Пешниҳоди Рустами Эмомалӣ ва "вазифа"-и нави Қодирӣ

Абдураҳмон Қодирӣ, раиси вилояти Суғд, раиси Федератсияи футболи ин минтақа таъйин шудааст. Ӯ ба ин мақом бо пешниҳоди Рустами Эмомалӣ, писари раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва раҳбари Хадамоти гумруку ҳамзамон раиси Федератсияи футболи кишвар баргузида шудааст.
Тавре торнамои расмии Федератсияи футболи Суғд хабар медиҳад, Қодирӣ дар ин мақом Рустами Раҳматуллоро иваз кардааст, ки ба хотири гузаштан ба мансаби дигар аз ин мақом истеъфо дода буд. Раиси вилояти Суғд дар нахустин баромади худ баъд аз таъйин шуданаш ба ин мақом зимни як ҷаласа аз камбуд ва норасоиҳои ин навъи варзиш дар вилоят нигаронӣ ва хостори баланд бардоштани малакаи кории доварон ва хостори пурзӯр намудани назорат дар ин раванд шудааст.
Қодирӣ гуфтааст, Федератсияи футболи вилояти Суғд барои оммавӣ гардонидани футбол байни ҳама қишрҳои ҷомеа талош хоҳад кард. Инчунин, дар ҳошияи ин ҷаласа Рустам Марофиев муовини раиси Федератсияи футболи вилояти Суғд таъин гардидааст. Ӯ дар ин мақом Хуршед Ақдодовро иваз кардааст, ки дар моҳи март таъин гардида буд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |