Бахшҳо
24 июл 2014 14:18Тоҷикистон / Сиёсат

Пуштибонии 16 ҳомии ҳуқуқ аз Шуҳрат Қудратов

Беш аз 15 созмони ҳомии ҳуқуқ ва ҳуқуқшиносони тоҷик бо нашри изҳороте аз боздошти Шуҳрат Қудратов, ҳуқуқшиноси маъруф ва вакили дифои Зайд Саидов, соҳибкор ва раҳбари зиндонии "Тоҷикистони нав" шадидан ибрози нигаронӣ карда, хостори таҳқиқи мунсифонаи қазияи ӯ шудаанд.

Дар изҳороти ин созмонҳо гуфта шудааст, дар Тоҷикистон боздошти вакилони дифое афзоиш ёфтааст, ки парвандаҳои ҷиноятии пурсарусадо ва мавриди таваҷҷуҳи оммаро пеш мебаранд.

"Шуҳрат Қудратов ба сифати вакили дифои афроди маъруф дар ҷомеаи Тоҷикистон, аз ҷумла собиқ вазири корҳои дохилии Тоҷикистон - Ёқуб Салимов ва соҳибкор - Маъруф Охунов низ фаъолият карда, дар додгоҳ Диловаршо Қосимовро ҳимоят кардааст, ки дар куштори Холмӯъмин Сафаров - язнаи президенти кишвар ва раиси Муассисаи давлатии "Хоҷагии ҷангал ва шикор" айбдор шудааст. Инчунин ӯ аз манфиатҳои хабаргузории "Азия-Плюс" зимни баррасии парвандаҳои пурсарусадои шаҳрвандӣ намояндагӣ кардааст,"- омадааст, дар изҳороти созмонҳои ҳомии ҳуқуқ.

Ташкилотҳои ҷамъиятии Тоҷикистон, намояндагони иттиҳодияҳои адвокатӣ, ҳамчунин аъзои Эътилофи созмонҳои ҷамъиятии зидди шиканҷа дар кишвар мегӯяд, ин дуюмин вакили мудофеи Зайд Саидов дар ҳоле аз сӯи Оҷонси зидди фасод боздошт шудаааст, ки ҳафтаи қабл Қудратов бо ирсоли номае “ба парлумону ҳукумати давлатҳо, сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷӣ ва созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи инсон” аз мавриди таъқиб қарор гирифтани адвокатҳои Зайд Саидов, аз ҷумла худи ӯ хабар дода буд.

Дар идомаи изҳорот аз мақомоти давлатии Тоҷикистон даъват шудааст, ки шаффофияти баррасии парвандаҳои ду вакили боздоштшудаи Зайд Саидов – Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров, ки дуюмӣ ба иттиҳоми қаллобӣ боздошт шуда буд, таъмин карда шавад:

- Тафтиши воқеъбинона ва беғаразонаи парвандаҳои Шуҳрат Қудратов ва Фахриддин Зокиров таъмин карда шавад ва баррасии ин парвандаҳо ба фаъолияти касбии онҳо, аз ҷумла, иштирокашон ба ҳайси ҳимоятгар дар парвандаҳои дорои ангезаҳои сиёсӣ тавъам дониста нашавад;

- Меъёрҳои миллӣ ва байнулмилалии эътирофкардаи Тоҷикистон риоя шуда, таҷрибаи таъқибу фишори адвокатҳо барои фаъолияти касбии онҳо хотима ёбад;

- Мақомоти давлатӣ аз дахолати мустақим ва ё бавосита ба фаъолияти адвокатҳо худдорӣ варзанд, аз ҳама гуна саркӯбсозии онҳо даст кашанд;

- Вақте адвокат дастгир ё ҳабс мешавад, иттилоотонии фаврии иттиҳодияи дахлдори ҳуқуқшиносон ва ҷомеа оид ба сабабҳои чунин амал зарур аст, ҳамчунин дастрасии бидуни таъхир ба ҳимоятгар бояд таъмин карда шавад ва уҳдадориҳои дигари давлат, ки дар қонун пешбинӣ шудаанд, бояд татбиқ гарданд.


Шӯҳрат Қудратов рӯзи 21 июли соли ҷорӣ ба иттиҳоми пешниҳоди пора ба як додраси Додгоҳи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт гардид. Мақомоти Оҷонсии зидди фасоди молӣ дар кишвар дар шарҳи расмии ҳодиса гуфтанд, гӯиё Қудратов барои ҳалли мусбати қазияи додгоҳии нафари таҳти ҳимояташ ба додрас Шерзод Низомов дуним ҳазор доллар пул пешниҳод кардааст. Бино ба иттилои расмӣ, ҳоло алайҳи Шӯҳрат Қудратов бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноии Тоҷикистон парванда боз шуда, тафтиши он идома дорад.
Мӯҳр
Бандаи Худо
Агар хомиёни хукуки барои химояи Шухрат Кудратов 100 нафар шаванд фоида надорад. Ин боздошт супоришист. То агар худашон (яъне хукумат) нахоханд хеч кас Шухрат Кудратовро химоя карда наметавонад.

Абдулло
Чаро бар зидди Шерзод Низомов парвандаи чинои боз накардааст? дар холе, ки поратеву прагир хардуяш як хукум дорад!!! Муттахамо намедонанд чигуна одамро гунахкор кунанд баъд мегуянд думи сагат качаст...

16 хомии хукук як тараф беста агар 100 хомии хукук пуштибони кунад ки дигар фоида надорад!!! Акаи Шухратчон и давлат дар номш демократист, озодбаении фикру озодона сухан гуфтан тамоман номумкин аст дар ин давлат. Бисер озодона харф зада ба худат чохи азим канди бародар. Ки медонад, худое накарда туро хам ба мисли З.Саид то охири умр зиндони накунанд.

Шафи- Шаф
шухрат Кудратов чудоям Тем- ТАК будааст. Вакте, ки дар бозии КАЛОН барои ХИФЗИ ТАНТАНАИ АДОЛАТ даромади, бояд хама чизро хотири ин АРЗИШИ БУЗУРГ- курбони куни. Маълум мешавад, ки иродаат суст будааст.
Хатто шухбаи манро нисбати донишу малакаи АДВОКАТии Шумо зери СУОЛ гузошт. Хама чизхои Шуморо ЗОИРОВ менвистааст. У дар хакикат саводи юридики дорад. Шумо ЗОИРОВА подводит карден.Имруз он кас мачбураст, ки ба химояи Шумо барояд, скорее всего БА ХИМОЯИ АРЗИШХОИ ХУДАШ....

мирзо
ИН ТАШКИЛОТИ ЗИДДИ ФАСОД АЗ КУРПААШ ПОЯШ ДАРОЗИ МЕКУНАД!!!!!????/?/
ЙО ЧУРАБОЗИ МЕКУНАД!!!!!?????
ГАРДАНФАРОЗИ МЕКУНАД!!!!!?????
ХАЙ ДАСТДАРОЗИ МЕКУНАД!!!!????
ОХИРАШ БАХАЙР БОШАД..........

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)