Бахшҳо
23 июл 2014 07:43Тоҷикистон / Сиёсат

САҲА аз ҳукумати Тоҷикистон хост, “Одноклассники”-ро кушояд

Дуня Миятович, намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо (OSCE) оид ба озодии ВАО дар робита ба масдудияти шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” аз мақомоти Тоҷикистон хостааст, ба шаҳрвандони кишвар дастрасии озод ба интернетро таъмин созад.

Дар изҳороти Мятович, ки сомонаи САҲА нашр кардааст, аз ҷумла гуфта мешавад, “Тоҷикистонро лозим аст, аз чунин амалҳо ва маҳдудиятҳои беасос, ки шаҳрвандонро аз ҳуқуқи ҷустуҷӯ, дарёфт ва паҳн кардани маълумот маҳрум мекунад, даст бардорад”.

Дар ин изҳорот омадааст, 18 июл як қатор интернет-провайдерҳои Тоҷикистон дастрасӣ ба сомонаи “Одноклассники”-ро маҳдуд карданд. Аммо дар Хадамоти давлатии алоқа мегӯянд, аз масдудияти ин шабакаи иҷтимоӣ огаҳӣ надоранд. Намояндаи Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо оид ба озодии ВАО ҳамчунин аз масдудияти сомонаи Youtube дар оғози моҳи июн ёдовар шуда, гуфтааст “чунин тасмимҳо метавонад ба озодии Интернет таъсири манфӣ расонад ва ба сонсур аз ҷониби пешниҳодкунандаҳои хизматрасонӣ сабаб шавад”.

Теъдоди истифодабарандагони шабакаи иҷтимоии “Одноклассники” дар Тоҷикистон беш аз 300 ҳазор нафар гуфта мешавад.
Мӯҳр
Стенли Ойдин
Тамоман беконунияти ва бемасъулияти,касе,ки сайти Однокласникиро мебандад бо кучояш фикр мекунад?Дар чахон ин сайт 30 миллион аъзо ва дар Точикистон чандсад хазор аъзо дорад!Оё ин бефархангхое,ки бо моликияти шахсии капиталисти худ мехоханд,ки чомеъаро бо андешаи якпартиявии шурави нигох доранд фикр мекунанд ё не?Барои якфикрии чомеъа бояд моликияти умумихалки-давлати-социалистиро ба вучуд овард.Оё ин корро мекунанд ин моликиятдорон?Харгиз не!Пас сайтбанди низ хеч гох пеши рохи халкро дар чомеъаи моликияти хусуси гирифта наметавонад!

Бекласс
Хайр хеч гап не, ба "Одноклассник"- хо махдудият шуда бошад, бо "Однокурсник"- 0 мумкин аст, ки гап занем!

Калимаи "Масдудият"-ро бори аввал мешунавам! шояд муаллифи макола аз кадом забон ва дар кадом фарханги забони точики дарч шудани ин калимаро шахр дода, маънояшро мефахмонида бошад?

Ismaili
Салом. Дар Хоруг бошад, хамаи каналхои телевизионии русияро бастанд.

Хуб шуд ки бастанаш. хамаро беинтизом карданд. лоихахои амрикои факат бар зарари маънавии кулли сокинони сайёра аст на ба манфиат.

Я одного непонимаю,

Ами САХА дар дигар кишвархо низ аминхел бинияшро нул зада фаъол бошад ё танхо дар ами Точикистон...

Мадина
ба сайти kameleo.ru дароед одноклассникро кушед

Мадина,
Нагз кардааст амр кардааст. Ин кори шахси хукукии хар як шахрванд аст касе хохад медарояд мекушояд, касе нахохад намедарояд намекушояд. Кариб як хафта мешавад ки бо дустонам дуруст гап зада наметавонам.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)