Бахшҳо
22 июл 2014 18:34Тоҷикистон / Иқтисодӣ

'Экспресс' пулро мегирад, вале чаро чек намедиҳад?

Бархе аз сокинони шаҳри Душанбе аз он шикоят доранд, ки низоми пардохти фаврии пули барқ – ExpressPay ба ҷои осон кардани кори онҳо мушкилашонро дучанд намудааст. Ба гуфтаи онҳо, набудани чек дар банкоматҳо боиси баҳсҳои зиёди муштариён бо нозирони ширкати “Барқи тоҷик” мегардад.

Ином Сафаров, як сокини ноҳияи Синои пойтахт, мегӯяд, худи ӯ баъд аз таблиғу ташвиқ шудани низоми фаврии пардохти пули барқ тавассути банкомат маблағи барқи истифода кардаашро супоридааст, аммо дар иваз натавонистааст, чекро дастрас кунад. Ӯ мегӯяд, “тӯли чанд моҳ аст, ширкати Барқи тоҷик ин низомро таблиғ дорад, албатта, иқдоми хуб асту навбат тақрибан барои пулсупорӣ дида намешавад, аммо ин банкоматҳо чек намедиҳанд. Баъд чӣ тавр нозирони ширкатро мутақоид месозем, ки маблағи барқро супоридаем? Дар ҳоле, ки ба гуфтаи ӯ, нозирони ширкати “Барқи тоҷик” пешниҳоди чекро ҳатмӣ медонанду бидуни он бовар нахоҳанд кард”.

Ба хотири муайян кардани асли қазия мо ба беш аз даҳ банкомати дар нуқтаҳои гуногуни шаҳри Душанбе ҷойгиршуда муроҷиат кардем. Дар назди мағозаи “Сафар”, рӯбарӯи Сирки давлатӣ дуто ингуна банкомат ҳаст, ки дар менюи онҳо ҳамагӣ чанд моҳи қабл навиштае илова шудааст, “Қабули пардохти барқ new фаврӣ”. Тавре мушоҳида шуд, воқеан, ин банкоматҳо аз ироаи чек “сарпечӣ” мекардаанд. Баъзан ҳолатҳое низ рух медиҳад, ки маблағи пардохтнамудаи Шумо барҳадар мераванд. Яъне, ин маблағ ба макони лозимӣ интиқол намеёбад.

Барои равшанӣ андохтан ба ин масъала мо бо рақамҳое, ки дар банкомат навишта шуда буданд, тамос гирифтем. Тавре маълум гашт, ин банкоматҳо ба терминалҳои ЭкспрессПей ва ба ташкилоти қарздиҳии хурд “Авфар” тааллуқ доранд, ки дафтари он дар кӯчаи Сирдарё 5-и шаҳри Хуҷанд мустақар аст.

Дилшод Ниёзов, раҳбари ташкилоти қарзидхии хурд “Авфар” мегӯяд, роҳандозии низоми пардохти фаврии пули барқ бо ташаббуси яке аз мутахассисони ин ташкилот роҳандозӣ шудааст. Ӯ гуфт, “Амонулло Саъдулоев, раҳбари раёсати фурӯши барқи ширкати Барқи тоҷик ахиран изҳор дошт, ки роҳандозии ин низом мизони ҷамъоварии маблағи нерӯи барқро афзоиш додааст.” Аммо оқои Ниёзов дар посух ба суоли камбудҳои банкоматҳо, аз ҷумла набудани чек дар онҳо аз додани шарҳу тафсилот худдорӣ кард.

Дар ҳамин ҳол, ба Кумитаи андози Тоҷикистон дар бораи гирифтани маълумот оид ба тафтиш шудани фаъолияти терминалҳои пардохти фаврӣ аз сӯи ин ниҳод, ки дар эълонҳои худ сокинонро барои гирифтани чек ҳангоми пардохти ҳаққи хидматрасониҳо даъват мекунад, муроҷиат кардем, аммо мутаассифона талоши чандрӯзаи мо бенатиҷа буд. Ҳарчанд масъулини он ваъда дода буданд, давоми ҳамагӣ чанд соат посух хоҳанд дод.

Шояд роҳандозии низоми пардохти фаврӣ боиси коҳиш ёфтани амалҳои тақаллубкорӣ ва коррупсионӣ дар соҳаи энергетика шавад, аммо ин ки ин иқдом то куҷо шаҳрвандон ва давлатро аз фиреб ҳимоя мекунанд, суоли матраҳ аст. Ё шояд ин боз як роҳи пулро ғайриқонунӣ нақд кардан, роҳи фиреби на танҳо шаҳрвандон, балки давлат аст?

Акмал МАННОНОВ,
барои “Озодагон”
Мӯҳр
фара
бизнесменои мо эконом мекунанд дар чое ки набояд кунанд - ва сарф мекунанд дар чое ки метонанд эконом кунанд

Мавлон
Сабаби надодани чек ин бахилии ин ширкат ва е ононе ки сохиби ин терминалхо мебошанд. Вакте ки ба онхо занг мезани онхо ваъда медиханду аммо намекунанд. Умуман овози духтаре ки телефонро мебардорад ва бо лахчаи хучанди гуфтугу мекунад хандаовар ва дилгиркунандааст. Наход дигар одам ефт нашуда бошад? наход когаз набошад барои чоп кардани як чеки хурдакак? ягар набошад пас принтератонро иваз кунед ки дар худи квитансия барки точик чоп кунем.

Абдулло
Ин Кумитаи андоз гайр аз мухобот дигар хеч коре карда наметавонад!!! Шояд аз рохбари ин бонкаматхо пули зиёд гирифтаанд, ки чизе гуфта наметавонанд. Дар холе, ки одитарин магозаро тарики ТВТ нишон медихад чарима мекнанд барои чек надодан ба муштариён...

Рост мегуед ман хам пул супоридам лекин то хол аз байн як мох гузаштааст ки маблаги пардохт намудаи ман нагузаштаат ва вакте ки ба callcentre Экспресс Пей занг задам гуфтанд ки як хафта интизор шавед агар нагузарад боз ба тамос бароед дар асл алакай як мох гузаштааст ва ман бояд боз як хафтаи дигар интизор кашам....дар ин лахза бошад кормандони барки точик омада манро чанг карда мераванд на чек дори на маблаги пардохт намудаад нагузаштааст.

Мухарри сайт бояд тафтиш кунад, ки шарххои меоварда на бояд махалчиги, миллатпарастиро пахн кунад. Масалан Мавлон менависад: … «Вакте ки ба онхо занг мезани … Умуман овози духтаре ки телефонро мебардорад ва бо лахчаи хучанди гуфтугу мекунад хандаовар ва дилгиркунандааст». Оё Мавлон медонад, ки ин барномаи гурухи точикон аз Экспресс навишта бехтарин дар осиёи миёна мебошад. Бо таклифи чаноби оли мутахасисони аз Белоруссия омада ба хайрон монданд, ки дар онхо ин хел система вучуд надорад. Системаи точикон навишта инзамона мебошад ва дар он хама пешравихое ки хаст дар сохаи барномасози истифода бурда шудааст.

Мухтарам Модератори сайти «Озодагон»
Мухарри сайт бояд тафтиш кунад, ки шарххои меоварда на бояд махалчиги, миллатпарастиро пахн кунад. Масалан Мавлон менависад: … «Вакте ки ба онхо занг мезани … Умуман овози духтаре ки телефонро мебардорад ва бо лахчаи хучанди гуфтугу мекунад хандаовар ва дилгиркунандааст».
Оё Мавлон медонад, ки ин барномаи гурухи точикистонихо аз Экспресс навишта бехтарин дар осиёи миёна мебошад. Бо таклифи чаноби оли мутахасисони аз Белоруссия омада ба хайрон монданд, ки дар хисоби барки онхо ин хел система вучуд надорад. Мавлон ин шахси шуурнокиаш паст, сиесатро намефахмидаги шахс. Вакте ки шумо чоп мекунед, ба он шахс баробар мешавед, хамту не?

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)