Бахшҳо

Раҳим Масов: “Ҷонибдори мақоми давлатӣ гирифтани забони русӣ ҳастам”

Раҳим Масов, раиси Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улум, мегӯяд, тарафдори статус ё мақоми давлатӣ гирифтани забони русӣ дар Тоҷикистон мебошад. “Шахсан ҷонибдори додани сатуси давлатӣ ба забони русӣ дар Тоҷикистонам ва аз он ҳимоят мекунам”,-изҳор доштааст ӯ дар суҳбат бо торнамои русзабони “Евразийское развитие”.

Масов дар шарҳи гуфтаҳояш афзудааст, дар ниҳоди зертобеи ӯ гузаронидани таҳқиқоти илмӣ на танҳо бо забони тоҷикӣ, балки бо забони русӣ низ ба роҳ монда шудааст, чун ба гуфтаи Масов, забони русӣ забони мубодилаи илмӣ дар кишварҳои пасошӯравист. “Бо тавсияи мо Шӯрои дисертатсионии ҳимояи доктории Пажӯҳишгоҳи таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи улуми Тоҷикистон тавонист, ба ғайр аз забони англисӣ забони русиро ҳам ворид созад”,-илова кардааст ӯ.

Раиси ин пажӯҳишгоҳи Тоҷикистон таъкид кардааст, ҳоло дар кишвар забони русӣ паҳну барои рушду пешрафти он талошҳо бояд анҷом дод: “Агар дар зовия қарор гирифтани забони русӣ ба мисли 20 соли охир дар кишварҳои Осиёи Марказӣ идома ёбад, пас дар ин ҳолат фосилаи фарҳангӣ зиёд хоҳад шуд. Барои муваффақ шудан дар рушду пешрафти забони русӣ мавқеи ҷиддии Русия дар робита лозим аст. Маскав набояд аз дастгирӣ ва сармоягузорӣ дар мавриди рушду пешрафти ин забон ҳарос дошта бошад. Чун аз ҳама роҳи таъсирноку умедбахш ин сармоягузорӣ мебошад.”

Ба гуфтаи ӯ, Русия дар рушду пешрафти тамаддуни АвруОсиё ва тақвият бахшидани равобити мардуми Иттиҳоди Шӯравии собиқ нақши калидӣ бозидаасту мебозад. “Нақши муҳимро дар рушди тамаддуни Шӯравӣ забонӣ русӣ дошт”,-афзудааст Масов.
Мӯҳр
ххххх
Рахим Масов бояд аз ин гуна бегонапарасти шарм дорад.

Ватанам СССР
То ончое, ки ман хабар дорам ин "академик" бо забони модарии худаш (точики) озод сухбати кардан наметавонад ва мушкили шахсии худашро ба хамаи мардум тахмил карда истодааст.
Чаноби "академик" ин мушкили шумост ва ман хуб мефахмам, ки шумо кадрхои Шурави хастед ва барои насли шумо бисёр мушкил аст истифода аз забони точики.
Вале ин мании онро надорад, ки шумо сарвари як корхонаи фахангии давлатй тарафдорй аз фарханг ва забони бегона кунед. Аввал Точикро бо забони модарии худаш сухбат кардан биомузонед, баъд аз дунболи фарханг ва забонхои бегона шавед.

Фирдавс
Шахсони ки шиносномаи русия доранд бояд аз сохтори давлати бароварда шаванд, вагарна мо на чохиби истиклолият хастем балки ба мустамликаи муосир табдил шудеми русия.

Вой бар холи модари ин миллат... чунин олим ба дунё овардааст... ин шахс таърихи халки Точикро навистааст... чи шудаст ба ин миллати ман, ки пеши рохи масчидравхои то 18 соларо мегиранд! сатр кардани зан мусулмонро пешгири мекунанд! никохи мубораки хешу табориро манъ мекунанд... ба хотири пул шуда забони модариро гум мекунанд.... Лоик Шералии зиндаёд кучо шуд бар ин Масов шеърашро месуруд....
Аз тамоми ину он гумкардагон,
Зиштрутар нест дар руи чахон.
З-он ки гум карда забони МОДАРИ,
Харф гуяд бо ту бо чандин забон.
Бок не, гар довари гум кардааст,
Ё умеди сарвари гумм кардааст.

ЗАХР БОДО ШИРИ МОДАР БАР КАСЕ,
К-У ЗАБОНИ МОДАРИ ГУМ КАРДААСТ.

Мухаммад
Ё тавба ин одам аклашро хурдааст фавран аз вазифааш сабукдушт карда шавад.Худовандо ин рузхоро хеч гох нишон надех. Омин.

99
Пир шудӣ!
Беҳтараш хомӯш бош, ки аз ҳамин обурӯят ҳам намонӣ!!!
Маълум шуд, ки он "табартақсим"-ро ту нанавиштаӣ!!!

Сиоч
Забони давалатии Точикистон факт ва факат забони Точикист ва ман хамчун як шахрванди одди бо ин гуфтахои Масов мухолифам.Чун ,ки Росия як давалати комилан госибгар мебошад ва алъон дар ходисахои Укроин шохид шудем.Касе ,ки ба забони Руси шавку рагбат дорад мархамад ба Росия рафта кору фаъолияташро пеш барад.

салмон
Ин болшевикхо дар чи хаеланд ба чои ин ки ба хати ниегон баргарданд. Боз раиси пажухишгохи таърих.

Ин олим аклаша хурдас... О забони точики дар навбати худ статуси забони давлатиро дар Русия мегирад? Харгиз не! О барои чи мо бояд чунин пойандоз барои халкияту миллату забони бегона шавем??? Ин одам дар вакташ тарафдори ашадии давлати таърихии Сомониён буда, акнун риштаи назмашро 180° иваз кард ку?? Русхо дар Точикистон кам хастанд ва ман шахсан ягон асосе барои макоми давлати додан ба забони онхоро намебинам. Забони точики ягона забони давлати хохад монд!!! Халос!

Кайхони Китоби
Хатман хати порсиро бояд чори кунем.Зеро порси забони илм буда,хамаруза дар Ирон тарчумахои кашфиётхои илмхои нанотехнология ва фановари аз инглиси ва дигар кишвархо бо ин хат тарчума мешаванд.Бубинед телевизиони афгонхоро муколамаи як дехкони бесаводаш бо журналистон аз баромаду сухангуии олимони точик болотар аст.Асолату фахмиши миллиро аз даст додаем.Забони тиочикиро танхо тарики хатти форси метавон илми кард.Дигар чойи бахс инчо вучуд надорад.

Салим
Садкаи муи сари сафед шавм масов

Бехуш
Додани статуси давлати ба дигар забонхои АЧНАБИ - ин баёнгари таъкири арзишхои милли ва ба худкуши баробар аст. Забони ТОЧИКИ- ФОРСИ худ табиатан дорои потенсиали бузурги илми-фарханги, мадани, эчодкори ва ихтирооту навоварии фаннист, ки инро дар таърихи хазорсолахо фарзандони бузурги У собит сохтааст. Махз ба "шарофати" забони Ленин ва забони "Инколоби Октябр" мафкураи миллати мо захролуд, карахт ва ба дарачаи шакли манкуртизми асри 20 оварада расонида шуд. Илова ба ин, мухтарам РАХИМ МАСОВ - сарзамини мо ТОЧИКОН ТАПОРНОЕ РАЗДЕЛЕНИЕ гардид. Хама забонхои дунёро бояд омухт ва факат аз руи зарурати илми, ки ба он мутахассисон вобаста карда шудааст, ба мисли худи Русхо, Амрикоихо, Яхудхо,Олмонхо,Инглисхо,Фаронсавихо,Чопонх
о,Чинихо,Куриё.. ва набояд дар шакли ИДЕОЛОГИЯ бар сари мардум бор кард.
Хар кас ки бо забони худ сухандон гардад,
Донистани сад забон осон гардад.

ыв
тоҷик
меган мурча як кулмаки обро мебина д мегуяд аҷаб баҳре
ин ҷаноби Маов ҳам илму дунё ва ҳамаи ҳастии худро дар ҳастии Русия мебинад
Шумо ки ба илми география аз ҳама бештар огоҳед як назар андозед ба харитаи ҶАҲОН
пас онҳое ки бе забони русӣ ба мериху нонотехналогия расиданд оё муъҷизаи осмонӣ барояшон шудаст?!
мо агар русӣ надонем(ки моро маҳдуд ба кишварҳои пасошуравӣ мекунад) ва бо англисӣ, фаронсавӣ ва арабӣ илмро дунбол кунем оё ба Туркистон равонем?!

Ё вақти пенсия баромаданатон шудаст устод мисли дигар чиновникои зирак ки фамиляшона барои пенсияи русӣ иваз накарданд Шумо ҳам ҳомии Русия ва забони русӣ шудед

Мухаммад
Пир шудаи огои Масов

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)