Бахшҳо
23 июл 2014 12:17Тоҷикистон / Сиёсат

ВИДЕО: То 1,5 сол поин овардани хидмати сарбозӣ ва мансаб – баъд аз артиш

Тарҳи нави қонун дар бораи хидмати ҳарбӣ, ки қарор аст, моҳи майи соли 2015 ба парлумон пешниҳод шавад, хизмати якунимсолаи сарбозиро дар назар дорад. Дар ҳоли ҳозир ҷавонони аз 18 то 27-солаи тоҷик ба хидмати артиш ҷалб шуда, тӯли ду сол хидмати ҳарбӣ мекунанд.

Абдуманнон Холиқов, муовини вазири адлияи Тоҷикистон, гуфт, ҳоло таҳияи тарҳи нави қонун “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” идома дорад ва болои он як гуруҳи корӣ амал мекунад. Ӯ афзуд, дар сурати камтар шудани замони хидмати ҳарбӣ дар артиши Тоҷикистон ҷалби маҷбурӣ ё “облава” аз миён хоҳад рафт.



“Дар гурӯҳи корӣ баҳсу мунозира дар мавриди кам кардани муҳлати хизмати ҳарбӣ, ақаллан поин овардани он то 1,5 сол, ҷараён дорад. Вариантҳои дигар ҳам ҳаст, аммо ҷонибдорони 1,5 сол бештар аст. Бардоштани баъзе имтиёҳзое, ки дар асл ба ном имтиёзанд, лекин онҳо садди роҳи даъват кардан ба хизмати ҳарбӣ мешаванд. Дар назар дорем, он шахсонеро, ки дар коллеҷҳо мехонанд. Аз рӯи маълумоти ба мо пешниҳодгардида, ин афрод ба хотири оне, ки ба хизмати ҳарбӣ даъват нашаванд, дар омӯзишгоҳҳо номнавис мешаванду дар дарсҳо тақрибан иштирок намекунанд. Аз рӯи таҳлилҳои мо аз 56 ҳазор донишомӯзони ин омӯзишгоҳҳо, танҳо 10 ва ё 20 дарсадашон пайваста дар дарсҳо ширкат мекунанд, боқимонда танҳо ба ном дар ин муассисаҳо таҳсил доранд. Барои ҳамин зарурат имрӯз ба миён омадааст, ки ин имтиёзро баррасӣ кунем, оё дар оянда монем ё намонем”,-афзуд Абдуманнон Холиқов.

Ба гуфтаи муовини вазири адлия, “дигар пешниҳоди гурӯҳ ин аст, ҳоло тамоми шахсоне, ки мехоҳанд дар оянда тақдири худро ба хизмати давлатӣ пайваст кунанд, пеш аз ҳама бояд хизмати ҳарбии ҳатмиро гузаранд. Ин таклифҳо ҳам дар гуруҳи корӣ аст ва баҳс дар ин маврид рафта истодааст ва тамоми аъзои гурӯҳ ин таклифро дастгирӣ карда, гуфтанд, ки оянда барои хизматчии давлатӣ шахси тануманд ва сиҳату саломат даркор аст”.
Мӯҳр
Якуним сол ҳам зиёд аст. Бояд як сол кифоят кунад. Вале беҳтар аз ҳама ба хизмати артиши касбӣ гузаштан аст. Барои омӯхтани яроқу аслиҳаи замонавӣ на як сол кифоят мекунаду на яку ним сол. Ҳама чиз электроника аст. 10-20 ҳазор афсари касбӣ бимонад бас аст. Ғайр аз ин: агар шароити зисту зиндагӣ ва хӯроки сарбозон дар ҷузъу томҳо (қисмҳо) дар сатҳи хуб бошаду бидуни лату кӯб ва ба минтақаҳо ҷудоиандозӣ, касе аз ин артиш намегурезад. Пеш аз ҳама худи афсаронро тарбия ва бо маоши хуб таъмин кардан кардан даркор. Пул ёфт мешавад. Ба атроф як нигаред: соҳибони бозор, ширкатҳои телефонҳои мобилӣ ва фурӯшгоҳҳои калон миллионҳо доллар фоида мебинанд. Дар Амрико ва бисёр кишварҳои дигар андоз аз даромад вобаста ба афзоиши он аст. Ба тарзи мисол: агар соле 100 ҳазор доллар даромад ба даст орӣ, 70 ҳазорашро андоз месупорӣ. Тахминан ҳамин хел аст. Пас мебинӣ ки пул дарё барин ба хазинаи давлат меояд. Дар Тоҷикистон ҳозир ҳам тахминан ҳамин хел аст. Фақат даромади хос ба хазинаи давлат неву ба кисаи бандитони таъмагир (рэкет) ва ришвахӯрони фасодкори ҳукуматӣ ва кормандони калони андоз меравад. Тоҷикистон ба ислоҳоти (реформаи) ҷиддии иҷтимоӣ ва иқтисодӣ ниёз дорад.

Бефахм
Ман намефахмам:Охир хамин хизматро якуним сол не,як сол шавад гуфта пешниход кунед,намешавад?!Сад дар сад пешгуй мекунам,ки ин ба раванди "облава" яъне,аз байнравии "облава" ягон таъсир намерасонад!Мардонавор хизматро яксола чорй намуда,баъдан масъулияти афсаронро оиди аз байн бурдан ва дигар рух надодани он пурзур намудан лозим!Аслан сарпечии чавонон аз хизмат ин мурдани аскарон дар хизмат мебошад,ки вактхои охир хеле ташвишовар ва нигаронкунанда аст!
Баланд намудани маоши афсарон низ бояд аз мадди назар дур набошад,вагарна ба чои дилгармй дилсардии афсарон боиси аз кор рафтани онхо мебошад....
Хонеду хулоса бароред!!!Чунки ман хамин рохро тай намуда ноилоч ба мухочират ру овардаам!

Jon
Салом муҳтарам вакилон,

Намешавад, ки ҳамин хизмати ҳарбиро 1 сола кунану ва барои ҳава ҷавонон ҳатми кунан?

Дар давлати исроил ана ҳамин хели аст. Ман тарафдори он ҳастам, ки ҳама шаҳрвандон раванду 1 соли хизмат кунан, ки дар оянда тайёр бошан ба ҳама гуна ҳолатҳои вазнин...

Баъд мебинем, ки бачаи президент ва вазиро ҳамааш ба мисли дигар бачаҳои камбағал хизмат мекунан.....

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)