Бахшҳо
17 июл 2014 14:15Тоҷикистон / Сиёсат

Эътимодномаи Маликшо Неъматов ба Гаук дар қасри Белвю

Маликшо Неъматов, сафири тозатаъини Тоҷикистон дар Олмон, эътимодномаи худро ба раиси ҷумҳури он кишвар -- Йоахим Гаук супурдааст. Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, ин маросим рӯзи 16 июл дар Қасри Белвюи шаҳри Берлин сурат пазируфт.

Дар оғози суҳбат раиси ҷумҳури Олмон Маликшо Неъматовро ба шурӯи фаъолияти дипломатиаш табрик гуфта, изҳори бовар кардааст, ки ӯ ба рушди муносибатҳои дуҷониба мусоидат хоҳад кард. “Дар рафти сӯҳбат ҷонибҳо қаноатмандии худро аз сатҳу сифати муносибатҳои ҳар ду кишвар изҳор намуда, дар бобати таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Олмон дар самти тиҷоративу иқтисодӣ, илмию техникӣ, маорифу тандурустӣ, фарҳангиву гуманитарӣ ва дигар самтҳои мутақобилан судманд табодули назар карданд”,-навиштааст торнамои Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон.

Маликшо Неъматов дар лаҳзаҳои аввали таъин шуданаш ба мақоми сафири Тоҷоикистон дар Олмон гуфта буд, ҳадафаш муаррифии кишвар дар қораи Аврупо ва ҷалби ҳарчи бештари сармоя ба Тоҷикистон мебошад. Ҷаноби Неъматов, ки ба ҳайси раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ кор мекард, рӯзи 11 июни соли ҷорӣ бо фармони раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон сафири нави Тоҷикистон дар Олмон таъин гардида, курсии худро дар ихтиёри Аҳтам Абдуллозода гузошт.

Неъматови 45-сола зодаи шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон буда, аввал Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро бо ихтисоси филолог-шарқшинос ва баъдан Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст. Ӯ фориғуттаҳсили Академияи хидмати давлатии Русия мебошад. Ӯ аз соли 2007 ба ин сӯ раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон буд ва ҳамзамон ба ҳайси муовини президенти Кумитаи миллии олимпӣ кор мекард.
Мӯҳр
Хадафи аслии Маликшо Неъматов ин омода намудани замина барои чисман бартараф намудани Додочони Атовулло мебошад.

Хушназар
Ба Маликшо барор мехохам. Худочон ягон чавонмарда беигбол накунад.

точдор
Кай хамин макомоти точикистон дипломат мешуда бошанд, дар таги костюми Маликшо ин чи аст ки гангаш бо костюмаш фарк дорад? мегуи ки ягон сарбоз дар пеши командираш смирна истодааст. магар ин дипломатия аст. илтимо ватке химн бачахакора ай "боло" чамъ карда меоред аввал дарси дипломатияро хононда баъд ягон кишвар диамгири фиристед охир ки шарманда шудем обру намонд...

Холдон
Дустам хар як либоси расмии кабулшуда ба худаш фасон ва ин либосхо дар мувофика бо протоколи хамон давлат дастрас мешавад. Ин дар мо хама якранг. Маликшо фарзанди баномус АСТ. Бахил хеч камбуди наефт мегад думи сагат кач АСТ.

ап
Як токии точики пушад намешавад хамон сари урёнашро пушонад.

Охир Маликшох ба забони давлати фикри худро баён кардан наметованад, дар кадом асос уро ба ин вазифаи масъулиятнок таъин намуданд. Хастан чавонони босавод, аз сиёсат бохабар, барои чи онхоро таъин намекунанд?

бофахм
Бехтарин йигитай акаи Маликшо модарзод дипломатай. арзандаай. Гури бахил торикай, худо кушоиши корша тия.

точдор,
Маликшо бояд сюртук мепӯшид. Сюртуки якранге, ки барои маросими ин гуна вохӯриҳо дар назар дошта шудааст. Онро cut away мегӯянд. Ба фикрам "мушовирони" гӯспандчарронаш (аз филми Ҳазрати Юсуф) ба ӯ ин чизро маслиҳат надода, хизмати хирсона кардаанд ё худашон низ аз ин чиз бехабар будаанд. Ин аз сатҳи таҷриба ва дониши кормандони сафорат далолат медиҳад. Маълум аст, охир! Мо медонем, кадрҳо чи гуна ба вазифаҳои ҳукуматӣ "интихоб" мешванд. Ҳеҷ гуна! Фақат таға! Ба Маликшо як роҳ аст: А БАЧА, БХЫ БГАРД! Немиса исы наёрки, бо мора кор ёд ната. Мода ҳаму ырис хуб будки ҳама кора хдиш мекард. Зур буд ҳаму вақто! БЗА БГАРД!

Чавон
як лахза тасавур кунед бо забони олмони сухан гуфтани Маликшоро ))))))

Хушназар
Барои дипломат ва фиристода ин пеш аз хама аклу фаросат дониш ва чахон бини васеъ мухим аст ва дар баробари инхо ватандусту ватанпараст ва бонангу номус будан зарур аст. Хамаи ин хислатхоро акаи Маликшо доро АСТ. Хоксор аст ва дилсуз АСТ ва бо мехнати халолаш ба ин зинахо расидааст. Иншоллох муваффак мешавад.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)