Бахшҳо
17 июл 2014 13:49Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Таъхири шиносномадиҳӣ дар Бадахшон: Сӯхтор ё мушкили сунъӣ?

Сайф Сафар, рӯзноманигор

Сокинони Бадахшон мегӯянд, беш аз як моҳ аст, ки наметавонанд шиносномаҳои дохилӣ ва хориҷӣ гиранд.

Алим Шерзамонов, фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Бадахшон дар суҳбат бо “Озодагон” ин нуқтаро тасдиқ карда, афзуд, ки худаш низ ба мушкили гирифтани шиносномаи дохилӣ рӯбарӯ шудааст. Ба гуфтаи Шерзамонов мақомот далел пеш меоранд, ки дар Хоруғ барӯйхатгирии аҳолӣ ҷараён дорад ва то моҳи сентябр мушкилоти гирифтани шиноснома бартараф хоҳад шуд.

Ин ҳолат замоне сар задааст, ки дар Бадахшон низ ба далели манъи шиносномаҳои дохилии Тоҷикистон зимни рафтуомад ба Русия талабот ба шиносномаҳои хориҷӣ зиёд шудааст. Инчунин ин ҳолат кори довталабонеро, ки нияти таҳсил дар кишварҳои хориҷӣ доранд, мушкил кардааст.

Як корафтода аз ноҳияи Шуғнон, ки ба мушкили гирифтани шиносномаи хориҷӣ дучор шудааст, ба “Озодагон” гуфт, бо вуҷуди пардохти маблағ қариб як моҳ боз наметавонад, шиносномаашро гирад: “Ба мо гуфтанд, ки 225 доллар ва 100 сомонӣ пардохт кунед ва дар муддати аз 3 то 8 рӯз шиноснома омода мешавад. Ман ин маблағро ба Амонатбонк пардохтам ва расидашро ба ҳуҷҷатҳои дигар ба мизи шиносномадиҳӣ пешниҳод намудам. Аммо бо гузашти чанд ҳафта аз шиноснома дараке нест. Ба ман то санаи 20-уми моҳи июл барои гирифтани раводид шиносномаа лозим аст. Ҳоло ин фурсатро аз даст медиҳам.”

Ба гуфтаи ин мусоҳиби “Озодагон” масъулини мизи шиносномадиҳӣ далели таъхиркориҳояшонро шарҳ намедиҳанд: “Қаблан ба мо гуфтанд, ки вобаста ба муҳлати гирифатани шиноснома аз 75 то 225 доллар супоред. Гуфтанд 75 доллар барои то 25 рӯз, 150 доллар барои то 15 рӯз ва 225 доллар бароито 8 рӯз бояд пардохт шавад. Ҳоло на шиносномаро гирифтаем ва на маблағҳоямонро бозпас гирифта метавонем.”

Дар Раёсати умури дохилии Бадахшон ҷой доштани чунин вазъро тасдиқ карда, афзуданд, ки далели надодани шиноснома нобуд шудани ҳуҷҷатҳои шаҳрвандон дар натиҷаи сӯхтори биноҳои мақомоти қудратӣ дар қазияи ахири шаҳри Хоруғ аст. Мусоҳиби “Озодагон” изҳор дошт, ки “феълан дар шаҳри Хоруғ бақайдгирии аҳолӣ рафта истодааст. Ҳар гоҳе, ки ин раванд ба охир мерасад додани шиносномаро шурӯъ мекунанд”.

Ин мушкилӣ дар ҳоле сар задааст, ки Русия, ки манбаи даромади аксари шаҳрвандони Тоҷикистон аст, сар аз 1-уми январ рафтуомад бо шиносномаи дохилии Тоҷикистонро манъ намудааст. Ин қарор боис шудааст, ки бисёре аз сокинони Бадахшон низ ба хотири гурез аз мушкилӣ зимни сафари Русия талош доранд, то шиносномаи хориҷӣ гиранд. Аммо бо вуҷуди давутоз ва сарфи вақту нерӯи зиёд сокинони вилоят наметавонанд шиносномаҳо гиранд.
Мӯҳр
Ачаб одамое худатон гунахгоред хамаро оташ задед анакнун чимшинед ича худатон гунахкоред мардуми бадахшон.

Алим Шерзамонов, хонаи милисара ки алов зади ай кучо туда шиноснома метан. дар вактуш фикр кардан даркор буд

ман
Натичаи оташзадантон ана хамин да, бисёр хуб шудааст, ки натичаи оташсузиро худи мардуми Бадахшон дар худ эхсос мекунанд!!!

Точики Бадахшон
"Аз мост, ки бар мост....." Хамаи он мушкилоте, ки имруз мо дар раванди шиносномагири бо он ру ба ру шуда истодаем, махсули амалхои содирнамудаи худи мост.........Ин аст самараи тарбияи мо, фарзандони худро дар хамин рухия тарбия намудем. Албатта, на хамаи корафтодагон гунахкоранд, вале аз хисоби амалхои ночои анчомдодаи чанд нафар имруз хамагон дар банди мушкилот афтодаанд......... Чи бояд кард??????????????

точик
Фабрикаи чавоб хичи айби дига наёфтен, авал равен саволои у занаки шахритусира чавоб бтен баъд гап зане

Алим Шерзамонов худат гунахкори нооромихои ВМКБ хасти.Аз руи накшахои тартибдодаи хочагони берунаат амал карда, намегузори, ки Ватанамон ором бошад. Соли 2012 ноороми карди, чандин чавонон чавонмарг шуданд, бас набуд, ки боз сар карди. Хочагони беруна аз манфиатхои шахсии ту барин ватанфурушон истифода бурда, Точикистони моро намегузоранд, ки сокинонаш осуда бошанду, вазъи иктисодиаш таракки кунад...ШВКД-и Хоругро алов задед, боз даъвои гирифтани шиносномаро доред. Дар биное, ки хамаи хуччатхо ба коми оташ фуру рафт...

пашпурт
махсусбарои паспортбизнес нагма карда истодиян. Да Хоруг сухта бошад,чаро дар ноыияыо намедиянд

ин ношудагии хукуматамон.ин сухтори шкд хоруг бахона.дар тамоми чумхури хамин хела проблемаай .дар кулоб паспорти хоричира намедиханд ин хам чи сабаби сухтори хоруг ай чи .паспортбизнес кадестан ин хукуматдорон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)