Баҳсҳои марзӣ дар суҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо Эрлан Абдилдаев
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон, дар пасманзари ҳамоиши вазирони умури хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шонгҳой ё ШОС дар Душанбе Эрлан Абдилдаев, вазири умури хориҷии Қирғизистонро ба ҳузур пазируфтааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури кишвар, мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Эрлан Абдилдаев баъд аз зуҳри 31 июл баргузор шуда, дар он масоили вобаста ба таҳкими муносиботи ҳамсоягӣ, ҳалли мушкилоти марзию ҳудудӣ ва рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои сиёсат, амнияти минтақавӣ, иқтисод ва савдо, нақлиёту боркашонӣ баррасӣ шудаанд.
Инчунин, ҷонибҳо ба таҳкими дӯстии миёни ду ҳамсоякишвар, ҳалли масоили баҳсталаб аз тариқи василаҳои дипломатӣ, пешгирӣ аз низоъҳои алоҳидаи марзӣ миёни ноҳияи Исфараи Тоҷикистон ва ноҳияҳои вилояти Бодканди Қирғизитсон аз тамоми имконоти мусоид таъкид шудааст.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва вазири умури хориҷии Қирғизистон дар ин дидори худ хоҳони халалнопазир боқӣ мондани шарикии пурсамари минтақавии Душанбеву Бишкек шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |