Бахшҳо

Усмон Қаландаров: “Муносибат бо Узбакистон гармтар шудааст”

Усмон Қаландаров, муовини раиси корхонаи Роҳи оҳани Тоҷикистон, мегӯяд, мақомоти Узбакистон мисли гузашта мусофирони қаторҳои кишварро ҳангоми убури марзашон бисёр азият намекунанд. Ба қавли ӯ, ҳоло вазъ ба таври мусбат тағйир ёфта, барои аз ин ҳам беҳтар шудани кор онҳо бо ҷониби Узбакистон гуфтушунид доранд.

“Раҳбари ҳозираи Роҳи оҳан бо онҳо дар тамос аст. Рӯзҳои наздик роҳбарияти Роҳи оҳани Тоҷикистон бо масъулони Роҳи оҳани Узбакистон вомехӯранд. Ин мулоқот натиҷаҳои хуб медиҳад. Дар моҳҳои июн ва июл боркашонӣ зиёд шудааст. Умед дорем, муносибатҳо боз хубтар шуда, мушкилоти дигар низ ҳалли худро меёбанд”,-гуфт ӯ дар нишасти матбуотии 22 июл дар Душанбе.

Ба гуфтаи Усмон Қаландаров, пештар муносибатҳо бо Узбакистон сард буда, мақомоти ҳамсоя барояшон мушкил эҷод мекард. “Ҳоло муносибат рӯ ба гармист. Вагонҳои мо дар онҷо дигар боздошта намешаванд. Хадамоти гумруки Узбакистн борҳоро аз вагонҳо намефарорад. Ҳоло бо як сӯҳбати телефонӣ бо ҷониби Узбакистон ҳамаи мушкилро ҳал мекунем”,-афзуд ӯ.

Ба нақли муовини раиси ширкати Роҳи оҳан, дар шаш моҳи соли ҷорӣ берун овардани мусофирони қаторҳои Тоҷикистон дар қаламрави Узбакистон ба баҳонаи доштани адабиёти динӣ тақрибан ба назар намерасад. “Аз сабаби он ки ба мусофирон корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад”,-гуфт ӯ.
Вай афзуд, дар вохӯрии қарибулвуқӯи корманди Роҳи оҳани Тоҷикистон бо ҳамтоёни узбакашон хоҳанд хост, то ба кормандони сохторҳои қудратӣ фаҳмонанд, ки сахтгириҳоро нисбат ба шаҳрвандони Тоҷикистон кам кунанд.
Мӯҳр
demokrat
Виза-ро аз байн мебурданд боз хуб мешуд.

Бовар кунед дар тереторияи узбак нафаскашиат намемонанд,хам погранаш,хам таможниаш ин издеваться хои ки дар границаашон мекунанд ба ягон конунхои чахони рост намебиёд,чихели хоханд мекунанд дар пеши ман вагонхои нави моро кандаанд,шикастанд бечораи проводник гапаш намегузарад дар ягон макомотхои узбак,аз узбако гапзани мебиниву рафтор бовар кунед мо танхо дар россия не дар хамсояхои хдмон кадр надорем,кучост он хукуматдорони мо ки забон ёбанд тарики дипломатхояш....

донишчу
тарзи суханрони ба кудаки синфи 4-5 баробар аст, ягон чумлаи ободу пурра талафуз накард. Вой бар холи ин хукумату ин давлат дар сари мансаб хама чаласавод, зердастонаш нисбат ба У зебову равон сухан мекарданд. Маълум, ки дониши лозимии сохави надорад....

Зафар.
Раиси мухтарам "муносибат гарм шудаст" гуфта хавои рузхо охирро дар назар дорад, вале муносибат холо хам сард аст.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)