Мунтахаби футболи Тоҷикистон омодагӣ ба дидор бо Малайзияро дар Алмосӣ шурӯъ кард
Тими миллии Тоҷикистон оид ба футбол зери раҳбарии Муҳсин Муҳаммадиев ба омодагӣ барои бозии дӯстона бо яккачини Малайзия оғоз кардааст. Тамринҳои аввалро футболбозони тоҷик шоми дирӯз дар шаҳраки Алмосии ноҳияи Ҳисор шурӯъ кардаанд. Қарор аст, тамринҳои тими миллӣ дар Алмосӣ то 4 август идома карда, давоми он дар майдони сунъии шаҳри Душанбе ҷараён бигирад.
Ҳайати мунтахаби миллӣ:
Дарвозабонҳо: Алишер Туйчиев (“Истиқлол”), Алишер Додов (“Регар-ТадАЗ”).
Ҳимоятгарон: Давронҷон Эргашев (“Жетысу”, Қазоқистон), Ҷаҳонгир Ҷалилов, Сиёвуш Асроров, Наим Улмасов, Аҳтам Назаров, Эраҷ Раҷабов, Соҳиб Саванқулов (“Истиқлол”), Идибек Ҳабибуллоев (“Хайр”).
Нимҳимоятгарон: Хуршед Маҳмудов, Нуриддин Давронов, Фатҳулло Фатҳуллоев, Ромиш Ҷалилов (“Истиқлол”), Ибрагим Рабимов (“Энергетик”), Амирбек Ҷӯрабоев (“Хайр”), Фаридун Шарипов (ССКА “Помир”), Нозим Бобоҷонов (“Рубин”, Русия).
Ҳамлагарон: Фарҳод Тоҳиров (“Парвоз”), Дилшод Восиев, Комил Саидов, Ҷаҳонгир Эргашев (“Истиқлол”), Аҳтам Ҳамроқулов.
Бозии дӯстонаи мунтахабҳои Тоҷикистону Малайзия ҷумъаи 8 август дар варзишгоҳи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Оғози бозӣ: 18.00.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |