Бахшҳо
21 июл 2014 10:19Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Раиси Кумитаи андоз: Ширкатҳои мобилӣ қонуншиканӣ мекунанд

Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон, мегӯяд, ҳангоми санҷиш қонуншиканиҳои зиёдеро аз ҷониби ширкатҳои мобилии кишвар ошкор кардаанд. Давлатзода, ки дар нишасти хабарии 21 июл суҳбат мекард, аз ҷумла ширкати мобилии Бабилон (Babilon)-ро мисол овард, ки, ба гуфтаи ӯ, нархномаҳои таъинкардаи Хадамоти зиддиинҳисории кишварро риоя накардааст.

Ӯ гуфт, талош доранд, аз ин ширкат 341 миллион сомонӣ қарз ситонанд ва дар ин замина бо Бабилон баҳси додгоҳӣ низ доранд. Раиси Кумитаи андоз илова намуд, дар ширкатҳои Тселл ва Мегафон (МЛТ) низ камбудҳоро ошкор кардаанд, аммо аз ифшои ҷузъиёти бештари он худдорӣ намуд.

Дар маҷмуъ, ба гуфтаи Нусратулло Давлатзода, феълан бо андозсупорандагон барои 800 миллион сомонӣ қарзи баҳснок вориди мурофиаи додгоҳӣ шудаанд, ки аз ин 519 миллион сомонияш ба шашмоҳаи аввали соли равон рост меояд.
Мӯҳр
Андозсупор
Мардуми Точикро берахмона горат кардаанд. Маълум мешавад, ки хамаи сирру асрор фош мешудааст.

Муаллим
Вавилон ҳаққи мардумро мехӯрад. Бигузор ҷазояшро бинад. Масалан аз мн, ки тарифи активный дорам як SMS равон мекунам -се-чорто кам мекунад. Ду дақиқа гап мезанам - 5 дақиқа кам (минус) мекунад. Ҳамин аз 450 мин. ман то 300 тоша гап зада наметавонам. Ана акнун комтети андоз ҳамин пулҳои маро аз Бабилон меситонад. Ҳақ ба ҳақдор мерасад!

Банда
Аввалан эхтироми калони худро ба рохбарият ва кормандони ин сайт мерасонам.Яъне истифода аз хизматхои ин сайт мо истикоматкунандагони Точикистон новобаста аз кавму миллат аз холат ва проблемахои рузмаъра бохабар мегардем. Дар навбати худ аз хамватанони азизам эхтиромона хохиш менамоям,ки фикру мулохизахои худро дар торномахои шабакаи интернет дидаву санчида кайд намоянд,зеро бадном кардани касе ва ё ширкате кори осон аст, аммо химоя намудани онхо аз навиштачотхои бардуруг кори чавонмардон аст.Ширкати ЧСП "Вавилон-М" яке аз ширкатхои милли ба хисоб меравад,аз тарафи дигар бючаи давлатро махз чунин ширкатхои милли гани мегардонанд.Аз ин лихоз аз макомотхои дахлдор хохиш менамоям,ки ба хотири баланд бардоштани сатхи зиндаги дар Точикистони азизамон бо натичабанди ва хулосахои баровардаи Кумитаи андоз чидди амал намоянд.Бигузор хак ба хакдор расад.

Азиз
Дар хайрат мемони барои чи милион нафарони Точик дар Россия кор мекунанд. Сабаб он аст ки ширкате ки Ватани ба мисли Бабилонро карздор мекунанд ва мардуми Точик боз дар рох мемонад, боз кашок ва мухочир шуда ба дигар давлатхо сафар карда хамчун сохтумончи кор мекунанд. Магар намешавад, ки Ватани Худро Обод Кунем!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)