Бахшҳо
25 июл 2014 16:50Тоҷикистон / Фаластин

Қарзовӣ дар бораи имоматии Мурсӣ ва обрӯмандии мусулмонон аз ҳисоби фаластиниҳо

Юсуф Қарзовӣ, раиси Иттиҳоди уламои исломии ҷаҳон аз муборизаи сокинони Фаластин алайҳи ҳамлаҳои низомии Исроил истиқбол карда, гуфтааст, онҳо бори дигар обрӯ ва мақоми мардуми мусулмонро дар ҷаҳон боло бардоштанд.

Қарзовӣ дар саҳифаи шахсияш дар Твиттер навиштааст, “мавқеъгирии мардуми азиятдидаи Фаластин нисбат ба ҳамлаҳои хунини Исроил обрӯ ва мақоми мусулмононро дар ҷаҳон боло бурд, чун онҳо бо ин ҳама шарту шароити худ бо як режими бузург дар муборизаанд.”

Ин суханони раиси Иттиҳоди уламои исломии ҷаҳон дар ҳолест, ки тӯли 18 рӯз мешавад, ҳамлаҳои низомии Исроил ба навори Ғаззаи Фаластин идома дорад. Дар пайи ин ҳамлаҳо ба манотиқи аҳолинишини Ғазза 820 нафар фаластинӣ кушта шуда, беш аз 4 ҳазору 500 нафар захм бардоштаанд. Бояд гуфт, мақомоти фаластинӣ аксари қурбониёни худро пиронсолон ва занону кудакон мегӯянд, ки бар асари бомбаборон шудани манозили зисташон аз сӯи неруҳои Исроил ҷон додаанд.

Юсуф Қарзовӣ дар як суҳбати худ бо шабакаи телевизионии “ал-Ҷазира” аз вазъи ахири ҷаҳони Ислом нигаронӣ карда, бо таассуф гуфтааст, агар Муҳаммад Мурсӣ, раисиҷумҳури барканоршуда ва зиндонии Миср сари қудрат мебуд, ҳатман вазъ тағйир меёфт.

Ӯ дар шарҳи гуфтаҳояш илова кардааст, “Мурсӣ аз раҳбарони дигари Миср ба куллӣ фарқ мекард. Нахустин раисиҷумҳури ин кишвар буд, ки унвони олии илмӣ дошта, ҳамзамон ҳофизи Қуръон аст. Ҳар ҳафта рӯзҳои душанбе ва панҷшанбе рӯза мегирифту дар Кохи раёсати ҷумҳури Миср бо имоматии худ намози ҷамоат баргузор мекард. Ин хусусиятҳое буданд, ки Мурсӣ бо онҳо аз дигар раҳбарони кунунии кишварҳои исломии араб фарқ мекард. Агар сари қудрат боқӣ мемонд, вазъи ҷаҳони Ислом ва мусулмонон ҳатман тағйир меёфт.”

Ӯ дар идома раҳбарони феълии Арабистони Саудиро зери танқид қарор дода, изҳор доштааст, “ҳокимон саудӣ ҷои дӯсту душманро тағйир додаанд, онҳо душманро дӯст интихоб мекунанду дӯстро душман ва барои мисол кишварҳои араб-ҳамзабону ҳамдини худро қабул надоранду бо Исроил робитаи наздик ба роҳ мондаанд.”

Муҳаммад Мурсӣ, ки баъд аз ҳукумати 32-солаи Ҳуснӣ Муборак дар пайи интихоботи мардумӣ ба курсии раёсати ҷумҳури ин кишвар нишаста буд, аз мақомаш бо дастури артиши ин кишвар барканор шудааст. Мақомоти қудратии Миср баъд аз барканор кардани Мурсӣ ӯро боздошт ва ба зиндон фиристодаанд.
Мӯҳр
СИ СИ
Табаддулотхои харби дар хамаи давлатхои Исломи аз тарафи ГЕНЕРАЛХОИ амали карда мешавад, ки дастпарварони Академияи Амрико ва ё Англия хастанд, ки дар ончо Устодони барномахои таълимиашон Яхудтаборон астанд. Чи хел дигар сухани УСТОДА- ПИРТА дар замин мегузори.

Тарафдор
Бале Юсуф Карзаови дуруст мегуяд,Мурси сари кудрат мебуд ба ин режими хунхор нишон медод. Дигар рохбарони Араб лухтаки ин режиманд.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Обхезӣ ва шаҳрдорӣ17:44Оғоз15:39Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33
ТАҚВИМ
«    Октябр 2026    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031 
БОЙГОНӢ
Май 2026 (2)
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)