Рақси монтажшудаи президент
Як рақси сохтаи Ким Ҷон Ун – раиси ҷумҳури Куриёи Шимолӣ мардуми ин кишварро хашмгин кардааст. Мақомоти Куриёи Шимолӣ башиддат аз Чин хостаанд, видеои раҳбари олии онҳоро, ки дар ҳоли рақс мебошад, хароб кунад.
Дар ин видео дида мешавад, сари Ким болои чанд тани дигар монтаж шуда, ӯ бо Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико ва Владимир Путин – президенти Русия мерақсад ва бо нахуствазири Ҷопон муштзанӣ мекунад ва, инчунин, бо Бин Лодан дар саҳро метозад.
Дар ин видео падар ва падарбузурги раиси ҷумҳури кунунии Куриёи Шимолӣ Ким Ҷон II ва Ким II Сунг низ зоҳир мешаванд. Ҳеч кас ин видеоро воқеӣ намепиндорад, аммо Куреяи Шимолӣ ҳанӯз тақозо дорад, видео бардошта шавад, чунки “ин иззат ва қудрати Кимро дар хатар мегузорад”.
Ин навор аз ҷониби Жанг аз Чин сохта шудааст, ки як замон донишҷӯи Донишгоҳи Кёнг дар Куреёи Шимолӣ будааст. Ин навор дар Ютюб аз замони нашраш то ҳоло 540 ҳазор бинанда доштааст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |