Бахшҳо

Холиқов дар бораи мансаби ғайриинтизор, якҷошавии фурудгоҳу Тоҷик Эйр ва зарару фоида (ВИДЕО)

Рустам Холиқов, раиси Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе, ки чор рӯзи пеш ҳамчунин раҳбари ширкати “Тоҷик Эйр” таъин гардид, изҳор дошт, ки фаъолияташро дар симмати нав аз додани маоши семоҳаи кормандон оғоз намудааст.

Холиқов рӯзи 25-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, гарчанде чор рӯз муҳлати хеле кам аст, ӯ талош намудааст, ки баробари додани маоши кормандон таъхиркориро дар парвози тайёраҳои “Тоҷик Эйр” хотима диҳад. Раиси нави “Тоҷик Эйр” эътироф намуд, ки дар ҳоли ҳозир вазъи молии ин ширкат хеле бад аст ва танҳо аз фурудгоҳ ҳудуди 70 миллион сомонӣ қарздор мебошад: “Он, ки баробари раиси фурудгоҳ буданам, боз раиси “Тоҷик Эйр” таъин шудаам, бароям ғайриинтизор буд ва аз ин дар нисфирӯзи душанбеи 21-уми июл огоҳ шудам. Аммо чун раисиҷумҳур дастур додааст, ки бояд ин ширкати давлатиро ба по хезонем, он иҷро хоҳад шуд. Вале ин маънои онро надорад, ки мо хисороти “Тоҷик Эйр”-ро аз ҳисоби фурудгоҳи Душанбе таъмин хоҳем кард. Кор мекунем ва идораю хизматрасонии “Тоҷик Эйр”-ро тавре ба роҳ мемонем, ки фаъолияти ширкат фоидаовар шавад ва қарзҳояш пардохт гарданд.”

Видеои 1, Видеои 2

Холиқов изҳор дошт, ки дар ҳоли ҳозир Фурудгоҳи Душанбе ва “Тоҷик Эйр” якҷоя нашудаанд ва ҳамчун ду корхонаи алоҳида фаъолият доранд: “Мо ҳоло фикр дорем ва бояд роҳеро ёбем, ки фаъолияти як корхона ба дигаре хала нарасонад. Шояд дар шакли холдинг ё усули дигар, вале ба ҳар сурат талош мекунем, ки зимни якҷокунӣ кормандони “Тоҷик Эйр”-ро ихтисор накунем.”

Холиқов таъкид кард, ки давоми ду моҳ ба ҳукумат хулосаашонро дар бораи якҷоя кардан ё накардани “Тоҷик Эйр”-у фурудгоҳ пешниҳод хоҳанд кард.
Рустам Холиқов рӯзи душанбеи 21-уми июл раиси ширкати “Тоҷик Эйр” таъин гардид. Фирӯз Ҳамроев, раиси қаблии ин ширкат баъд аз нишасти хабарияш дар субҳи 21 июл аз мақомаш барканор шуда буд.
Мӯҳр
Галапагос
Чи хеле, ки гуфтанд"Новая метла по новому метёт". Чи хел акидахои хуб. Барои хамин мансабдорора тез тез иваз бояд кард, то ки чомеа рушд кунад.

Banda takriban 10 sol namoyandai yake az shirkathoi hawopaymoii hususii kirgiziston dar maydoni havoii Sharjah,amorati muttahidai arab budam.man shohidi on budam,ki chi guna davlati kirgisiston simoi hudro dar sohai havopaymoi az dast dod.Tojikeyr in yagonai simoi havopaymoii Tojikiston hast va meboshad.Tojikiston badi poshhurii ittihodi shuravi yagona kishvare bud,ki simoi millii hudro az dast nadoda bud,inro tamomi mutahassisoni sohai havopaymoii shuravii sobik ikror budand.Mutaassifona in simo az dast meravad.Holo joi somon va tojik eyro bo tadrij Flay dubai megirad.mo nabouad misli Turkmanho,kigizho,kazokho simoi millii hudro az dast dihem.Charo uzbakho na Flay dubai va na alarabiyaro ba bozori hud roh namedihand.charo Somon eyr parvozhoi hudro dar furudgohi Almaktum anjom dihad?magar behtar nest,ki in parvozro dar Rasalhaym anjom dod?mahorij va servisi in furudgoh chanho bor arzontar ast?

Дар урфият мегуянд, ки агар гул дар лаби як тиреза нагунчид бояд чояшро иваз кард то дар чойи дигар бояд гунчид. Хамагон медонам ширкати точикэйр солохои охир хело сифати кораш паст буд ва посажирхо хело норозихам будан гуем хато намекунем. Рустам Халиков аз тарзи харф заниаш малум аст ки одами босавод аст ва он самимияте гирифтааст барои он ки аввалин коре мо хохем кард ин додани маоши кормандон аст ин як икдоми хело босаводона аст барои онки вакте коргар маошашро сари вакт гирифт ба пурраги бо дасту дили гарм ба кор шуруъ хохад кард. Ва ман бовари дорам ки чунонеки мебинем фурудгохро кушиш доранд руз то руз ба як фурудгохи чахони мубаддал гардонанд ва гуфта метавонем шудааст хато намекунем, хамин тавр Точик Эйр хам ба зуди мушкилотхояшро бартараф хохад кард. Ва ман аз маъмурини корхона хохиш дорам, чунонеки медонем Точик Эйр як хатсайр ба шахри Аморати Муттахидаи Араб - шахри Шарчах дошт агар ин хатсайрро боз ба рох монанд мо хело минаддор хохем гашт! Ташаррук ба Озодагон.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)