Пирӯзии мунтахаби наврасони Тоҷикистон бар футболбозони то 14-солаи Эрон
Тими миллии наврасони то 14-солаи Тоҷикистон оид ба футбол (U-14) дар доираи омодагиҳо ба даври финалии чемпионати Осиё бо дастаи “Илму Адаб”-и Ҳамадони Эрон қувва озмуда, бо ҳисоби 3:0 дастболо шуд.
Бино ба гуфтаи Меҳроҷиддин Холов, менеҷери яккачини наврасони Тоҷикистон, дидор дар ду қисми 35 дақиқаӣ дар варзишгоҳи “Қудс”-и Ҳамадон баргузор шуд. Голҳоро Ҷаҳонгир Раҳматзода, Аслам Камолов ва Ваҳдат Ҳанонов ба нишон расондаанд.
Имрӯз, 1 август, тими наврасони Тоҷикистон боз як дидори санҷишӣ анҷом хоҳанд дод. Ин навбат онҳо бо дастаи “Толори Ваҳдат” вориди рақобат мешаванд.
Ёдовар мешавем, мунтахаби наврасони то 14-солаи Тоҷикистон дар чемпионати Осиё-2014 шомили гуруҳи “В” буда, бо Кореяи Ҷанубӣ, Тайланд ва Ироқ рақобат мекунад. Дар гуруҳи “А” Эрон, Арабистони Саудӣ, Чин ва Тимори Шарқӣ қувваозмоӣ хоҳанд кард.
Наврасони тоҷик 5 август бо ҳамсолонашон аз Тайланд ба майдон мебароянд. 7 август бо ироқиҳо ва 9 август бо мунтахаби Кореяи Ҷанубӣ рақобат хоҳанд кард. Бозиҳо дар ду қисм 30 дақиқаӣ идома мекунад. Ду дастае, ки дар гуруҳ ҷойҳои аввалу дуюмро мегиранд, ба даври ниманиҳоӣ мераванд. Бозиҳои 1/2 финал 11 август ва дидори ниҳойӣ 13 август баргузор мешавад.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Апрел 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
1 | 2 | 3 | 4 | 5 | 6 | 7 |
8 | 9 | 10 | 11 | 12 | 13 | 14 |
15 | 16 | 17 | 18 | 19 | 20 | 21 |
22 | 23 | 24 | 25 | 26 | 27 | 28 |
29 | 30 | |