Бахшҳо
31 июл 2014 17:07Тоҷикистон / Сиёсат

Ҳабси саҳмияҳои Зайд Саидов ва писаронаш дар НБО “Роғун”

Ҳудуди 2 миллион сомонӣ саҳмияҳои Зайд Саидов -- соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии ҳизби Тоҷикистони нав дар ҷамъияти саҳомии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” ҳабс шудааст. Қарори ҳабси ин саҳмияҳои Саидовро Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт бо пешниҳоди Оҷонсии мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон рӯзи 3 июли соли ҷорӣ содир кардааст.

Исҳоқ Табаров, вакили мудофеи Зайд Саидов, дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, инчунин, додгоҳ ба арзиши 35 ҳазор сомонӣ саҳмияҳои Хайрулло ва Хуршед – фарзандони Зайд Саидовро ҳам ҳабс кардааст. Ба қавли ин вакили дифоъ, саҳмияҳои Зайд Саидов ва ду писараш дар ҷамъияти саҳомии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” дар пайи баррасии парвандаҳои нав алайҳи ӯ баста шудаанд.

Табаров таъкид намуд, ин саҳмияҳо феълан танҳо ҳабс шудаанд, на мусодира: “Додгоҳ тақдири ин саҳмияҳоро ҳанӯз “ҳал” накардааст”.

Фурӯши саҳмияҳои нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки аз тарҳҳои бузурги гидроэнергетикии Тоҷикистон дониста мешавад, аввали соли 2010 бо даъвати раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон оғоз шуда, баъдан ба як маъракаи миллӣ табдил ёфта буд. Ба қавли мақомот, дар ин маърака, маҷмуъ, ба маблағи беш аз 800 миллион сомонӣ саҳмия ба фурӯш рафтааст.

Масъулини Вазорати молияи Тоҷикистон теъдоди саҳомони одии ҷамъияти саҳомии нерӯгоҳи барқи обии “Роғун”-ро ҳудуди 2 миллион гуфта буданд. Теъдоди соҳибони саҳмияҳои номӣ - саҳмдороне, ки бо маблағи зиёда аз 5 ҳазор сомонӣ саҳмия харидаанд, 22 ҳазор нафар дониста мешуд.
Мӯҳр
Э неки ин хукуматдорои мо гузаронданд-да. Беадолати хам хадду сархад доштагист.

Оё нагуфта буданд ба сахмияхои харидашуда дахолат намекунанд, новобаста аз кадом хисоб хаирда шудаанд? Ин ба хабс шудани Зайд чи алокаманди дорад, сахмияхои уву фарзандонаша хабс ё мусодира мекунан? Ин ваъдахилофи нест? Пас дигар ба гапхои президент ки бовар мекунад? Зайд Саидовро факат тахпушаш хабс накарда монд!

Чита Зайд шид рузмон бтен
Кори худатона кунед...

Худованд бузург аст. Молу мулк медихаду шаъну шараф. Ба кадри неъматхояш нарасиди даст ба фасодкорию ситамгарию фохишаги зади дар як сония ба хок яксонат мекунад. Касе, ки нафсашро дошта тавонист, боз хам бисёртар аз тарафи Оллох мукофотонида мешавад.

Фозилшох Саидов
Заид бо сахмихахои писаронаш чи талук дорад

ХУШДОР
ин хушдор ба тамоми мардум аст ки агар сахмияхоятонро аз Рогун нагиред, окибати хамаатон хамин аст. метавонанд хар касро бо бахонаи майдаяк парвандв ташкил карда, сахмияхои уро ба фоидаи авлоди ояндаи худашон гузаронанд. Аз хукумати авлоди интизори дигар доштан амри махол аст.

Сино
Пойпушихояшро хам хабс кунед ... муфатишой очонсиба лозим!

Ҳудуди 2 миллион сомони ё долар?

Киём
Боз чии Зайд Саидов намонда бошад ки ин Хукуматдорон Хабс накарда бошанд Аз Худо шарм кунед Охирин Туфлихои 500 Долараша хам хабс кунед

МУХОЧИРБАЧЧА
fazila,
САВСАТА ГУФТАНИ ХУДАТРО ХИС МЕКУНИ БА ФИКРАМ ВАЛЕ АЗ НОЧОР ЧУНИН СУХАН МЕГУИ. ИКАДАР И ХУКУМАТ АЙ ЗАЙД САИД ТАРСИД КИ ЮА ГУФТИ АМУ БАРОДАР ТУРСИКШ МОНДАЙ ХАБС НОКАДА ТАМОМ. О ДИЛУ ГУРДАИ СИЁСАТИ МАРДОНАГИРА ПЕШ БУРДА НАМЕТОНЕН. О БА ГУФТИ АМУ ЧАНОБИ КАБИРИ ВАЗИФАХОРА ХОЛИ КНЕН ОХИ ЯК КАСИ ДИГА МУНСИФОНАТАР ДАР ФИКР ХАЛКУ ХУКУКИ БАРОБАРИ МАРДМ БОШАД.

чинояткор дар Африко низ чинояткор аст. Дар ин дунё адолат 100 фоиз мавчуд аст, фасодкору фохиша чазои баробарри кардаашро гирифта истодааст. Чашми давлат тез, тавоноиаш шиддаттар ва корхояш бобарор бод. Омин!!!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)