Бахшҳо

Ба даст афтодани писари Зафар Аюбӣ барои № ва шишаи сиёҳи "Тойота"-аш

Мақомоти умури дохилии Тоҷикистон Вафо Аюбӣ, писари сарояндаи тоҷик -- Зафар Аюбиро, ки бо номи “Зафарча” маъруф аст, барои рақамҳои тақаллубӣ ва шишаи сиёҳи мошинааш айбдор донистанд. Ин хабар аз сӯи маъмурони Бозрасии Давлатии Автомобилии ВКД тариқи Шабакаҳои давлатии телевизионҳои Тоҷикистон эълон гардид.

Дар гузорише, ки шаби 31 июл пахш гардид, дар қатори дигар вайронкунандагони қоидаи ҳаракат дар роҳ, Вафо Аюбӣ, ронандаи мошини “Тойота Кемрӣ” ҳам намоиш дода шуд, ки бо шишаҳои сиёҳи муҳлаташон гузашта ва рақами гӯиё ғайриқонунӣ ба даст афтодааст. Дар ин навор аз ҷумла гуфта шуд, “нозирони роҳ дар шаҳри Душанбе Аюбов Вафо Зафарович, ронандаи “Тойота Кемрӣ”, рақами давлатияш ВС 44 44 PT 01-ро боздошт намуданд, ки дар пушти мошинаш боз рақамҳои ғайриқонунии худсохтро насб кардааст. Ғайр аз ин муҳлати иҷозатномаи оинаи сиёҳшишаи мошинааш 10 рӯз пеш гузаштааст.”

Ин дар ҳолест, ки чанд рӯзи пеш низ тариқи телевизион боздошти Вафо Аюбӣ дар шаҳри Кӯлоб намоиш дода шуд, ки он вақт ҳуҷҷати ронандагӣ надоштааст. БДА мегӯяд, нисбат ба Вафо Аюбов санади ҳуқуқвайронкунӣ тартиб дода шуд.

Ин дар ҳолест, ки ба иттилои ин ниҳод аз аввали сол дар шаҳри Душанбе 196 нафар бо оинаҳои сиёҳшишаи ғайриқонунӣ, 968 нафар бе рақамҳои давлатӣ, 151 нафар бо рақамҳои бегона, 1072 нафар дар ҳолати мастӣ, 1200 нафар барои итоат накардан ба талаботи кормандони пулис, беш аз 2000 нафар бе ҳуҷҷати ронандагӣ, 254 нафар барои ба вуҷуд овардани ҳолати садамавӣ ва зиёда аз 400 нафар барои иштирок дар ҳаракати гурӯҳӣ боздошт шудаанд.
Мӯҳр
Justice
Хамин хам артист шуду...

Зафарча
Хоча бигу ки ман манам))))

Darveshi Farkhori
Ma tra naguftum ki ... Ay Badakhshon miyoyad nagu!!!!! Bgu ki ay Dangara miyoyad.. Cherez Sebiston Norak meravad..... Khoja bigu ki man manam, man na manam na man manam....

Ээ ин артист не ин посбонаайй....

пирзод
ХУНАРМАНД МИ............
ХАЙР ИНХО АЗ БАЧАХОИ БОЛО........
ХУДАШОН ШОХУ ТАБЬАШОН ВАЗИР....

зиёда аз си сол мешавад ки "Зафарча" дар хизмати мардум асту номаш то хол паст нашуда буд..... ягон конкуренти нав пайдо шудагист...

ман манам
хоҷа бигу ин писари ман на ё ман зафарча на ман мананам на ман манааааааам
ба фикрам зафарча да ягон маърака маст шуда да адреси "ОИЛА" ягончи гуфтагист вагарна дар ин ҳукумат ҳеҷкас қадр надошта боша(олиму зиёӣ ва муҳақиқу муллим) ҳофизу рақоса қадр дора!

ватандуст
Офарин ба кормандони БДА.Агар хамаиаи он фарзандони шахсони вазифадоре, ки коидаи харакати рохро вайрон мекунанд ва хуччатхои мошинашон нодуруст аст, халкро ба воситаи редаксияхо,сайтхои шабакаи интернет,радио ва ТВ хабардор менамуданд боз хам тартиботи чамъияти оромтар мегардид.Зеро аз чунин фарзанд хама безор аст.

Зубайд
Агар Вафо писари ягон камбагал мешуд бовар кунед ин Хукуматдорон ранги Зайд Саид Хукум мебаровардан камаш 10 сол махкамаш мекарданд бо ин ракамхои зиёдати дар кафои мошинаш

Акай Зафар хушёр шавен ки хозир ин номардхои пушти кампютер сар мекунанд коментарияхои ифлосшона. Шумо ба инхо эътибор надихен инхо дар кучаву хона слова надоранд барои хамин дар пушти компютер лахзае худашона герой мехисобанд. Ананимшикхои номард.

Хофизи сари куча. Бо як калима сурудаш сар мешаваду бо хамун боз ба охир мерасад, яъне як калимаро сад маротиба такрор мекунад, ачабо хофизони бемаъни дар сахна зиёд шудаанд. Кани Мукаддас Набиева, Кароматулло Курбонов, Хурмо Ширинова, Дустмуроди Али, Зафар Нозим, Одина Хошим, Мухиддин Точиддинов, Наргис Бандишоева, Муборакшо барин хофизо ?Justice,

Оооооо Дахшат....
Тез ба Орзу Исоев расонен....
Мавзуьи нав.....

Туйгарди мусикор
О хамин Зафарча овозхони гайрикасбист ку!Тара-бум-тара-Номи ман Шанкерали дар прокат кор мекунм Жигули соз мекнм.Чон..чон.чон..оре..оре!

На ман манам
Зафарча ягона сароянда хаст, ки аз даврони Шурави то ба имруз аз муд намебарояд. Чунки у мохирона аз талаботи Бозори КУРБАЗМ истифода карда метавонад. Гарчанде, ки У сарояндаи сатхи чумхурияви нест.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)