Бахшҳо

Вазир: Ифшои ҷинояткории “муллоҳо” талаби мардум аст (ВИДЕО)

Рамазон Раҳимзода, вазири умури дохилии Тоҷикистон, дар нишасти матбуотии 18-уми июл дар Душанбе махсус роҳандозӣ шудани “шикор”-и муллоҳо дар кишварро рад карда, изҳор дошт, ки “ин чорабинии муқаррарӣ аст”. Раҳимзода гуфт, “ин чи хел шикор аст, ки онҳо ҷиноят содир карда истодаанд. Рӯирост ноболиғон ва хоҳару модарони моро фиреб мекунанд.”

Вазири умури дохилии Тоҷикистон таъкид кард, ифшои ҷиноятҳои “муллоҳо” бештар бо арзу шикоят ва талаби мардум сурат мегирад: “Ҷабрдидаҳо зиёданд. Вақте мо чанд чунин ҷиноятро ошкор кардему тариқи телевизион намоиш додем, мардум хоҳиш намуд, ки бештар чунин ҷиноятҳоро ошкор кунем, то фирефтаи чунин афрод камтар шаванд.”

Ин дар ҳолест, ки ахиран мақомоти қудратӣ тариқи телевизионҳои давлатӣ наворҳоеро ба намоиш гузоштанд, ки ин ё он нафар, ки ба ҳайси “мулло” муаррифӣ мегардад, амалҳои шаҳвонӣ анҷом медиҳад. Ба ин монанд, дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар Интернет ҳам филмҳое бо номи “Нури наҳзат” пайдо шуданд, ки худро бахши амнияти дохилии Ҳизби наҳзати исломӣ гуфта, наворҳои ошкори фаҳшро нишон медиҳанд. Масъулони Ҳизби наҳзати исломӣ мутааллиқ будани студияи “Нури наҳзат” ба ҳизбашонро рад карда, онро кори дасти мақомот донистанд, ки гӯиё барои бадном кардани ҲНИТ ва аъзои фаъоли он роҳандозӣ шудааст. То ин дам Шӯрои уламои Маркази исломӣ ва Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Тоҷикистон наворҳои “Нури наҳзат”-ро танқид карда, роҳ наёфтани он ба интернетро хостаанд.

Видеои суҳбати Раҳимзода дар бораи боздошти "муллоҳо"
Мӯҳр
рохрав
ин сад дар сад шикори муллохо ва бадном кардани мусалмонон аст, вагарна барои чи он касонеро ки бо беш аз 500 фохишае ки худатон онхоро дастгир кардаед, фвхшу зинокор мекунанд, фош накардед? агар рост мегуед чаро мансабдоронеро, ки духтаракни 18т то 25 соларо ба доми худ хамчун котиба кабул карда баъди истифодаи ду со мох аз кор пеш мекунанд ва боз навбати дигараш. барои чи дуруг мегуед? баъд инки дархости мардум аст, ин хам дуруг аст, агар рост мегуед дархости мардум ин аст ки мансабдорони фохишабозро кани расонаи кунед, намекунед. дуруг хам хад доштагист охир

ИН ХАМА ТАХКИР ДАР ДИН АСТ ВА ГАР НА ИН ХЕЛ ИНСОНРО БАРЕН НЕСТУ НОБУД КУНЕД ДАР БАЙНИ МАРДУМ НИШОН НАДИХЕД МОНАНДИ ИН ЧИНОЯТ ДИГАР ЧИНОЯТХО БИСЁР СОДИР МЕШАВАД ЧАРО НИШОН НАМЕДИХАНД

инсон
Чаноби вазир ин дархости кадом мардум аст?
Мардуме ки ба шумо аз кори милисахоятон шикоят карданд онхо мардум нестанд?
ЧАноби вазир нахандонед, охир шумо мардумро кай ва дар кучо дидед?
Ааааа мебахшед шумо мардум гуфта шахси болоро дар назар доред. Албатта у хаммардум аст хам миллат аст хам хукумату ватан аст. Шумо ана хамон мардумро дар назар доред ха?
Ё инки мардуми русияву яхуд инро аз шумо талаб карданд?

Чунки мардуми мо аз муллохо дида аз дасти гаихову милисахои шумо ба чон омадаанд. Худатон хуб медонед ку. Имруз барои мардуми камбагал аз хама хатари калон факат 2 гурух хисоб мешавад яке милиса дигараш духтур.
Барои хамин имруз ин дуои маъруфи хар як точик аст. Худо хечкира мухточи духтуру милиса накунад.

салмон
ба шумохо ки бовар дорад дархост карда бошан шумо кай ба дархости ягон кас икадар зуд расидаед шарм доред вазир расули амонулора 120 сомони тамом кораш ба шумохон гап бефоида мислеки ба гуши кар азон чи лозим

салмон,
Вазири номухтарамю

Шумо магар шарм на медоред ки ин кадар дуруг мегуедю Кадом мардум шуморо пурсида бошад. Шумо медонед, ки мардум ба дод омадааст аз дасти ин хукумату ин хел рохбархо. Барои чи шумо росташро намегуед ва ки бв шумо хак додаст ки дар шахр мутари шуморо мошинхои БДА хамрохи мекунанд ва пеш аз омадани шумо вохима то хато одамонро аз рох гузаштан намемонанд ки вазир меояд. Магар шумо намедонед ки ягон руз мерасад ва шумо аз ин вазифа сабукдуш мешавед ва дар назди хамон мардуме ки шуморо илтимос карданд мулохоро нишон дихед чавоб мегуед. Ман хар гиз ин хел мулохои чодугарро тарафдои намекунам. Шумо аз кучо пул ефта ин хел хона бохашамат сохтед ва аз руи кадом конун милиса хонаи шуморо каравули мекунад. Барои чи командони шумо кариб 70-8- % аз нохияхои Хатлон ва Кулоб хастандю Ман хеч гох махалчи набудам ва нестамю Ман мехохам ки одамони поквичдон ва донишманд кор кунанд. Шумо як бор ба БДА равед хайел мекунед ки шумо ба Бозори Шохмансур рафтед, чун ки хама чиз фурухта мешавад ва юе пул ягон кори халки бечора ичро намешавад. То кай шумо халки бечора ро дуруг мегуед бовар кунед хамаи ин вакташ мебиеяду хамаи шумо чавоб мегуед.

ин шармандаги аст вакте кишри рухониро дар телевизонхои давлати беобуру мекунанд охир ин бозихоро хатто кудак медонад чаро то имруз набуд ва танхо як чанд муддат пеш аз интихобот пайдо шуданд. мардума фиреб накунед мулохо чунин нестанд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)