Бахшҳо
22 июл 2014 09:05Тоҷикистон / Иқтисодӣ

Оҷонсӣ, коррупсия дар вазорат ва "доляситонӣ"-и сардухтур аз табиб

Оҷонсии мубориза бо коррупсия дар Тоҷикистон аз афзоиши фасодкорӣ дар соҳаи тандурустии кишвар хабар медиҳад. Ба иттилои масъулони ин ниҳод, агар дар тӯли соли гузашта аз ҷониби кормандони Вазорати тандурустӣ 38 ҷинояти коррупсионӣ содир шуда буд, дар шаш моҳи соли ҷорӣ ин рақам ба 41 расидааст.

Манбаъ мегӯяд, дар тӯли 19 рӯзи баъди ҷамъбасти фаъолияти нимсолаи вазорат боз 10 ҷинояти вазнин ва махсусан вазнини коррупсионӣ миёни кормандони ин ниҳод ошкор гардидааст. “Рӯзи 16 июл духтури Маркази саломатии рақами 1-и шаҳри Хуҷанд Нормуҳамад Хошаев барои ғайриқонунӣ озод намудани айбдоршаванда Отабек Кенҷаев, аз маҳбасхонаи тафтишотии Хуҷанд аз падари 81-солаи ӯ Аҳмад Кенҷаев бо роҳи қаллобӣ 13 000 доллар талаб намуда, гирифтааст”,-менависад торнамои Оҷонсии зидди фасоди молӣ.

Масъулини Оҷонсӣ мегӯянд, дар Вазорати тандурустӣ кор ба ҷое расидааст, ки худи кормандони вазорат дар бораи ҳаракатҳои коррупсионии роҳбарони бевоситаашон ба онҳо муроҷиат мекунанд. Бар асоси иттилои манбаъ, рӯзи 4 июл Назаралӣ Зиёдалиев, мудири шуъбаи эҳёгарии беморхонаи госпитали ноҳияи Қубодиён, нисбат ба сардухтури ҳамин беморхона Асадулло Худойбердиев оид ба роҳи таъмаҷӯӣ аз ӯ гирифтани 3000 сомонӣ ва боз талаб карда гирифтани 300 доллар бо аризаи шикоятӣ муроҷиат намудааст.

Оҷонсӣ мегӯяд, зимни санҷиш маълум намудаанд, ки Худойбердиев аз кормандони беморхонаи таҳти роҳбарияш тӯли 1,5 сол ҳар моҳ аз ҳар кадоми онҳо тариқи таъмаҷӯи пора гирифтааст: “Аз мудири шуъбаи асаби беморхона Эркин Юсупов ҳар моҳ 500 сомонӣ, аз мудири шуъбаи ҷарроҳӣ Умар Мусурмонов 1000 сомонӣ, аз мудири шуъбаи бемориҳои дил Ғанӣ Қурбонов ҳар моҳ 100 долларӣ, аз мудири маркази хунгузаронӣ Панҷидин Юсупов ҳар моҳ 200 сомонӣ, аз мудири шикастабанди беморхона Холмурод Ойматов ҳар моҳ 900 сомонӣ ва, дар маҷмуъ, 35 ҳазор сомонӣ маблағро ба сифати пора гирифтааст”. Манбаъ мегӯяд, нисбат ба Асадулло Худойбердиев бо моддаи 319, қисми 4, бандҳои «а» ва «в»-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз шуда, ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Мӯҳр
Ҷон
Салом мардуми шарифи Тоҷикистон,

Як чизро мехоҳам қайд намоям. Ман то имрӯз надидам, ки ягон корманди агенти корупсия дар ягон хона иҷора нишини кунад. Ҳамааш на кам аз 2 хона ва 2 ҳавли доран. Пас чаро дигар мардуме, ки 10 сомони аз ягон одам мегиран вайёро дастгир мекунен аа шумо бошед гул мечинед? Чаро як марта Ҷаноби Оли мӯҳтарам Саид Фатоҳро намегуяд, ки ба бачаҳои худат як бор нигоҳ кун? аз куҷо ин қасрҳоро сохтагиян? мошинҳоро аз куҷо харидаги ҳастан?

Дуруст мегуед. Аз кучо дар инхо, яъне кормандони коррупсия ва прокуратура касрхою мошинахои кимматнок. Хамаи ин аз хисоби халки бечора























Чоп кунед











Матолиби ҳамсон:






Вазорати тандурустӣ фасодкории Носировро маҳкум кард






Беш аз 4 миллион сомонӣ барои бунёди беморхонаҳо ҷудо гардид. Дар Хатлон[/quote]

чабрдида
Ана хаминхел мекапаншон , соз мекунад. як дохилшави дар медучилищии райони рудаки ду-2,5 хазор доллар , агенти ина ира бкап, охир дар ин пул университет дохил мешиди, пага ай ин хел студент чи интизор шудан мумкин?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)