"Хайр" интизори аввалин легионери Нигер дар Тоҷикистон аст
Тими футболи “Хайр”-и Ваҳдат имкон дорад ҳайати худро бо як ҳамлагар аз Нигер комил созад.
Қарор аст, Исмаэл Маман Бубакари 22-сола ояндаи наздик ба “Хайр” бипайвандад. Бубакар дар клубҳои “Полис”, “Дуанес” (Нигер), “Котон Спорт”, “Скорпион”-и Камерун ва “Хассаниа Агадир”-и Мароқанд бозӣ кардааст. Ӯ дар чанд дидори мнтахаби олимпии кишвараш ҳам иштирок доштааст.
Агар Исмаэл Маман Бубакар бо “Хайр” қарордоди ҳамкорӣ бубандад, аввалин легионер аз Нигер ва 19-умин намояндаи кишварҳои хориҷ хоҳад буд, ки дар чемпионати Тоҷикистон бозӣ мекунад. Аз замони баргузории аввалин сабқати миллии футбол дар Тоҷикистон намояндаҳои 18 кишвар – Русия, Молдова, Украина, Белорусия, Қазоқистон, Олмон, Туркия, Сербия, Гана, Камерун, Нигерия, Гвинея, Уганда, Бразилия, Эрон, Узбакистон, Қирғизистон ва ИМА дар он иштирок кардаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |