Ширкати тоҷикистонӣ соҳиби Airbus шуд
Ширкати ҳавопаймоии Тоҷикистон, “East Air” тариқи лизинг соҳиби тайёраи Airbus A320 шуд.
Дар ин бора ба “Озодагон” Тимур Бандишоев, котиби матбуотии “East Air” хабар дода афзуд, ки тайёраи нав тибқи як шартномаи дарозмуддат аз як ширкати туркӣ гирифта шуд.
Ба иттилои манбаъ феълан ин тайёра дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа қарор гирифта, интизор меравад, ки дар самтҳои муайяннамудаи ширкати East Air парвоз мекунад.
Ширкати ҳавопаймоии East Air дар бозори Тоҷикистон аз соли 2007 фаъолият дошта, аз Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ба самти Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Новосибирск ва Оренбург ба мусофиркашонӣ машғул аст.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2024 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 | 5 |
6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 | 12 |
13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 | 19 |
20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 | 26 |
27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |