Бахшҳо

Шаҳрияи Аҳтамзод: “Фаластино, машав навмед зинҳор!”

Маҳкумияти ҳамлаҳои хунини нерӯҳои Исроил ба манотиқи маскунии Фаластин аз сӯи намояндагони аҳли фарҳангу адабиёти тоҷик идома дорад.

Баъзе аз шоирони тоҷик ин иқдоми Исроилро, ки мунҷар ба кушта шудани беш аз 1 ҳазору 400 нафар фаластинӣ гардидааст, маҳкум карда, пайравони дини мубини Исломро тавассути ашъори худ ба иттиҳод даъват кардаанд. Мушкилоти Фаластину бедодгариҳои Исроил даҳсолаҳо боз вуҷуд дошту дар адабиёти тоҷик то ҳол инъикос наёфта буд, вале ҳафтаҳои охир дар шабакаи интернет чандин шеър дар ин мавзуъ ба нашр расидааст.

Аз ин пештар, шоирони дигари тоҷик, аз ҷумла Рустами Ваҳҳоб, Озар Салимов, Аслиддини Ҳисорӣ, Рустами Аҷамӣ низ дар ҳаққи мардуми азиятдидаи Фаластин шеърҳо гуфта буданд.

Исфандиёри Назар, шоири тоҷик, дар мисраъҳое аз ашъори худ ба мусулмонони ҷаҳон хитоб кардааст, ки дигар замони муттаҳид шудан расидааст:

“Рӯ сӯйи Ғазза орем, чун мавсими ҷиҳод аст!
Вақти ба ҳам расидан, айёми иттиҳод аст!
Душман-яҳуди қотил, душман - яҳуди мардуд,
Қавме, ки зикри зишташ аз осмон фитодаст.
Бар оштӣ чи хонӣ онро, ки қотили туст?
Аз дӯстӣ чи ронӣ ҳарфе, ки рӯйи бод аст?
Аз интиқом бояд гуфтан ҳамора инҷо,
Аз инқилоб бояд гуфтан, ки бар мурод аст.
Бар душмани Илоҳӣ созиш наметавон кард,
Ин ҷо бародаре нест, инҷо ҳамон Шағод аст.
Ин ғусса менагунҷад андар навори дида,
Чун дар навори Ғазза зулми адӯ зиёд аст.
Фарёди “Ё Фаластин!” бо оташи мусалсал,
Ҳам инфиҷор додан – эй халқ, иҷтиҳод аст”.


Шаҳрияи Аҳматзод, шоираи шинохта, низ аз рехтани хуни тифлакони фаластинтӣ дар пайи ҳамлаҳои хунин ва ваҳшиёнаи Исроил ба навори Ғаззаи Фаластин андуҳгин шуда, аз даргоҳи Худованд марги омилони ин қазияро хостааст:

“Фаластин оташу фарёду озор,
Муҳаббатхонаи бар ғам гирифтор.
Хазонолудае андар баҳорӣ,
Зи дасти он яҳуди мардумозор.
Гулула бар сарат чун жола резад.
Ҳавопаймои он наҳси сияҳкор.
Дареғо, кӯдакони ноз-нозат.
Бимиранд андаруни сабзи гаҳвор
Тасаллои дили модар бикуштанд.
Надорад ӯ дигар ҳамроҳу ғамхор.
Ба гушам нолиши ҷони ту ояд,
Худоё, Карбало омад дигар бор?!
Шаҳидони ба хун оғӯштаи ту,
Пурармон рафтаанд аз даҳр ночор.
Зи хоки ҳасрати гулгулкафанҳо,
Бирӯяд лолаи доғи ту бисёр.
Ҳавасҳои дилат куштанд яҳудон.
Туро аз зиндагони карда безор.
Суруди "Воалам" бинвиштамат ман,
Ки аз дарду ғамат гаштам дилафгор.
Фиғону алвидоъву гиря имрӯз,
Гиребонат гирифта чун гунаҳкор.
Дуо созам, ки гирӣ хунбаҳоят,
Сари онон шавад шоистаи дор.
Фаластино, машав навмед зинҳор.
Туро бошад Худо ёру мададгор”.


Беҳрӯзи Забеҳуллоҳ, шоири тоҷик, низ дар шеъри нави худ аз бетарафии мусулмонони саросари олам дар робита ба ҳаводиси охири Фаластин ибрози таассуф карда, аз онҳо хостааст, ба ҳимояти ҳамақидаҳои худ бархезанд:

Эй войи ин тани сард, эй войи ин тани зор,
Эй войи ин дили танг, эй войи он дилозор.

Ин ҷо ҳама шаҳид аст, ин қуфл бекалид аст,
Он ҷо ҳама рақибе бераҳму сахт хунхор.

Ин ҷо ба санги беҷон доранд ҷонфишонӣ,
Он ҷо ба сад васила ҷон мебаран ба такрор.

Аз осмони Ғазза борони тир борад,
Ҳар ҷо фитода бинӣ наъше ба зери девор.

Моро чи шуд худоё, бас бехабар нишастем,
Аммо бародари мо афтода зери рагбор.

Дигар бас аст ғафлат ёрони бемурувват,
Юсуф фитода дар чоҳ аз фитнаҳои ашрор.

Дишаб ба зеҳнам омад тасвир аз Фаластин,
То субҳ гиря кардам з-ин ҳолати асафбор.

Бӯи ғализи борут, ашку ҷанозаву хун,
Занҳои ғарқи мотам, тифлони бепарастор.

Шаҳре мисоли арвоҳ, сокиту куру гумроҳ,
Аҷсоди тика-тика, ашбоҳи ваҳм бедор

Ин сарзамини ҷовид, имрӯз ғарқи хун аст,
Як дашти лолагун аст аз куштаҳои бисёр.

Эй уммати сарафроз, бархезу чанг андоз,
То ҷои худ нишонем ин душмани табаҳкор”.
Мӯҳр
Фарход
Худованд хайратон дихад, рушанфикрони вокеъии миллат! Зихи, бону Шахрия!

Саидчон. Якутия
Худованд каламатонро бурро гардонад.

Бандаи Худо
Ами Занака бугу Шумо аввал брен дар сарут як руймола банден (пушонидани сар дар куръони мукаддас хамчун фарз барои занхои мусулмон кайд шудааст) ва бишину сари чойнамоз дуъо кин ин бехтар аст, азоне, ки 3, 4 варак шеър эчод мекунед дар бораи мардуми чабрдида. Онхо ба шеъри хеч каси мову Шумо эхтиёче надоранд. Дар хакашон бояд дуъо кард, ва ё хаддиакал якто хисоби бонки кушодан даркор барои онхо як микдор пулле чам кунем ва ба онхо (чабрдидагони Фаластин/Газа) равон кунем ин бехтар аст ба фикри ман. Худованд моро дар панохи рахматаш нигах дорад ва аз Душманони ислом моро дар амонаш нигах дорад.

ВАЛИ
БЕХТАРИН
АЗ КУМИТАИ ДУН ВА ШУРБОИ УЛАМО БЕХТАР..
ИН АСТ ХАМДАРДИИ ИНСОНИВУ ИМОНИ.....
ЗИХИ МОДАРИ ТОЧИК ШАХРИЯБОНУ....

Мехр
Худоё, ончунон кун, то фардо дар назди ту сарбаланд бошанд. Худоё бар дилхои мо низ рахм андоз то дар хакки бародарони мазлумамон дуо гуй ва хампайкари онон бошем! Худоё ту рахбарони моро шавкат дех то нисбати ин золимгари бетараф набошанду хакки бандагии худро адо намоянд.
Дишаб аз хоби гафлат бедор гаштам ногах,
Омад зи кунчи хона фарёди чонках ногах,
Эй хуфтаи зи чогах бархезу як дуо кун,
Охир "ТИФЛАКАМ" ман хунам бирехт, бадбахт.!!!!!

фируз
э точикони содда ба тозиен чи кор доред ин чанг бо айби арабхо сарзадаастгами точиконро хуред дар васфи мухочирони сарсахт сароед чи магар дигар мущкилот гнест аввал мушкилоти худамонро васф кунед пас биниатонро ба дигар чой халонед.

адолат
Бандаи Худо,
Хамин зани бехичоби адолатхохро аз хамун муллохои сари минбари ришу салладор дошта, ки хомуши ихтиер кардаанд боло медонам. Офарин апаи Шахриябону! Зани бо нангу номуси точик.

Офарин ба шоирони тавонманди точик.Кош намунаи дигар шоирони точикро ки дар дифо ва химоят аз Фаластин шеър суруда будандро инчо низ меовардед ва ин метавонист омили хубе бошад дар шинохт ва муаррифи ишон барои чомеаи адабии точик

абдуллох
Аз ун касоне ки худашонро олим мегуянду хомушанд бехтар шукр ки инхели занхо хастанд дар чомеаи мо

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Май 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
 12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)