Бахшҳо
23 июл 2014 17:21Тоҷикистон / Тема дня

Сафар Абдуллоҳ: "Ин тоифа хилофи виҷдон коре намекунанд"

Баҳманёр аз диди ман нависандаест, ки назираш дар адабиёти мо набуда ва ҳанӯз ҳам нест. Вақте нависандаеро беназир мегӯем, бояд биандешем, чӣ зарофате ва чӣ вежагиҳое дар кораш ҳаст, ки кори ӯро аз кори дигарон тафовут бахшида ва мумтоз карда аст?! Қабл аз он ки ба ин суол посух бигӯям, мехоҳам сайре дар зиндагии ин нависанда дошта бошем.

Ман аз оғози ҷавонӣ шоҳиди заҳамот ва талошҳои рӯзафзуни ӯ дар ҷодаи сангини адабиёт будаам ва медонам ки ҳамин Баҳманёр - нависандаи тавоно ва барҷаста, ки имрӯз дорем, истеъдоди фитрии хешро зуд шинохт ва чӣ заҳматҳо кашид, то онро сайқал диҳад ва чӣ қадр кор кард, то дар ҳирфаи нависандагӣ маҳорати комил ба даст биёварад. Замоне ки мо донишҷӯ будем, ағлаб касоне, ки сарашон ба танашон меарзид, китоб мехонданд ва талош мекарданд, бо беҳтарин шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳон ошно шаванд. Пайдост, ки аз сабаби адами тарҷумаҳои хуб ба забони форсии тоҷикӣ ва дастрас набудани китобҳои чопи Эрон мо беҳтарин намунаҳои адабиёти ҷаҳонро ба забони русӣ мехондем. Дар он замон дар шаҳри Душанбе даҳҳо китобфурушӣ буд ва ҳангоме ки пуле ба даст меовардем ба китобфурӯшиҳо медавидем ва китоб мехаридем.

Маҷаллаҳои маъруфи «Иностранная литература», «Новый Мир», «Дружба Народов», «Литературная Газета» ва ғайра, ки тирожи бархе аз онҳо ба чанд миллион мерасид, ҳамвора мавриди алоқамандии мо буд ва мо бо шавқу завқ мутолиа мекардем. Баҳманёр дар ин росто низ пешсафи ёрон буд. Ӯ пайваста китоб мехонд ва мутолиа мекард. Бархе аз нависандагони бузургро гаштаю баргашта мехонд ва нукоти муҳимашро барои худ ёддошт мекард. Дар бораи ағлаби нависандагони бузурги ҷаҳон назар дошт ва беҳтарин шоҳкорҳои адабиёти ҷаҳонро ба таври ҷиддӣ мутолиа мекард. Шеваҳои кори нависандагони мавриди алоқа ва ситоиши хешро тамрин мекард, ёд мегирифт ба мо тавзеҳ медод ва ба ин васила сабкеро, ки хосси худаш аст, ба тадриҷ ба вуҷуд овард ва такмил бахшид. Ва ҳоло ҳарчи аз зери қалами ин нависанда берун меояд бо вежагиҳои хосси худ ҳам дар сохтори достонҳо ва ҳам дар дарунмояи онҳо ва ҳамчунин бо вежагиҳои забонӣ ва баёнии хеш бетардид аз ҳамаи нависандагони дигари мо тафовут дорад.

Пайдост, ки талошҳои пайвастаи Баҳманёр бар ҳадар нарафта аст. Ва ҳам акнун Баҳманёр достоннависи соҳибсабк ва соҳибном аст. Ӯ аз пешкисватони достоннависӣ ва ба вежа достони кӯчак дар Тоҷикистон аст. Баҳманёр дар даврони ҷавонии мо низ бароямон нависандаи бузург ва дастнаёфтанӣ буд. Осори ӯ чӣ дар солҳои ҳаштодуми қарни гузашта ва чӣ дар оғози садаи бисту як дар достони кӯтоҳ беназир буда ва ман ҳеч нависандаи дигареро аз назари ҳунарӣ бо ӯ қобили қиёс намедонам.

Навиштаҳои Баҳманёр ба вежа он бахше ки «достонҳои Сармаддеҳро» ба хонанда интиқол додааст, монанди як риштакӯҳи мустаҳкам ва муташахисанд, ки масоили муҳими зиндагии мардум, меҳвари аслии онҳоро ташкил мекунад. Ағлаби навиштаҳои Баҳманёр ба далели зеру бами масоили рустоӣ ва фарҳанги миллӣ таҳсинбарангез аст ва аз бештари осори ӯ метавон ба унвони марҷаъи муҳими мардумшиносӣ низ истифода кард. Ҳарчанд ағлаби достонҳои Баҳманёр достонҳои тахайюлӣ буда зоҳиран реолистӣ наменамоянд, вале дарунмояи достонҳояш ҳама мардумӣ буда, аз зиндагии мардуми оддии рустоӣ баргирифта шуда аст.

Баҳманёр дақиқан дар рӯзи марги устоди устодон Садруддини Айнӣ ,дар шаҳри Панҷекат зода шуд ва ин тасодуф худ як нуктаест, ки хоҳу нохоҳ дар зеҳни одамӣ гиреҳ мехӯрад ва фикр мекунам, ҳеч чизе ва ҳеч рухдоде дар ҷаҳон тасодуфӣ нест ва ё ҳеч тасодуфе бечиз нест! Худованде ки ҷон медиҳад ва ҷон мегирад, ҳама кораш ҳисобшуда аст!

Ӯ, 60 сол пеш, дар шаҳр, дар хонаводае ба дунё омад, ки реша дар русто доштанд ва зиндагии рустоӣ аз кӯдакӣ барояш ошно буд ва дар байни рустоиён бузург шуд. Аз баракати ҳуши саршор ва диди зебои шоирона ва зеҳни истисноии хеш, одобу русуми миллиро бо ҳама фарозу фурудҳояш ба хубӣ фаро гирифт ва достонҳои ӯ бештар заминаи мардумӣ дорад ва ба назари ман чунин мерасад, ки донишу биниши мардумро ва қиссаҳою афсонаҳои онҳоро аз худ кард ва онҳоро бо ҳунари хеш ҷовидона сохт ва дар шакли достонҳои зебо ва ба таври аҳсан тавонист дубора ба мардум бозгардонад… Шумо ба қиссаву достонҳои романи «Сармаддеҳ» таваҷҷуҳ намоед. Ба хубӣ дармеёбед, ки ман чиро дар назар дорам. Баҳманёр қиссаву достонҳои ҷолибе навишта аст, ки бо номҳои "Ишқи сайёд".(1984), "Аспи обӣ" (1988), "Дуди ҳасрат" (1994), "Сармаддеҳ" (2002) ва ғайра ба чоп расидаанд. Достонҳои ӯ ба забонҳои мухталиф низ тарҷума шудаанд. Романи ӯ «Шоҳаншоҳ» низ ба чоп расидааст, вале ба назари ман ба иллати заъфи нақди адабӣ дар кишвар, на танҳо ин роман, балки достонҳои кӯчаки Баҳманёр низ чунонки мебояд нақд ва баррасӣ нашудаанд! Зеро аз як сӯ нақди адабиёт дар кишвари мо, мутаассифона, бисёр заиф аст ва аз сӯи дигар барои арзёбии як асари воқеӣ бояст мунақиддин салоҳият ва донишҳои теорӣ ва ошноӣ бо чунин падидаҳое аз адабиёти ҷаҳонро дошта бошанд ва меъёрҳоеро барои арзёбӣ чунин достонҳо дар назар бигиранд, ки тавонанд асари ҳунариро арзёбӣ кунанд. Ва дар воқеъ навиштан ҳам дар бораи падидаҳои нави адабӣ ва ҳунарӣ кори осоне нест. Бо ин ҳама гилаи ман аз наққодон ин аст, ки нисбат ба арзёбии падидаҳои адабӣ бетавофут ҳастанд. Ва онҳое, ки дар ин росто кори ҳирфаӣ анҷом медиҳанд, масъулияти хешро ба хубӣ анҷом надодаанд!

Талоши беш аз сию чандсолаи Баҳманёр дар ҳавзаи адабиёти достонӣ, ҳамчунин, фаъолиятҳои фарҳангию иҷтимоии ӯ на қардршиносӣ шудааст, на чунонки мебояд арзёбӣ шудааст! Бешак ӯ ва осори гаронсангаш сазовори он аст, ки мавриди таваҷҷуҳ ва қадршиносии бештаре бошад. Вале чӣ гӯям, ки мо ҳамонем, ки ҳастем!

Ва Баҳманёр танҳо нест. Афроди барҷастаи дигаре чун Барзуи Абдураззоқ, Сиёвуш, Исфандиёри Назар, Рустами Ваҳҳоб, Қодири Рустам ва дигарон низ, ки синни бархе ба шаст мерасаду бархеи дигар аз панҷоҳ гузашта, на қадрдонӣ шудаанд ва на касе ғам дорад,ки ин бузургон ҳастанд ё на!? Вақте ба бетаваҷҷуҳӣ мувоҷеҳ мешавем, ба худ суол медиҳем, ки оё ин афрод сазовори он нестанд, нақди адабӣ ба осорашон таваҷҷуҳи бештаре дошта бошад, шинохтномаҳояшонро бинвисад ва ин чеҳраҳои таъсиргузорро дар адабиёт муаррифӣ бикунад?! Ҳоло Баҳманёр бо далоиле ба назари ман беш аз ҳар касе мавриди бетаваҷҷуҳӣ қарор гирифта аст. Манзурам ин аст, ки дар заминаи достони кӯчак, дар адабиёти кунунии мо, китобе беҳтар аз «Сармаддеҳ»-и Баҳманёрро намеёбем, вале ҷолиб ин аст, афроде, ки сад сол ҳам хомазанӣ бикунанд, дар сатҳи як достони кӯчаки ин китоб чизе офарида наметавонанд, мавриди таблиғ, соҳиби ҷавоизу таҳсинҳои расмию ғайрирасмӣ шудаанд ва бархе аз эшон ба истилоҳ «нависандаи мардумӣ» ҳам ҳастанд, вале яке аз мардумитарин нависандаи тоҷикро, ки Баҳманёр аст, нодида гирифтанд…

Шояд сарнавишти ҳамаи бузургон шабоҳатҳое дошта бошад, вале ба назари ман чунин менамояд, ки сарнавишти Баҳманёр ба наҳве бо сарнавишти Фирдавсӣ ва бархе аз бузургони дигари миллати мо гиреҳ мехӯрад, ки ин қадр мавриди белутфӣ ва бемеҳрӣ қарор гирифтааст... Вале дар ин маврид ман ду эҳсоси комилан мутафовит дорам. Яке ин ки чаро марде бо ин бузургӣ инчунин мавриди белутфӣ ва номеҳрубонӣ қарор мегирад? Чаро, ки ҷавҳари ӯ дур аз тамаллуқ ва дар масоили мухталиф андешаи худро дорад ва ҳаргиз ин тоифа хилофи виҷдон ва шарафи миллию инсонӣ коре намекунад. Шояд ин ба наҳве сарнавишти бузургони миллати мо бошад, ки то вақте дар қайди ҳаёт ҳастанд ва фаъолият мекунанд, мавриди бемеҳрӣ қарор мегиранд ва гоҳо азият ҳам мешаванд. Сарнавишт устодон Айнӣ, Лоҳутӣ, Улуғзода, Муҳаммадҷон Шакурӣ, устод Лоиқ, устод Муъмин Қаноат ва ғайраро низ гоҳо ба чунин бемеҳриҳо ва белутфиҳо рӯ ба рӯ кардааст. Вале боз ҳам онҳо то ҳадде қадршиносӣ ва мавриди лутф қарор гирифтаанд! Дигар ин ки шак надорам, ба қадри чунин бузургон пас аз садсолаҳо низ хоҳанд расид ва онҳо мавриди қадршиносӣ ва меҳрубонӣ хоҳанд шуд!

Дар гузашта ҳам чунин буда ва метавон ин ҷо дубора аз сарнавишти Фирдавсӣ ва Буалии Сино ёдовар шуд. Вале дар ҳаққи Баҳманёр ин бемеҳрӣ идома дорад.

Ман мӯътақид ҳастам, ки зарурат дошт ва мебоист, нақди адабӣ дар ковишҳои худ, бо шинохти ҷомеъу комил аз зиндагӣ, осор ва шахсияти ин нависандаи нотакрор мерасид ва то кунун ин падидаи арзишмандро чунонки мебояд муаррифӣ мекард. Зарурат дошт, қадршиносӣ ва таблиғи осори Баҳманёр дар ҳадду андозаи ному шаъни ин нависанда дар остонаи шастсолагиаш низ сурат мегирифт. Вале чӣ гӯям, ки аз он ногуфтанам беҳ…

Шояд ин муносибат ба фарзандони бузурги хеш хосси миллати мо шуда, ки дар гузаштаҳо низ борҳо бо чунин рафтор рӯ ба рӯ будаем.

Ҳоло баргардем сари достонҳои Баҳманёр. Гуфтем достонҳои Баҳманёр бештар ҷанбаи тахайюлӣ доранд ва Баҳманёр яке аз беҳтарин хаёлпардозон дар адабиёти кунунии мост. Ва ин бечиз нест. Зеро достон ҳар қадр бештар тахайюлӣ бошад, ба ҳамон андоза ҷозиба дорад ва мавриди алоқамандӣ қарор мегирад. Бертрон Россел (Бертран Рассел) файласуфи бузурги қарни бист, рисолаи маъруфе дорад бо номи «Дарки Таърих». Дар ин рисола ӯ таърихро ба чанд гуруҳ дастабандӣ мекунад. Аз ҷумла, таърихҳое, ки тахайюлӣ ҳастанд ва воқеият надоранд ва ба истилоҳ бар бунёди дурӯғ ва афсона навишта шудаанд. Россел мегӯяд: “Аммо шигифт ин аст, хонандагон гарчи медонанд, ки он чӣ мехонанд воқеӣ нест ва дурӯғ аст, аммо гироиши онон ба ин гуна китобҳо на танҳо кам намешавад, балки баръакс афзуда ҳам мешавад”. Мо дар ҳамин рӯзгоре ки ба сар мебарем, шоҳиди онем, ки алоқамандӣ ва дилбастагӣ ба достонҳои хаёлпардозона беш аз ҳар замони дигаре рушд кардааст ва кофист, сар ба китобфурӯшиҳо бизанем ва мебинем, ки мардум беш аз ҳама ба достон ва бо роман алоқамандӣ нишон медиҳанд. Чаро чунин гироише вуҷуд дорад? Чанде пеш яке аз донишмандон далели ишқи фаровони мардуми ҷаҳон ба «Маснавии маънавӣ»-ро дар он дидааст, ки дар он достонҳои тахаюлӣ фаровон истифода шуда. Мисли достони «Подшоҳу канизак», достони Тӯтӣ ва амсоли инҳо… Ва чунонки мо медонем, бахши қобили таваҷҷуҳе аз оёти Қуръони Маҷид ва Тавроту Инҷил низ достон аст. Ва ин ҳама таваҷҷуҳ ва тафсил нисбат ба достон дар китобҳои муқаддас бечиз нест!

Мавлоно дар дафтари сеюми Маснавӣ ба ҳамин нуқта, яъне нақши достон ва ё аносири достонӣ дар Қуръон ишораҳо дорад ва посухи аҳли ҳасадро низ додааст:

Харбуте ногоҳ аз хархонае,
Сар бурун овард чун таъонае
К-ин сухан паст аст, яъне Маснавӣ,
Қиссаи пайғамбар асту пайравӣ…
Чун китобуллоҳ биёмад ҳам бар он,
Инчунин, таъна заданд он кофарон.
Ки асотир асту афсона нажанд,
Нест таъмиқеву таҳқиқе буланд…
Зикри Юсуф, зикри зулфи пурхамаш,
Зикри Яъқубу Зулайхову ғамаш.
Зоҳир асту ҳар касе пай мебарад,
Ку баён ки гум шавад дар вай хирад
Гуфт агар осон намояд ин ба ту,
Инчунин осон яке сура бигӯ.

Аз суханони Мавлоно чунин бармеояд, ки дар достон ҷодуӣ ва ҷаззобият вуҷуд дорад ва ин вежагӣ хонандаро маҷзуб ва асири худ мегардонад ва ӯро то поёни достон мекашонад. Гӯиё дили хонанда дар дасти достон аст, то бубинад чӣ иттифоқе меафтад. Ҷодуии достонҳои Баҳманёр ниёз ба таъкид надорад, мисли бӯйи хуш метавон онро эҳсос кард, мисли зебоӣ ки ниёзе ба ороиш надорад ва ба қавли Саъдӣ:

“Ту симинтан, чунон хубӣ, ки зеварҳо биёройӣ!”

Ҷодуии достонҳо ба қавли доное падидаи ғарибе ҳаст. Ҳаст ва нест, мисли пардае аз меҳ (абр) аст, ки гоҳ худро нишон медиҳад ва гоҳ чеҳра пинҳон мекунад, аммо дар тӯли достон ҳамроҳи Шумост ва аз ҷинси хаёл аст. Мавлоно вақте падидор шудани табиби илоҳиро дар достони «Подшоҳу Канизак» матраҳ мекунад, мегӯяд:

«Мерасад аз дур монанди ҳилол,
Нест буду ҳаст дар шакли хиёл.
Нест в-аш бошад хийол андар равон,
Ту ҷаҳоне бар хиёле бин равон»

Ин ҳамонест, ки имрӯз дар адабиёт ҷодуии сиёли хаёл гуфтаанд. Яъне ҷорӣ шудани ва ё равон шудани хаёл. Гобриел Горсио Моркес (Габриэль Гарсиа Маркес), ки яке аз достоннависони бузурги рӯзгори мо буд ва Баҳманёр дар ҷавонӣ ба ӯ ишқ меварзид, аз ҷумлаи ҷодугарони бузурги достонсаройӣ буд ва боре дар яке аз мусоҳибаҳояш гуфта буд, орзу дорам, китобе бинвисам, ки дар ҳар саҳифаи он як иттифоқе биафтад ва ба ҳамсуҳбаташ рӯ оварда мегӯяд: Медонӣ ки чунин китобе навишта шудааст, китобе ки аз оғоз то поён дар ҳар сафҳаи ӯ як ё ду иттифоқ меафтад. Китобе, ки унсури ҷодуии достон ба наҳви ҳайратангез дар он мавҷ мезанад.

ИДОМА ДОРАД
Мӯҳр
Даст марезод устод! Зинда бошиву бошем канори ҳам! Миллат бо ин родмардонаш ҳамеша буда ва ҳаст!

Abdufatoh
Akai Safar az pasha fil nasoz!!!! az pasi hamshahri va difoi u shaved. Shuhratro khalos kuned!!! Ana bad guftan mumkin ast, ki Shumo FIL hasted. Pas az on guftan mumkin ast ku Shumo pisari tilloii mullo Abdullohi Artuchi hasted !!!

Мушкили одамфузуд аз саргузашти дигарон
Хар кучо афсона бошад хеч кас бедор нест.

Мушкили одам фузуд аз саргузашти дигарон
Хар кучо афсона бошад хеч кас бедор нест.

Salom khonandai aziz,

Rosti banda az navisandae chun Bahmanyor shinosoi nadoshtam. Chun ruze hamkoram ba man kitobe hadya dod to ki varaq zanam. Bahmanyor "Dudi Hasrat" in bud on kitobe ki az 37 qissa va hikoyaho iborat bud, va bisyor khondani va diqqatjalbkunanda.
Fikr doram ki Ustod Bahmanyor behtarin navisandae hast ki metavonad khonandaro ba khud jalb kunad valle afsus ki kitobhoi u kami dar kam dar chop meshavand va dastrasi hamma nestand.

Ustod az dargohi Alloh baroyat khushii zindagiro talab doram.
Akbarjon

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)