Бахшҳо
31 июл 2014 10:31Тоҷикистон / Иҷтимоӣ

Муҳиддин Кабирӣ, идгардаки кӯдакон, жевачка ва китоб

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва вакили парлумони кишвар далели аслии дур мондани кӯдакону наврасони тоҷик аз донишомӯзиро шарҳ дода, дар он ҷомеа ва атрофиёни онҳоро гунаҳкор медонад.

Ин намояндаи мардумии тоҷик аз пешниҳоди бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар мавриди тақдими китобу қалам ба кӯдакон дар рӯзҳои ид ба ҷои “жевачка” истиқбол карда, бар ин аст, ки таваҷҷуҳи аксари кӯдакони тоҷик ба китобу қалам, аз ҷумла илмомӯзӣ бештар аз ҳар чизи дигар аст.

Кабирӣ дар саҳифаи фейсбукии худ навиштааст, “бачаҳоро набояд бо чашми кам бинем ва фикр кунем, ки онҳо хондан намехоҳанд ва майлашон бештар ба чизҳои дигар аст. На, ин мо ҳастем, ки ба онҳо шароити хондану навиштанро фароҳам насохтем ва коре кардем, ки тифл танҳо байни “жевачка”-ву “чуппа чупс” интихоб дошта бошад, на китоб ва маводи дигар.”

Ӯ дар шарҳи гуфтаҳояш афзудааст, дар пайи ироа шудан чунин як пешниҳод аз сӯи бархе фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ тасмим гирифт, дар рӯзи Иди саиди фитр онро таҷриба кунад: “Тасмим шуд, ки миқдоре аз китобҳои бачагона, дафтар, албоми расмкашӣ, қаламҳои ранга ва худкор ва қанду "жевачка" ҳадя шавад ба бачаҳо. Субҳи рӯзи Ид дар ҳавлӣ ин ҳамаро болои мизе чидем ва дар паҳлӯи китобҳо "жевачка"-ҳои рангину дилкаш ҳам гузошта шуд. Он чизеро, ки давоми як соат дидаму шунидам, бароям ғайри чашмдошт буд. Бачаҳо зуд унс мегирифтанд ва бо камоли майлу рағбат дар бораи мактабу синфашон ва чаро китоб ё қалами ранга ё жевачкаро интихоб мекунанд, суҳбат мекарданд. Духтарчае гуфт, ҳамин сол синфи як меравад ва китобчаи афсонаҳоро интихоб кард. Гуфтамаш, ҳоло хонда наметавонӣ, беҳтар нест, ки қаламу албом бигирӣ ва расм бикашӣ ё қанд. Гуфт, мехоҳад тезтар хонданро ёд бигирад ва аз акааш хоҳиш мекунад, ба ӯ бихонад. Бачаҳо атрофи миз чарх мезаданд ва барои баъзеяшон интихоб душвор буд. Яке қаламро мебардошт ва баъд аз назди дар баргашта мепурсид, ки оё метавонад онро бо китоб иваз кунад ё баръакс. Як писарча албом интихоб кард ва аз берун дубора омаду гуфт, "ака қалам надорам дар хона, расмро ба чӣ мекашам?" Чунон самимӣ ва бо ҳайрат мегуфт, ки нахандидан имкон надошт. Ҳолати аз ин аҷибтар ҳам пеш омад.”

Раиси ҲНИТ дар идома бо таассуф навиштааст, ҳарчанд таваҷҷуҳи зиёди кӯдакон ба китобу қалам дида мешуд, вале дар ин миён наврасоне низ вуҷуд доштанд, ки ба ҷои китобу қалам жевачка интихоб мекарданд: “Писарбачае гуфт, ки синфи ҳафт мехонад ва ба суоли китоб интихоб мекунад, ё қаламу албом, каме нигоҳ карду гуфт, ба ӯ ин чизҳои кӯдакона лозим нестанд. Гуфтам, пас, чӣ мехоҳӣ?, гуфт: жевачка! Ҳам хандадор буд, ҳам ҳузномез.”

Муҳиддин Кабирӣ дар охир аз фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ барои ин пешниҳодашон сипосгузорӣ карда, изҳор доштааст, ҳарчанд ҷонибдори дар ба дар гаштани кӯдакону наврасони тоҷик дар рӯзҳои ид нест, чун ба гуфтаи ӯ, хӯи гадоиро метавонад дар онҳо ба вуҷуд орад, вале даъват кардааст, ҳадди ақал бояд ба онҳо китобу қалам дода шавад, то василае барои роҳнамоии онҳо ба донишу илмомӯзӣ гардад: “Шояд алакай дар қишре ин одатро ба вуҷуд овардааст. Албатта, ин баҳси дигар аст, вале модоме, ки ҳоло ин падидаро дар ҳаёти як қисме аз миллатамон дорем, пас коре кунем, ҳадди ақал фарзандонамон китобу илму донишро гадоӣ кунанд, на жевачкаву шириниро. Бале, китоб аз жевачка гаронтар аст ва шарт нест, ҳама китоб диҳанд. Бигузор тифли тоҷик ҳам инро дошта бошаду ҳам онро, ҳам комаш ширин бошаду ҳам ақлаш равшан. Дидам ва санҷидам, ки тифли тоҷик байни китобу қанд китобро интихоб кард. Вале, мо чиро интихоб мекунем?”

Ин суханон ва даъвати намояндаи мардумии тоҷик дар ҳолест, ки чанд рӯзи қабл аз Иди фитр бархе аз корбарони шабакаи иҷтимоӣ ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии кишвар аз сокинон даъват карда буданд, дар рӯзи ид ба ҷои жевачкаву қанд ба кудакон китобу дафтар ҳадя кунанд.
Мӯҳр
Молики
Идгаштак хуб аст, барои калонсолон ва кудакон. Яке бахри дуо ва табрикот ба кошонаи дустон ва хещовандон ташриф меоранд, дигаре бахри харчи зудтар пуркардани халтачааш аз тухфахои идона. Ба мушохидаи ман, амали хардуро бояд дар оянда ба танзим даровардан лозим. Дар ягон давлати мусулмони ва хатто кисман дар кисмати шимоли Точикистон чунин бенизоми ба мушохида намерасад. Идхои мо низ ба реформа ниёз доранд, на аз доираи Ислом берун.

навруз
Беҳтарин фикр ман иншоаллоҳ дар иди Қурбон ҳамин корро мекунам

Ташаккур барои маводи чолибатон! Ин икдом пешниход аз Китобкадаи Душанбе (Душанбинский книжный клуб) аст. Ба ин икдом аз мардуми оди то рахбари намояндагии Иттиходияи Аврупо дар ЧТ хамрох шуд. Мо ин икдомро барои иди Курбон боз хам васеътар пешниходи хамагон мегардонем.

Тарафдор
МошоАллох, Аклхоро аклхо ёри дихад! Бехтарин кор иншоАллох, дар оянда орзуи ин кори начибро ният дорем.Ташакури зиёд бародарони мусалмон ва бо номуси ватан, Худо ёру мададгоратон бошад! Ид муборак!

Слейтон
Бародар Кабири ин бехтарин коре хаст.Миллатро бояд донишманд кард ва аз роботи ва Чамшуди баровард.Офарин.

СТУДЕНТ
КАБИРИ КАК ВСЕГДА С МУДРЫМИ ТАКТИКАМИ В ПОМОШЬ НАРОДА. СПАСИБО ТЕБЕ БРАТ. ДАЙ БОГ ВАМ БОЛЬЩЕ СИЛУ И УДРОСТЬ И СМЕЛОСТЬ.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)