Бахшҳо

Номгузории яке аз мактабҳои Душанбе ба исми Абдулҳақ Оев

Мактаби миёнаи рақами 97-и шаҳри Душанбе, ки дар маҳаллаи “Авул”-и пойтахт ҷойгир аст, ба номи Абдулҳақ Оев -- проректори Донишгоҳи техникӣ ва муовини собиқи Маҳмадсаид Убайдуллоев дар умури роҳу нақлиёт гузошта шудааст. Оқои Оев дар пайи садамае, ки 24 майи соли ҷорӣ дар Варзоб иттифоқ уфтод, ҳамроҳ бо Абдуқаҳҳор Турсунов ва Облоқул Сангинов -- устодони Донишгоҳи техникӣ ба ҳалокат расид.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ин ҳодиса гуфта буд, ин се нафар ҳамроҳ бо Кашуба Владимир, ноиби раиси Донишгоҳи техникии Братски Русия, дар мошинаи “ГАЗ-3102”, ки Умед Бақоев идора мекард, дар километри 47-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд, ба садама дучор мешаванд. Ба қавли манбаъ, мошин ба дарёи Варзоб чаппа шуда, танҳо ду нафар аз мусофирон – Умед Бақоев ва Кашуба Владимир – ҷон ба саломат бурдаанд.

Абдулҳақ Оев, муовини собиқи шаҳрдори Душанбе дар умури роҳу нақлиёт, моҳи январи соли ҷорӣ аз мақомаш барканор гардида буд. Худи Оев гуфта буд, ба далели аз ҳад зиёд будани кораш чор бор аризаи истеъфояшро навишта ва мехоҳад, бештар ба илм машғул бошад. Қарори номгузории яке аз мактабҳои миёнаи пойтахт ба номи Абдулҳақ Оевро вакилони Маҷлиси шаҳри Душанбе содир кардаанд.

Бар асоси қарорҳои дигари ин маҷлис, мактаби рақами 87 ба номи Шодон Ҳаниф ва мактаби рақами 72 ба номи Гулчеҳра Сулаймонӣ – адибони тоҷик номгузорӣ шудааст. Инчунин, кӯчаи “Молодая гвардия” ба номи Рустам Каримов, “Крупская” ба Ашӯр Сафар ва мактаби миёнаи рақами 35 ба номи Рустамбек Юсуфбеков иваз карда шудааст.
Мӯҳр
Ахлиддин Хисори
Амали хайр. Афроди арзанда хастанд.

Кабул
Зиндаву човид монд харки накуном зист,.

Саид
Бехтарин икдом ба хотири гиромидошти устод Оев

Фирдавс
Хамчун муовини шахр Абдулҳақ Оев оид ба наклиет дар ин чода ягон пешрави набуд. Яке аз фасодтарин соха дар шахр. Ман хамчун шахрванди шахри Душанбе зидди ин икдом хастам.

Tajik
Барои кадом хизматхояш?

сафо
Оев?? сар шуд турку мугулпарастии халки точик!

барои кадом хизмати мардумИи Душанбе? е ягон ракета ихтисос шуд?

Ба фикри шумо, Фирдавс, пурра рози хастам. Мархум Абдулхак Оев дар сохаи наклиет ягон пешравиро ворид накард, танхо мушкилихо буданду халос.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)