Шерхон Салимзода: “Манзури Ҷаноби Олӣ ин набуд...” (ВИДЕО)
Шерхон Салимзода, додситони кулли Тоҷикистон, баъд аз се ҳафтаи танқиди раиси ҷумҳур -- Эмомалӣ Раҳмон бо хабарнигорон рӯ ба рӯ шуд. Ӯ дар нишасти хабарии 31 июл гуфт, танқидҳои ҷаноби Раҳмон маънои паст задани кори онҳоро надошта, балки роҳнамоӣ дар сатҳи олӣ иҷро кардани вазифаҳояшон мебошад.
ВИДЕОИ СУҲБАТИ ШЕРХОН САЛИМЗОДА
“Аз мақомоти прокуратура умеди бениҳоят зиёд доранд. Ӯ бо ин гуфтаҳояш вазифадор намуд, ки кормандони прокуратура баҳри ҳимояи ҳуқуқи инсон, баҳри иҷро шудани меёъри қонун тамоми тадбирҳоро андешанд. Он тавре ки Шумо ифода намудед, ҳеч гумон намекунам, ки Ҷаноби Олӣ дар назар дошта бошанд",-афзуд додситони кулл.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар мулоқот бо мақомоти қудратӣ (10 июл) фаъолияти Додситонии кулли кишварро интиқод карда, аз шиносбозию сарватхоҳии кормандони ин ниҳод шадидан нигаронӣ кард. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон гуфт, агар кормандони мақомоти додситонӣ ҳадди ақал 80 дарсад вазифаи худро аз рӯи виҷдон адо кунанд, ин ҳама камбудҳои ҷомеа дубора такрор нахоҳад шуд.
Вақте хабарнигорон далели чунин интиқоди Эмомалӣ Раҳмон аз кормандони мақомоти додситониро пурсиданд, Шерхон Салимзода як навъ аз онҳо гилагузорӣ ҳам кард, ки чаро ба ин қисмати гуфтаҳои раиси ҷумҳур таваҷҷуҳ карда, қисмати уисмати аввали баромади ӯро, ки дар бораи фаъолияти додситонӣ буду аз пешрафти онҳо суҳбат мешуд, фаромӯш мекунанд. "Ба қисмати аввали баромади Ҷаноби Олӣ чаро диққат намедиҳед? Ӯ фақат мехоҳад, мо дучанду даҳчанд кор кунем. Ҳангоме ки дар ҷомеаи Тоҷикистон кор ва зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқи маънавӣ надорад, аз манфиати ин миллат ва давлатро сарфи назар кунад. Онҳо ҳам вазифадоранд, ки манфиати давлат, миллат, сарзамин ва ҳар фарде, ки дар ин сарзамин зиндагӣ мекунад, ҳимоя намоянд. Шумо ин гуфтаро аз куҷо бардоштед, ки..? Касе ки дар ин ҷомеа зиндагӣ карда, аз ҳастии ҷомеа берун аст, ё одам нест, ё аз ин олам нест”,-таъкид кард Салимзода.
Президент ба Салимзода: “Биё, назди додситонӣ рафта мебинем, кӣ бо кадом мошин ба кор меояд”
Додситони куллии Тоҷикистон дар идомаи суҳбаташ ба масъалаи замингирӣ ва хонасозии кормандонаш ҳам дахл кард. Ӯ гуфт, “ду сол пеш чунин муҳокимарониҳо буд. Дастури Ҷаноби Олӣ ҳам буд. Мо ба ҳама кормандони прокуратура дастур додем, ки дар куҷое замин мегиранд, бо мувофиқа бо прокуратураи генералӣ бигиранд. Мо ҳоло талош дорем, инро ба танзим дарорем, суистифода аз мақом нашавад, то зиёд замин нагиранд. Барои он ки ҳамин ҳолатҳо бартараф карда шаванд, 43 хонаи давлатиеро, ки дар шаҳру ноҳияҳо кормандони мо зиндагӣ мекунанд, бо қарори ҳуукумат ба моликияти прокуратура гирифтем. Агар корманди мо бо раиси шаҳру ноҳияҳо ҳазор забон як кунад ҳам, он хонаҳоро аз худ карда наметавонад. Мо ин тадбирҳоро барои содир накардани амалҳои беадолатона андешидаем”.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |