Бахшҳо

Нуқтагузорӣ баъди омӯзиши 4-солаи Роғун дар Алмаато

Ҳафтаи равон мулоқоти ниҳоии намояндагони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои мубодилаи иттилоот дар мавриди нерӯгоҳи Роғун дар шаҳри Алмаато ба анҷом расид.

Тибқи иттилоияи Бонки ҷаҳонӣ, ки ташхиси байналмилалии Роғун зери назорати он гузашт, дар ҳамоиши Алмаато намояндагони Тоҷикистон, Узбакистон, Қазоқистон, Туркманистон, Афғонистон ва Қирғизистон лоиҳаи хулосаи ниҳоиро дар мавриди Роғун мавриди баррасӣ қарор доданд: “Лоиҳаи хулосаи ниҳоӣ дар мавриди асоснокии техникӣ-иқтисодии Роғунро консорсиюми «Coyne & Bellier» ва ҷанбаи экологӣ-иҷтимоиро «Poyry Energy Ltd.» таҳия кардаанд. Иштирокдорони ҳамоиш масоили вобаста ба амнияти садди Роғун, идораи захираҳои обӣ ва истифодаи обанбор, таҳдидҳои экологӣ ва дигар пайомадҳои эҳтимолии нерӯгоҳро мавриди баррасӣ қарор додаанд."

Анна Берде, мудири Бонки ҷаҳонӣ оид ба стратегия дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ мулоқоти Алмааторо нуқтаи ниҳоии омӯзиши мустақили нерӯгоҳи Роғун аз ҷониби коршиносони байналмилалӣ дар давоми 4 сол гуфта, таъкид намуд, ки ташхиси нерӯгоҳ бо татбиқи пешрафтатарин таҷрибаи ҷаҳонӣ амалӣ шудааст.

Ӯ афзудааст, ки хулосаи расмӣ ва ниҳоии ташхиси байналмилалии Роғун моҳи август баъди таҳлилу барррасии пешниҳодҳое, ки дар Алмаато ироа шуданд, нашр мегардад.

Бонки ҷаҳонӣ бо такя ба лоиҳаи хулосаи ниҳоӣ дар мавриди Роғун мегӯяд, бо назардошти ҳисоботи коршиносони байналмилалии мустақил бунёд ва истифодаи нерӯгоҳ имконпазир аст, агар дар ин раванд меъёрҳои байналмилалӣ риоя шуда, пешниҳодҳои дахлдори коршиносони байналмилалӣ ба назар гирифта шаванд: “Лоиҳаи аввалия такмил дода шавад ва низоми назоратие таҳия гардад, ки аз замони сохтмон то истифодаи нерӯгоҳ фаъолият кунад.”

НБО-и Роғун дар масофаи 110 километр дуртар аз Душанбе сохта шуда, дар он насби 6 агрегати иқтидори ҳар якашон 600 МВт ба нақша гирифта шудааст. Баландии сарбанди Роғун, ки мояи асосии норозегии Узбакистон шудааст, тибқи лоиҳаи НБО бояд 335 метрро ташкил дода, ҳаҷми обанбори нерӯгоҳ ба 13,3 километри мукааб баробар хоҳад шуд. Интизор меравад, ки ин нерӯгоҳ Тоҷкистонро аз кишвари ниёзманд ба содиркунандаи нерӯи барқ табдил диҳад.
Мӯҳр
Мухаммад
Ба тамоми мардумам табрик мегуям ба пеш ба суи ояндаи дурахшон.

Самандар
Кори мо хак аст, мо ба пирузй мерасем!!!

Зафар.
Худованди бузург дар ин мохи Шарифи Рамазон барои мардуми Точикистон дасти кумак дароз кард.Бошад, ки Ватани азизи мо аз ин неъмати худодод бахравар шавад.Ин хабари некро барои тамоми мардуми кишварамон муборакбоди мегуям.

шахрванд
ман пеш аз хама президенти кишвар Эмомали Рахмонро табрик мегуям..инчунин ба хамаи мардуми Точикистон муборак...иншооллох Рогунро месозем..Рогун хаети мост..Мухаммад,

Муборак бошад! Пешниҳод мекунам: бо ба итмом расидани нахустин мошини (агрегати) Роғун дар пойтахти мамлакатамон шаҳри Душанбе сохтмони МЕТРО оғоз гардад, зеро шумораи мошинҳо ҳама гуна ҳадро гузаштааст ва аз як тараф ба тарафи дигар рафтан вақти зиёдеро дар бар гирифта истодааст. Нахустин хати метро бояд аз 9 километраи Душанбе то қисмати бозори Корвон сохта шавад. Пас аз он оҳиста-оҳиста дигар хатҳо.

Man ham khushbakht,vale 50 ba 50,zero to avgust uzbekhoi ''barodar" boz yagon ''SIM SALABIM AKHALAK MAKHALAK"-ashonro mekunand....

Халк
Сад сола шавед Чаноби Оли!

Калтакдорони сабз
Рогун- начоти мо. Рогун - истиклолияти мо. Рогун - ояндаи миллати мо.

РОГУН!!! РОГУН!!! РОГУН!!! ояндаи дурахшони Точикистон!!!!

А-а
Агар халол кунанду дузди накунанд хама кор мешавад.

76
Ана аку бачакои болора худо дод. касрсозиву мошинхари сар мешавае.

Инсоф
Албатта ин абари хуб аст, лекин ман фикр мекунам, ки агар мо дар вақташ каме оромтар кор мекардему ин объектро тарғибу ташвиқи камтар карда оҳиста оҳиста месохтем ҳоло хеле корҳо ба анҷом расида буданд. Аксияфурушӣ кардему, рекламаи барзиёди зараровар намуда хотири ҳамсояҳоро парешон намудему 4 сол корро ба ақиб мондем, ҳол он ки дар ин муддат агар як майда дипломатияи хуби иқтисодӣ медоштем шояд ҳоло ду агрегати ин иншоот фаъол мешуд. Хуб нест дар сиёсат эҳсосот. Ва як чиз: Роғун ин номуси миллат нест, наметавонад объети инфрасохтори инъикоскунандаи номуси миллат бошад, он танҳо як объекти энержӣ асту халос, илтимос ба эҳсосот дода нашавед, миллати мо номусаш вобастаи ягон тарҳи иқтисодӣ нест. Дигар масъала он аст, ки барои сохтани он маблағи хеле зиёд лозим аст, то фазои сармоягузорӣ беҳ нашавад ягон давлат ва ё ширкат маблағ нахоҳад дод, баъдан агар мо як менеҷменти бақуввати инженерию иқтисодиро медоштем кишвари мо ба яке аз абарқудратҳои энержии минтақа мубаддал мегашт. Кадрҳои инженериро тарбия кунед, то ба камолот расилани онҳо аз хориҷа киро кунед бо маблағи гарон ҳам бошад.

Мо ин объекти мухимро бояд созем, чунки пас аз ин мо истиклолияти энергетикиро ба даст оварда, пас аз он аз хисоби фуруши кувваи барки истехсолшуда, иктисодиёти худро баланд мебардорем. Албатта ин пешравихои мо ба давлати хамсояи мо маъкул нест, бинобар ин бо хар роху восита мехохад, барои бунёд нашудани Рогун аз тамоми имкониятхояш истифода барад. новобаста аз ин мардуми точик бояд рухафтода нашаванд, зеро чи хеле мегуянд, поёни шаби сиёх сафед аст, солхои наздик Рогун бунёд шуда, хонаи хамаи точиконро чарогон карда, чашми бадбинони давлату миллатро кур хохад кард.

Инсоф,
Суханони ҳақро задед. Вале Тоҷикистон ҳамин ҳозир бо он маблағи ҷамшуда метавонад ақаллан як мошини Роғунро ба кор дарорад, ки мушкилоти барқ хеле сабук мешавад. Роғун иншооти яксолаву дусола нест. Барои пурра сохтани он воқеан ҳам маблағи хеле калон ва мутахассисони соҳа даркор аст. Сохтмон марҳила ба марҳила 20 солро дар бар мегирад. Ба шарте мамлакат амн (ором) бошаду душманон боз як дасисаи дигарро ба нақша нагиранд. Бисёр инженерҳои мо ба Русия рафта, кӯчарӯбӣ мекунанд. Ман аз ҷарроҳон, ҳуқуқшиносон хабар дорам, ки дар Русия дар сохтмонҳо кор мекунанд. Онҳоро бояд ҷамъ кард. Ҳукумат ва мардум бояд дӯши ба дӯш фаолият бикунанд. Ҳукумат бояд аз диктатура даст кашад ва ислоҳоти сиёсӣ гузаронад. Он вақт халқ аз ҳукумат пуштибонӣ хоҳад кард ва дастаҷамӣ зидди душманони дохилӣ ва хориҷии мамлакат мубориза хоҳад бурд. Гузаштагон беҳуда нагуфтаанд: "БАРОИ ПОДШОҲИ ОДИЛ РАЪИЯТ (ХАЛҚ) ЛАШКАР АСТ!" Барои пошоҳи золим бараъкси он аст.

Табрик мекуниву Чура чарога наметиян мардумда

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)