Бахшҳо

Ҳимояти додрас аз келини ҳиҷобпӯш ва радди даъвои хушдоман

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд даъвои як хушдоманро, ки барои ҳиҷобу намозхонии келинаш мехостааст, ӯро аз писараш ҷудо кунад, рад намудааст.

Дар ин бора ҳуқуқшиноси тоҷик, Файзинисо Воҳидова ба “Озодагон” хабар дода, афзуд, ки хушдоман даъво дорад, аз ҳиҷобпушии келинаш ӯ ва аҳли оилаашон метарсанд. Ӯ дар мурофиаи додгоҳӣ келини ҳиҷобпӯшашро “албастӣ” унвон карда, талаб доштааст, ки аз фарзандаш ҷудо шавад.

Ба иттилои Воҳидова хушдоман ба ҳайси шоҳид келини калонии хонадонро, ки либосҳои аврупоӣ мепӯшад, ба додгоҳ оварда ва ӯ низ шоҳидӣ додааст, ки аз ҳиҷобу намозхонии келини хурдӣ фарзандонаш метарсанд.

Шавҳари ин зани ҳиҷобпӯш, ки ду фарзанд доранд, бо баёни мухолифташ ба ҳиҷобпӯшии ҳамсараш таъкид намудааст, ки намехоҳад аз ӯ ҷудо шавад. Ӯ гуфтааст, аз занаш намозхониро ёд гирифтааст ва ба хотири ду фарзандаш намехоҳад аз ӯ ҷудо гардад.

Ба иттилои Воҳидова додрас дар ин мурофиа аз келини ҳиҷобпӯшу намозхон ҳимоят намуда, изҳор доштааст, “аз кӯчагардию урён гаштани занҳо намозхонӣ ва аз Ислом бохабар будани зан барои мустаҳкамии оила ва тарбияи фарзандон мусоидат мекунад.”

Додрас зимни радди даъвои хушдоман таъкид намудаст, ки низоми давлати мо демократист ва касе ҳаққи дахолат ба ҳаёти шахсии нафари дигарро надорад: “Пайравӣ аз дин ва либоспӯш низ ихтиёри ҳар шахс аст.”
Мӯҳр
Точикак
хайр хич чои ачоибот надорад. Ислом дар хучанд аслан хеле ва хеле кадраш паст шудааст ва мардуми шарифи ин шахри кадим аз худо дуранд(на хама албатта, аммо аксар). Хануз даврони донишчуи дар мохи рамазон ошхонахои бозро дида ба хайрат меафтодем, холо бошад ин русиёхиро бинед. Ин чо мумкин ягон бахонаи дигар аст, аммо нахостанд ки он фош шавад. Дигар ин ки худованд хамаи моро хидоят кунад...

Чупон
Ин модар не т! . Наход оилаи фарзандатро вайрон куни ?
Гар май нахури таъна мазан мастонро... Намоз намехони кордор нашав жар намозхонии келинат. !!! Озодагон чоп кун бе каму кост!!!

кукткутӣ
Вой аз дасти ин гуна модар. Наход, то ин дараҷа раҳгумзада бошед?!

Мухаммад
бар ту барин зани точик.... Аввалаш Худо ту барин модари гумрохро хидоят кунад ва илло хору залил мешави...

Хушдоман ва келини калони мусалмонанд ё христианка? Агар мусалмон бошанд таклиф дорам вакте мурданд чаноза карда нашаванд ва дар кабристони мусалмонон гуронида нашавнд барои нооромии рухи гузаштагон. ба келини хурди намозро тарк накунед. Дар масъалаи хичоб бошад хичоб пушидан шарт нест бо руймоли калон ва анчоми точики худро панах кардан мумкин.

Далер
Ручуъи тамоми мо ба суи Аллох аст! Модари номухтарам ин хичобу намозе ки сабаби бедор шудани нафрати ту шуда бошад... Ин амри Илохист! Модаре ки Синову Румиву Бедилу Чоми ба дунё овард имруз ин сухан аз забони модари тоик садо медихад ин маро ба шигифту таачуб афтонд! Синое ки имруз мо аз точик будани у мефахрем Хамон Синоест ки дар хурди бо хидояти падару МОДАР дар синни 6 солаги кории куъон буд! Халки азизу мехрубонам худ як бор тахлил карда бароед... тамоми бузургони дар боло зикр шуда тахкурсиии илмашон аз илми исломи азиз манша мегирад!

Н
Ин хушдомани дузахиро

Ин хуштоман аз шайтон чанд кадам пеш мемонад товба... наход инсони боакл аз намозхони ва либоспуши як фарди хонаводаи худаш тарсад....ба фикри ман ин зан дар ягон дину махзаби дунё нест. Ин зан бемории равони хаст ба духтури равоншинос мурочиат кунанд ..... хочат ба судкаши нест... Маслихати ман ба ин зану шавхар Шумо аз ин хонавода чудо зиндаги кунед бо тамоми шароити исломии худатон... агар хонаатон як хаскаппахам бошад худованд аз нури худаш ин хонаи Шуморо равшан мекунад... ин хуштомани худобехабар аз чинси оташ хаст Шуморо дар оташи худаш месузонад...ба ин коре надошта бошеддд...

Тахтабанд
Офарин ба ДОДРАСИ Худотарс ва Демократ.Худовандо сафашона зиёд гардон, то ки адолат дар чомеаи мо хамеша пойдор монад.

yo Alloh ba mo chishudaast naxod az hijob tarsad odam? durugi mahz in zani ablahro(xushtomanashro) boz pursi shoyad meguyad alhamduliloh musulmonam .. az in hijob agar tarsi charo fikri oxiratro namekuni dar qabr magar nametarsi? az pursandaho ki bo otash bo ohan omada turo mezanand in zanro janoza kardanash joiz nest kase ki mukobili yak farzi ilohi mebaroyad kofir ast satr farz ast pas xudaton fikr kuned

Адаб
Дар хакикат аксари мардуми ин шахри кадимаи точикон аз ислом фарсаххо дур шудаанд. агар дар назди онхо аз ислому мулло гап зани, чехраашонро турш мекунанд. На хамаашон албатта

идеолигияи вайрокунандаи давлат ба чонхо устухонхо, хунхо таъсир расонидааст, ки мусалмонбача аз хичоб метарсад. Камунист, Зардушт, Протест,Будистхо хукматихо

хамсоя
о ин бо келиди калониашон фохишаги мекунан келини хурди чандбор капида насихат кардабудан бахамин хотир хостан оилашонро вайронкунан локин тирашон хок хурд хамсоя шармдоред

Бовари намеояд, наход ин гуна одамон бошанд дар чомеаи мо ?

Тарафдор
Офарин ба додраси ба ору номус, холис, ростгу, демократ ва мусалмони точик! Ин додрас лоики чоиза аст, бояд кадрдони шавад!,
Баъдан ба ин хохари хичобдорхам офарин мегуем, шумо фахри дину миллати мусалмони точикистон мебошед, ин амали шумо нишонаи ору номус, имону ифат ва сарбаландии шумост!
Вале мутаасифона ба ин хушдоман гуфтаниям, ки шумо хато кор, гумрох, ва чинояткор хастед!, шуморо бояд тарбият, насихат ва табобат кард!!! Худо хидоятат кунад!

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)