аммо бисёри картошкаи истеҳсолшуда ба далели набудани яхдонҳои нигоҳдорӣ пӯсидааст. Ӯ таъкид намуд, ки ният доранд, барои нигоҳдории картошка дар Тоҷикистон бунёди яхдонҳоро ба роҳ монанд.

Дар посух ба шубҳаи хабарнигорон, ки наход ҳазорҳо тонна картошка пӯсидааст, Аббосхуҷа Яҳёхуҷаев, масъули Вазорати кишоварзӣ худро мисол овард, ки “300 кило картошка дошт, вале зимистони имсол ҳамааш пӯсид.” Яҳёхуҷаев афзуд, ки соли равон дар майдони беш аз 18 ҳазор гектар картошка кишт шудааст, то мушкили болоравии нархи он дар оянда такрор нашавад.

Вазорати кишоварзӣ илова намуд, ки нимсолаи аввали соли равон дар дохили кишвар 137 ҳазор тонна картошка истеҳсол шудааст ва феълан нархаш дар бозорҳои кишвар 1,5-2 сомониро сари ҳар килограм ташкил медиҳад.

Давлаталӣ Ҳотамов ба масъалаи нархи маҳсулоти гӯшту ширӣ низ дахл карда, сабабашро холӣ мондани фермаҳои чорводорӣ баъди замони шӯравӣ гуфт. Ӯ афзуд, ки барои поён бурдани нархи маҳсулоти гӯшту ширӣ бояд, фермаҳои чорводорӣ ҳар чӣ зудтару бештар барқарор карда шаванд. Ӯ илова намуд, ки феълан аз ҳисоби истеҳсолоти дохилӣ 50-55 дарсади талаботи кишвар бо маҳсулоти ширу гӯштӣ таъмин мегардад: "Мо ният дорем ин нишондиҳандаро дар ояндаи нзадик ҳадди ақал ба 80-85 дарсад расонем."

Феълан нархи як кило гӯшт дар Душанбе ҳудуди 40 сомониро ташкил медиҳад, ки қариб ба 20 дарсади маоши ҳадди ақал дар кишвар баробар аст.
Мӯҳр
оп
Рости гап хамин вазорати кишоварзи умуман лозим нест. Он чо мансабдорони отставнойро мефиристанд ба маъное ки чор танга барои зиндагиаш кор кунад. Ягона коре ки вазорат ичро мекунад ин маблагхоеро ки аз тарафи бюджет барои хариди тухмиву техника чудо мешаванд обулой кардан аст.

Салом..
Агар Точикистон дар як сол 600-хазор тона картошка истехсол кунад ниёз ба вориди картошкаи Покистонро надорад.. Вале мутасифона хочагихои дехкони картошка кишт намекунан ва бачои картошка юнучка кишт мекунану халос..Халки Точик тамбалу бекор-хуча шудаст.. Аз хама аламовараш ин аст ки Вазиру чазирхо ба халку хукумату Призидент нишондоди дуруг нишондада ба чашми милату хукумат хок мепошанд.. Призидент як гурухи махсусеро бояд ташкил кунад ки содик ба халку ватанбошан нафарони ин гурух ва онхо як бор ин нишондодхои вазир-чазироя тафтишкунат ана бад малум мешавад ки ин ашхосони фавкулода рост мегуян ё ин ки дуруг!! Ман якин медонам ки нишондодхоеки дар радиёву телевизон аст хамааш бофтакори дуруг ва хок поши ба чашми милати точик аст

Дар давраи шурави бо ин изофанависихо моён хукумати марказиро(Москва) фиреб медодем. Солхои 60-ум як кисми рохбарони хочагихо ва корхонахои пахтатозакуни барои ин корхо то 17 соли зиндонй шуданд. Маълумотхои омориро бардоред, истехсоли махсулоти кишоварзи 70-80 фоизаш аз хисоби заминхои наздихавлиги(президенти) ва хочагихои дехконии инфироди мебошад, ки дар асл хамаи он дуруги махс мебошад. Бехуда дар мо намегуянд, ки умри дуруг кутох аст ва ин худ нишондихандаи ана хамин маълумотхои омории мо мебошад.

Махам дуло
Рута сиех кади ба худо бо шарм намекунае тобаааа

ИЛХОМИ
Ин кадар картошкаи пусидагиро кучо бурданд ваё дар кучо захира карда буданд, ки касе надид.

аспирант
Дар вокеъ ин вазоратро бо хама самиташ аз кор сабукдуш кардан лозим, ягон амали неук анчом намедиханд, хама кормандонаш кармушка кардаги вазоратро. Афсона барои кудаки 1 сола ин наклхои вазорат дар бобати картошка агар ба 2-3 сола кудак гуи ки картошка пусид мегуд, мара фан (дуруг) нагу!!! Вазираш тамоман сохаро намефахмад, танхо аз хисобот то хисобот кор мекунад, ба хотири дар пеши Чаноб Оли чи гуям, ки дуругамро бовар кунад... Дар сухбат мегуянд, ки 5-6 яхдон барои нигохдори картошка харидем.. Ачиб!!! охир агар 5 тонаги хам нигох доренд мешавад 25-30 тонна, ки барои муътадил нигох доштани нархи картошка кифояги намекунад. Арифметикаи одди .. Ба як чиз коил мешавам, ки наход рохбари давлат ва сарвазир аз хамин афсонахои вазири кишоварзи истикбол кунанд. Агар ин вазорат дар кутохтарин мухлат тачдид нагардад, баъди 5-10 сол ба сари мо чавонхо мушкилохои вазминро ру ба ру мекунад... Аз ин мутахассисон мо чавонон чи меомухта бошем, ва чи мерос мегирифта бошем.. Хамааш рушан, фанду фиреб, порагириву каллоби, дуруггуиву дуруг сози, ва дигар аммалхои номатлуб ба мо мерос мемонад аз ин рохбарони худкома. ..
оп,
оп,
оп,

картошкаро ба киев бурдаанд чунки дар он чо феълан гушнаги шуда истодааст. ва кишвари мо ба кишвари чангзада кумак карда истодааст.

донишчу
чаноби Хотамов шарм дор КОР КАРДАН ДАРКОР! КОР! СОДИКОНА

45
И смех и грех!2-3 млрд чавоно рои мекунан хамин хел баромада меравад аммо барои гирифтани як чанд доллараке мвф нархи баркро боло мебарад.чи хел фахмем инро.

Malim
донишчу,
hisoboti durughi kartorshkara muhtaram Vaziri kishovarzi dodabud to joe man medonam Janobi Hotamov dar in kursi mohi Mart nishasta bud , hisobot boshad dar nohi Yanvar gufta shuda bud...

Darvesh
I mardak ba fikrum zaday sukhan kardestay!!!! Prikola bin pusid ;) Lahzahoi Guvorrrro davom dorad!!!!

донишчу
хисоботи чаноби хотамовро дуруст буданашро наметавонам тасдик кунам амо уро аз наздик мешиносам хар вакти корамон ба эшон меуфтод саъй мекард корамонро дар дарачаи авал анчом дихад ба назарам аз дигар мансабдортн бо доштани хислати хуби фарк мекунад.

Далатали Хотамов! Руят сиёх бо хамин гапи дуругат. Ту бесаводи аз хамон вазири хам гузаронди. Агар акл медошти пеш аз он ки картошка пусид мегуфти як бор аз ягон дехкон мепурсиди ки Ако оё картошка дар зимистон ё бахор хам мепусад? ана баъд бо хамон гушхои мефахмиди ки вакти пусиши картошка тобистон мебошад ва ба он вазири ки мисли келинчакхо доимо аз паи орову торо додани худаш аст мегуфти ки президетро фиреб кардан ин хиёнат аст.

Расул
Хонаи Косим Рахбар дар назди бозори Панчшанбеи шахри Хучанд на кам аз 18 кондитсионер дорад. Давлат хамон хонаро гирад, скдали оличаноб, картошка намепусад! Хотамов! Нагзаш хап мекарди.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)