Бахшҳо
22 июл 2014 11:06Тоҷикистон / Сиёсат

Таъини генерал Навҷувонов ба мақоми сардори Раёсати дохилаи Бадахшон

Абдулло Навҷувонов, муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон, муваққатӣ сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Бадахшон таъин гардидааст.

Шералӣ Хайруллоев, ёвари раиси ҷумҳур дар умури амният, фармони таъин шудани генерал-майор Навҷувонов ба ин мақомро дар ҷаласаи кории 21 июл дар толори Раёсати умури дохилии Бадахшон эълон кардааст. Хайруллоев гуфтааст, Абдулло Навҷавонов ҳамзамон дар мақоми муовини вазири умури дохилии Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд.

Ёвари раиси ҷумҳур дар умури амният афзудааст, ҳайати шахсии Раёсати умури дохилии Бадахшон бо фаъолияти Абдулло Навҷавонов хуб шиносанд, зеро солҳои тӯлонӣ бо аксари онҳо кор кардааст. Шералӣ Хайруллоев аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Бадахшон даъват намудааст, “алоқаи худро бо сокинони вилоят боз ҳам мустаҳкам намуда, ҳарчи бештар қонунҳои мавҷудаи мамлакатро ба онҳо шарҳу тавзеҳ диҳанд”.

Абдулло Навҷувонови 49-сола аз соли 1991 ба ин сӯ дар мақомоти корҳои дохилӣ кор мекунад. Ӯ қаблан дар Раёсати умури дохилии Бадахшон ба ҳайси сардор ва Агентии назорат бар гардиши маводи мухаддири назди раиси ҷумҳури Тоҷикистон низ фаъолият доштааст.

Файзулло Нозимов
, сардори собиқи Раёсати умури дохилии Бадахшон дар пайи ҳодисаҳои моҳи майи соли ҷорӣ дар Хоруғ барканор гардид. Аз мақом дур шудани ӯ дар қатори барканории раҳбарони Идораи амнияти миллӣ ва додситонӣ дар Хоруғу Бадахшон яке аз талабҳои эътирозгарон буд.


ҲОДИСАИ МОҲИ МАЙИ ХОРУҒ ДАР ЯК САҲИФА
Мӯҳр
хорог
Аз як халос шудем,ба дигараш ёр шудем

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)