Бахшҳо
18 июл 2014 12:58Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Ҳалокати 287 нафар аз СПИД ва сабти 132 бемори нав

Раёсати тандурустии вилояти Суғд мегӯяд, дар шашмоҳаи аввали соли равон 132 нафар бемори нави СПИД ё худ вируси норасоии масунияти одамро ошкор кардаанд, ки аз ин 15 нафарашонро ноболиғон ташкил медиҳанд.

Собир Собиров, сардори Раёсати тандурустии вилояти Суғд зимни нишасти хабарӣ дар ҷамъи рўзноманигорон гуфт, миёни мубталошудагони нав 73 нафар мард, 59 нафар зан ва 15 тани дигар ноболиғон мебошанд: “Аз шумори умумии беморони тозасабтшуда 57 нафарро афроди синни 30-39-сола дар бар мегирад, ки аз ин теъдод 17 нафар тариқи сўзандору, 99 кас ба воситаи алоқаи ҷинсӣ, 12 нафар аз модар ба кўдак ва боз 4 тани дигар бо роҳи номаълум аз ин беморӣ сироят ёфтаанд”.

Манбаъ афзуд, ки дар қаламрави вилояти Суғд аз замони ошкор гаштани шахси гирифтор ба ин беморӣ дар соли 2001 то аввали моҳи июли соли равон 1 ҳазору 194 нафар ашхоси мубтало ба ВИЧ/СПИД ба қайд гирифта шудаанд ва тўли ин солҳо 287 нафар аз ин беморӣ ба ҳалокат расидаанд.
Мӯҳр
5
Ужас бо ин раванди гуломи ба русие хама мурда мераванд чи бало.

Шаҳрванд
Ин рақамҳо шояд бештар ҳам бошад, зеро дар Суғд, махсусан Хуҷанд фаҳшо хеле ривоҷ дорад. Худованд мардуми моро ҳифз кунад.

33
Минздрав бо ин проблема чи гуна мубориза мебарад?ое чгон пешгирии ин касали вучуд дорад ки мардум пахнкунандаи ин дард нашаванд?Масъулон магар кор карда истодаанд?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)