Андӯҳи Раҳмон аз суқути MD-83 ва ҳамдардияш ба Бутефлиқаву Олланд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо ирсоли нома ба унвони Абдулазиз Бутефлиқа, раисиҷумҳури Алҷазоир ва ҳамтои фаронсавияш - Франсуа Олланд дар робита ба суқути ҳавопаймои MD-83, ки беш аз 100 қурбонӣ дорад, ҳамдардӣ баён кардааст.
Дар номаи раисиҷумҳури Тоҷикистон ба ин ду ҳамтояш, аз ҷумла омааст, “бо андӯҳи бузург хабари садамаи фоҷиабори тайёраи мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Алҷазоирро дар наздикии шаҳри Гаои Ҷумҳурии Малӣ, ки мӯҷиби марги теъдоди зиёди мусофирон гаштааст, дарёфт намудам.”
Эмомалӣ Раҳмон дар идома бо ибрози тасалият аз ҳамтоёни худ хоҳиш кардааст, ҳамдардии ӯ ва мардуми Тоҷикистонро ба наздикони фавтидагон расонанд.
Ҳавопаймои MD-83-и ширкати Air Algerie ҳангоми парвоз аз шаҳри Уагадугу – пойтахти Буркина-Фасо ба Алҷазоир дар наздикии шаҳри Гаои Малӣ ба замин сарорез шудааст. Дар натиқа тамоми мусофирони он - 116 нафар ба ҳалокат расидаанд, ки 51 нафари онҳо шаҳрвандони Фаронса мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 |
7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 |
14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 |
21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 |
28 | 29 | 30 | |