Бахшҳо
01 авг 2014 15:48Тоҷикистон / Сиёсат / Видео

Шӯҳрат Қудратов дар додгоҳ: “Агар қасди фирор медоштам...” (ВИДЕО)

Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъ ва муовини боздоштшудаи раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ҳангоми баромадаш дар Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, ҳаргиз қасди фирор аз кишварро надошт ва надорад. Оқои Қудратов ба ин маънӣ аз додрас хост, ӯро аз ҳабси пешакӣ озод намояд.

Ин мурофиа дар пайи шикояти вакили мудофеи Шӯҳрат Қудратов рӯзи 1 август дар Додгоҳи шаҳри Душанбе баргузор шуд. Ӯ гуфт, соҳиби се фарзанди кӯчак ва волидони бознишаста аст, ки ба парасторӣ ва кумакаш сахт эҳтиёҷ доранд. “Агар нияти гурехтан медоштам, як сол пеш, баъд аз СМС-ҳои таҳдидомез фирор мекардам”,-афзуд Шӯҳрат Қудратов.



Ин вакили боздоштшудаи тоҷик дар идома аз вуҷуди баъзе камбудҳо дар “дело”-и худ низ шикоят кард. Бо ин ҳол, Додгоҳи шаҳри Душанбе бо судури як қарор ду моҳ дар боздоштгоҳи муваққат мондани Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеи тоҷикро, тасдиқ кард. Ин қарор бо дархости айбдоркунандаи давлатӣ -- Олимов баъд аз зуҳри 1 август эълон шуд ва, ба ин тартиб, қарори пешинаи Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии пойтахт бетағйир боқӣ монд.

Ҳафтаи гузашта Додгоҳи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе қарори ҳабси Шӯҳрат Қудратовро содир намуд, ки тибқи он Қудратов бояд давоми тафтишоти парвандааш дар боздоштгоҳ нигоҳдорӣ шавад.

Айбдоркунандаи давлатӣ дар баромади худ дар Додгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, парвандаи Қудратов бо масъалаи соҳибкори зиндонӣ Зайд Саидов ва ҳамкори боздоштшудаи ӯ -- Фахриддин Зокиров пайвандӣ надорад, балки қазияи комилан ҷудост. Шӯҳрат Қудратов рӯзи 10 июли соли ҷорӣ аз сӯи маъмурони Оҷонси зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон ба иттиҳоми пешниҳоди 2,5 ҳазор доллар “пора” ба яке аз додрасҳои Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт боздошт гардид. Ҳоло бар асоси се моддаи Кодекси ҷиноӣ алайҳи ӯ парванда боз шуда, тафтиши қазияаш идома дорад.

Ин боздошти Қудратов дар ҳоле сурат гирифта, ки ӯ тайи бештар аз як соли охир аз ҳуқуқи Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии ҳизби Тоҷикистони нав дар додгоҳ ҳимоят мекард. Вай ҳамагӣ як ҳафта пеш аз боздошташ бо як номаи 21-саҳифаӣ ба парлумону ҳукумат, созмонҳои байналмилалӣ ва сафоратҳои кишварҳои хорифӣ дар Тоҷикистон муроҷиат карда, парвандаҳои Зайд Саидовро беасос ва сиёсӣ хонда буд.

Ҳоло аз ҳуқуқи Шӯҳрат Қудратов Раҳматилло Зоиров – раиси Ҳизби сотсиал-демократ ва раҳбари Консорсиюми юридикӣ, инчунин, Исҳоқ Табаров, яке аз ҳамкорони ӯ ҳимоят мекунанд.
Мӯҳр
Номардои беномус маълум буд ки хаминхел мегуфтан, чунки супориш аз боло шудагиай

Ман ягон маротиба надидаам ё нашунидаам ,ки парвандае ,ки худи намояндагони маакомот бевосита ташкилкунандаи ин парванда бошанду шикояти айбдоршаванда конеъ карда шуда бошанд инро ТОЧИКИСТОН гуфтаанд додрасхо аз хочагонашон вобастагии зич доранд ба кавли додрасхо агар мустакилиятро нишон диханду ба он амал намоянд худро афтида мешуморанд

вай пора додан е гирифта наметавонист барои он ки медонсит, ки аз паяш уфтодаанд ва метавонанд шантаж бикунанд. аз ин лихоз шухрат хеле эхтиеткор шуда буд. ин махз подстава аст.

Пурдил
Озодии Шухрат Кудрат, Зайд Саид, Махмадрузи Искандаров, Ëкуб Салим ва кулли махбусони сиëси наздик аст, Ин Шо Аллох!!!!

Тардели
Кишвар дар ботлоки дуругу беадолати фуру рафтааст.

Сино
шухрат бе гунох аст уро тухмат кардед !!!

озоди ба Шухрат Кудратов.Худо хохад хамаи ин тухматгарон шарманда мешаванд.

Сухроб
Бовар кунед бади анчом ёфтани Делои Шухрат Кудратов Хохед нахохед Рахматилло Зоировро ба додгох мекашанд Барои чи барои он ки Шумо адвокати Шухрат Кудратов будед Ё ин ки Шумо Узбак мебошед гуфта Тухматаш мекунанд

Бародарон Бовар Кунед Аз кафои акаи Шухрат Таёр шавад Акаи Рахматилло Зоиров мурдаи Ленинро ба гарданаш бор мекунанд бовар кунед

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)