Вазири хориҷаи Узбакистон дар Душанбе ва мулоқоташ бо Аслов

Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон, ки тайи як сафар дар Душанбе қарор дорад, бо Сироҷиддин Аслов, ҳамтои тоҷики худ, мулоқот кардааст. Масъулони Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯянд, дар сӯҳбати Аслову Комилов “ҳолат ва дурнамои муносибатҳои ду кишвари ҳамсоя”, ки солҳо боз бо мухолифатҳои шадиди якдигар рӯбарӯянд, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.
Бино ба иттилои расмӣ, Сироҷиддин Аслов таваҷҷуҳи ҳамтои узбаки худро “ба зарурати фаъолсозии муҳовараи сиёсӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои
нақлиёт, энергетика, фарҳанг, ҳамкориҳои наздисарҳадӣ ва дигар самтҳое, ки ҷавобгӯйи талаботи замон ва принсипҳои ҳусни ҳамҷаворӣ мебошанд, ҷалб намудааст”. Аз назари ҷониби Тоҷикистон, роҳандозии ҳамкории комил дар ин самтҳо ба болоравии сатҳи робитаҳо ва ҳалли масоили дар муносибатҳои ду кишвар ҷойдошта мусоидат хоҳад кард.
Абдулазиз Комилов, вазири умури хориҷии Узбакистон, барои иштирок дар Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Тоҷикистон омадааст. Ин ҳамоиш рӯзи 31 июл баргузор шуда, омодагӣ ба нишасти сарони кишварҳои узв ва нозири ШОС мебошад, ки оғози моҳи сентябр дар Душанбе баргузор хоҳад шуд. Ҳоло раёсати ин созмонро Тоҷикистон ба уҳда дорад, ки Чин, Русия, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон шомили он буда, Эрону Покистону Афғонистон ба ҳайси кишвари нозир мебошанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |