Бахшҳо
21 июл 2014 14:37Тоҷикистон / Иқтисодӣ

“Даст”-и Кумитаи амният дар баҳси Кумитаи андоз бо “Манзили дастрас”

Роҳабарияти Кумитаи андози Тоҷикистон мегӯяд, “Манзили дастрас”-ро, корхонаи таъсисдодаи шаҳрдории Душанбе барои бунёди хонаҳои дастрас бо дархости Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз санҷиш гузарондаанд.

Нусратулло Давлатзода
, раиси Кумитаи андози Тоҷикистон имрӯз 21-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, зимни санҷиш маълум гардид, ки ширкат бо назардошти ҷаримаҳо дар ҳаҷми беш аз 7 миллион сомонӣ андоз насупоридааст.

Давлатзода таъкид кард, ки ин қарзи ошкоршудаи “Манзили дастрас” то чанд вақти пеш баҳсӣ набуд ва масъулини ин корхона беш аз 1 миллион сомонии онро низ пардохт кардаанд: “Баъдан мумкин барояшон гаронӣ кардааст, ё дигар проблемаҳо пайдо шудааст, ё касе ба онҳо маслиҳат додааст, ки дигар пардохт накарданду ба суд муроҷиат карданд”.

Раиси Кумитаи андоз дар мавриди омилҳои сар задани ин баҳс гуфт, дар мо баъзе шаҳрвандон соҳибкор ё мансабдор мешаванду вазифаю уҳдадориҳояшонро намедонанд ва ҳисобукитоби дурустро ба роҳ намемонанд. Ӯ гуфт, фаъолияти корхонаи воҳиди давлатии “Манзили дастрас”-ро тайи солҳои 2012, 2013 ва 3 моҳи 2014 санҷидаанд: “Ин ширкат ҳаҷми муомилоташро тайи ин муддат 1 миллиону 646 ҳазор сомонӣ нишон дода, аз ин 335 ҳазор сомонӣ андоз пардохт кардааст.”

Дар ҳоле, ки ба гуфтаи Давлатзода ин корхона тайи ин муддат ду биноро ба истифода додааст, ки масоҳати он 33 ҳазор метри кадратӣ буда, дар шаҳрдорӣ ба арзиши 36 миллион сомонӣ ҳуҷҷатгузорӣ шудаанд: “Аз рӯи ин ҳисоб агар 36 миллионро ба масоҳати бино тақсим кунем, 221 доллар сари ҳар метри мураббаъ мебарояд. Аммо аз шаҳрвандон дар маҷмуъ 69 миллион сомонӣ ҷамъ кардаанд, ки сари ҳар метри мураббаъ 425 долларӣ рост меояд. Акнун худатон қазоват кунед, 1 миллиону 600 ҳазор куҷою 36 миллион куҷою 69 миллион куҷо?.”

Бо вуҷуд раиси Кумитаи андоз афзуд, ки дар ин қазия ҳар қарореро, ки суд содир мекунад иҷро хоҳад шуд ва ангезаи дигаре нест.

Ин дар ҳолест, ки роҳбарияти Корхонаи воҳиди давлатии “Манзили дастрас”, изҳор медорад, ки дар пойтахт як метри мураббаи манзили зистро бо нархи миёнаи 500 доллари амрикоӣ мефурӯшанд, аммо мақомоти андоз аз онҳо бо нархи 700 долларӣ андоз талаб дорад.

Нурулло Наимов, раиси КВД “Манзили дастрас” бо таъйиди ин хабар рӯзи 15 июл ба “Озодагон” гуфт,”як метри квадратии хонаҳои мо аз 300 то 600 доллар, ба ҳисоби миёна 500 долларӣ нарх дорад ва мо тибқи ин нархгузорӣ андоз месупорем. Вале Кумитаи андоз алайҳи КВД “Манзили дастрас” санад тартиб додаасту талаб дорад, ки мо ба ҳисоби 700 доллар сари ҳар метри мураббаъ андоз супорем. Ба қавли масъулини Кумитаи андоз, нархи миёнаи як метри квадратӣ дар шаҳри Душанбе 700 доллар мебошад.”

Наимов таъкид намуд, ки номи корхонаи онҳо “Манзили дастрас” асту нархномаашон низ бояд аз дигар ширкатҳо фарқ кунад: “Масъулини ширкатҳои дигар тоҷиранду болои меҳнати худ фоиз мегузоранду фоида мегиранд. Мо корхонаи давлатием, тоҷир нестем, танҳо ҳаққи хидмат ва маҳсулоти сарфшударо мегирем.”

Корхонаи воҳиди давлатии “Манзили дастрас” аз сӯи шаҳрдории Душанбе барои таъмин кардани сокинони пойтахт бо хонаҳои арзон таъсис ёфтааст. Ҳоло дар хиёбони Синои пойтахт 10 бинои бисёрошёна аз сӯи ин корхона бунёд ёфта истодаанд, ки интизор меравад дар он 900 оила соҳиби хона хоҳанд шуд.

Мӯҳр
Зафар
ба мухтарам коргарон андоз 3-4 2 хучраги хона дихед хамааш 100% мешавад.камбудихо худба худ нест мешаванд!!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)