Бахшҳо
30 июл 2014 07:32Тоҷикистон / Сиёсат

Тағйироти кадрӣ дар ҷаласаи ҳукумат ва баҳси партовгоҳҳои уран

Дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур ва раиси ҳукумат баргузор гардид, нахуст масъалаи кадрҳо баррасӣ шудааст. Тавре дафтари матбуотии президент хабар медиҳад, дар ҷараёни он аъзои нави ҳайати мушовараи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати фарҳанг, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ва Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ тасдиқ гардид.

Маҳмад Сафаров аз вазифаи директори Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди ҳукумат озод шуда, курсии ӯро ба ихтиёри Ҳомид Расулов гузоштаанд. Раҷаб Саодатов аз вазифаи муовини директори Агентии таъмини амволи махсус озод ва муовини аввали роҳбари ҳамин агентӣ таъин гардид. Ибодулло Зардов муовини директори Агентии таъмини амволи махсус ва Раҳмон Умаров директори Корхонаи воҳиди давлатии “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ таъин шудаанд.

Дар маҷлиси ҳукумат ҳамчунин лоиҳаи қонун “Дар бораи хизмати дипломатӣ” ва тағйиру иловаҳо ба қонун “Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон” маъқул дониста шуда, ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. “Ба баррасии палатаи поёнии Маҷлиси Олӣ ҳамчунин хулосаҳои ҳукумат ба лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба қонунҳо “Дар бораи ӯҳдадории умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ва “Дар бораи реклама” пешниҳод гардид”,-менависад торнамои президент.

Барномаи рушди хоҷагии манзилию коммуналӣ дар Тоҷикистон барои давраи солҳои 2014-2018, Консепсияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба солимгардонии маҳфузгоҳҳои партовҳои коркарди маъдани уран барои солҳои 2014-2024, Кадастри давлатии маҳфузгоҳҳои партовҳои радиоактивӣ, Феҳристи давлатии партовҳои радиоактивӣ, Тартиби ташкил ва гузарондани арзёбии таъсиррасонӣ ба муҳити зист ва еомгӯйи ҳудудҳои минтақаҳои кӯҳии дорои шароити хосаи табиӣ ҳам тасдиқ шудааст.

“Ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат 60,61 га замин барои бунёди маҳаллаҳои истиқоматӣ бо биноҳои бисёрошёна ва иншооти иҷтимоӣ ва ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд 330,15 га барои додани қитъаҳои наздиҳавлигӣ ба 1933 оилаи ниёзманди ин ноҳия ҷудо карда шуд”,-меафзояд манбаъ.
Мӯҳр
Ахтарон
Барномахои бехтарин кабул карданд, махсусан бунёди махаллхои истикомати ва додани китъахои наздихавлиги.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)