Бахшҳо

Қатли зан ба дасти ҳамсар... барои SMS ба марди бегона

Як ҷавони покистонӣ ҳамсарашро барои ирсоли паёмак ё СМС ба марди бегона дар Бритониё ба қатл расондааст. “The Daily Mail” менависад, Дониш Ирфон ҳангоме ҳамсараш -- Риддо Занаб хобида буд, бо корд ба фарқи сари ӯ даҳ бор задааст.

Бино ба гузоришҳо, ин зани 21-сола, ки қабл аз кушта шуданаш соҳиби духтарча гардидааст, бо як марди бегона робита дошта ва ба ӯ ба ин маъно паёмак фиристодааст: “Ман туро дӯст медорам, хоби хуш”. Дейли Мейл мегӯяд, шавҳари Риддо ин паёмакро дида, баъдан бо дарёфти паёти муносиб ӯро ба қатл расондааст.

Ирфон ва Риддо бар хилофи майли хонаводаи Занаб издивоҷ карда будаанд. Додситонҳо гуфтаанд, Зайнаб як зани саркаш буда, дӯстдори сайругашти шабона будааст, вале шавҳараш ин кор ва инчунин пӯшидани либоси ғарбии ӯро хуш надоштааст.

Додгоҳ низ иттилое дар даст доштааст, ки гӯиё Занаб қабл аз издивоҷ бо Ирфон, ки ҳамагӣ 19-сола буд, дӯстписарҳои зиёде доштааст. Ирфон баъд аз қатли ҳамсараш ба Исломобод панаҳ бурда ва баъди бозгашташ боздошт гардидааст.
Мӯҳр
Justice
Дар холати газаб айнан ана хамин амал анчом дода мешавад. Зане, ки ахлок надорад, чазояш хамин аст. Духтарони худро ба одноклассникиву фейсбук нагузоред. Ё сахт тахти назорат гиред ва логину пароли онхоро дониста бошед ва хар гох тафтиш намоед.
Имруз телефонро на хар кас дар рохи дуруст истифода мебарад. Чи кадар оилахо вайрон шудаанд, тавба...

Умед
Ин мард беакли беакл будааст. Барои чи занашро кушт? Хакки куштан надорад, чи гунохе ки накунад занаш. Бубинед, бо ин амалаш чи гунохе мегирад. Аз занаш дида ин мард муртакиби гунохи бузург шуд, чунки котил дар дузах аст ва азобашро хатман мебинад. Чунки занаш аз нодони ба ин рох рафта буд ва шояд дар тули зиндагиаш тавба мекард, Худованд гунохашро мебахшид. Аз кори кардааш чи фоида гирифт? Бояд факат ТАЛОК медоду хаволаша ба Худо мекард ва зани дигар мегирифт. Акнун чи? Хам дар ин дуне дар турма аст ва хама дар он дуне дар турмаи ДУЗАХ. Ачаб инсонхое бефахме....

Justice
Умед,
Дар чунин холат гирифтор шави газаби худро контрол карда наметавони. Ту аз кучо медони, ки ки Чаннати асту ки Дузахи? Касеро аллакай хукм мекуни. Албатта кори кардааш дуруст нест, лекин дар холати газаб ва шок хамма кор мумкин аст.
Худо аз ин рузхо ва аз ин гуна ходисахо нигах дорад.

Умед
Justice,
Бародар, ман аз Куръону Хадис фахмидаам, ки котил ба дузах меравад, магар он касе ки касдан накарда бошад. Газаб кардану асаби шудан далел шуда наметавонад, ки ту дар ин холат куши ягон касро. Одами Худотарс газабнок хам шавад, намекушад факат чавобашро медихад. Сохиби ману Шумо Худованд аст ва ихтиер дар дасти мо нест ва хакки ягон касро куштан надорем. Зан амонат аст. Талокро барои чи Худованд ичоза дод? Маъкул нест чавобаш дихад, чи даркор котил шудан. Ин ахмакист!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)