Бахшҳо

Таҷаммӯи сокинони Ванҷ дар рӯзи мурофиаи Саодатшо Адолатов (АКС)

Мурофиаи додгоҳии Саодатшо Адолатов, раиси дафтари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) дар Бадахшон, дар ноҳияи Ванҷ идома дорад ва гуруҳи зиёди сокинон дар назди дари додгоҳ ҷамъ омадаанд. Адолатов тақрибан чаҳор моҳи пеш ба иттиҳоми барангехтани адовати динӣ миёни сокинон боздошт шуда буд.

Пайвандони Адолатов рӯзи 22 июл дар суҳбат бо “Озодагон” гуфтанд, мурофиаи додгоҳии раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон 21 июл оғоз шудааст. Ба қавли онҳо, қарор аст, зуҳри имрӯз (22 июл) додгоҳ ҳукми худ алайҳи Саодатшо Адолатовро эълон кунад.

Таҷаммӯи сокинони Ванҷ дар рӯзи мурофиаи Саодатшо Адолатов (АКС)Раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон рӯзи 15 апрели соли ҷорӣ ба иттиҳоми барангехтани адовати динӣ миёни сокинон аз сӯи маъмурони амниятӣ боздошт шуда буд. Боздошти Саодатшо Адолатов дар ҳоле сурат гирифта, ки бист рӯз пеш дар нашрияи расмии ҳукумати вилояти Бадахшон ва рӯзи 5 апрел дар "Ҷумҳурият" бо имзои И.Мироҳаниев дар бораи ӯ мақолаи интиқодомезе ба нашр расида буд.

Муаллиф ва 810 нафаре, ки гӯиё зери ин матлаб имзо гузоштаанд, Адолатовро барои бунёдӣ кардани ақидаҳои асримиёнагӣ ва ҳамнишиниаш бо Ҷумъаи Намангонӣ дар солҳои ҷанги дохилӣ муттаҳам кардаанд. "Ин шахс маломати ҳамроҳӣ бо Ҷумъабойи Намангонӣ - аҷнабии тоҷиккушро дошта, дар солҳои 1995-96 дар шаҳри Кобули Афғонистон дар ситоди Ҳаракати исломии Узбакистон ёру ёвари ин гурӯҳи қаттол будааст",-навишта шудааст дар матлаб.

Адолатов моҳи августи соли гузашта раиси дафтари ҲНИТ дар Бадахшон интихоб шуда, дар ин мақом Муслима Броимшоеваро иваз карда буд. То нооромиҳои тобистони соли 2012 дар Хоруғ ин мақомро марҳум Сабзалӣ Ризоев бар ӯҳда дошт.


Таҷаммӯи сокинони Ванҷ дар рӯзи мурофиаи Саодатшо Адолатов (АКС)

Таҷаммӯи сокинони Ванҷ дар рӯзи мурофиаи Саодатшо Адолатов (АКС)

Таҷаммӯи сокинони Ванҷ дар рӯзи мурофиаи Саодатшо Адолатов (АКС)

Таҷаммӯи сокинони Ванҷ дар рӯзи мурофиаи Саодатшо Адолатов (АКС)

Таҷаммӯи сокинони Ванҷ дар рӯзи мурофиаи Саодатшо Адолатов (АКС)
Мӯҳр
Abdulloh
то кай инхо мардуми бегунохро говсуд мекунанд

Ана натичаи дасисабозию чангандози байни мардум, сиёхкунихои хукумат! Бо хдшона "хомии сулх" мешуморан макомот мо

олим
охир бо махмуди худобехабар хкуматдоро мешиштанд ва уро унвони палковники доданд

ак ҳамаш гапои дyрyғ сафсата тyҳмат нисбати ин шахс. Гyноҳи ин шахс ҳамин аст ки яке наҳзатист ва дигаре ин ки гапи ҳақро нотарсона мегyфт. Барои давлати мо инхел инсонҳои ҳақҷy лозим нестy бо тyҳматҳои беасос инҳоро дар зиндонҳо меандозанд. Агар соли 95-96 бо гyрyҳои муджаҳид ҳам бyда бошанд, бади ин солҳо сyлҳ шyдy аз гyноҳи якдигар гyзашт карданд. Ин магар хиёнат ба созишномаи сyлҳ нест.

мирзо
ЛАЬНАТУЛЛАХ ИН АМАЛРО ДАР КАФО
РАХМАТУЛЛАХ ОН АМАЛРО ДАР ВАФО
КОРИ ПОКОН РУШАНИЮ ГАРМИ АСТ
КОРИ ДУНОН ХИЛАВУ БЕШАРМИ АСТ......

Эй ба худо қасам ин як шармандагист нахо як одамро бе ягон гуноҳ бурда суд куни .. ҳеҷ айбашро ки найофтан дигар як туҳматҳоеш кардан ки инсона ханда мегирад..
Тоҷикистон руз ба руз ба тарафи пасти рафтаистодааст.

салам
АДЛОЛАТОВ ШАХСИ ЧАСУРУ МУЬМИН АСТ! ХУДО МУХОФИЗИ ТУСТ БАРОДАР ИН ХАМА ИГВО ЗИДДИ АКИДАИ ПОКИ УСТ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)