Боздошти “Малыш” ба иттиҳоми азхудкунии 8 млн. рубли як чинӣ
Пулиси шаҳри Маскав дар қазияи ҳамла ба як шаҳрванди Чин ва азхудкунии 8 миллион рубли русӣ се шаҳрванди Тоҷикистонро муттаҳам менамояд. Раёсати умури дохилии Маскав мегӯяд, рӯзи 30 июли соли ҷорӣ як шаҳрванди Чин дар ноҳияи Капотня аз сӯи афроди номаълуми мусаллаҳ мавриди ҳамла қарор гирифта, аз мошинаш 8 миллион рубли русӣ рабуда шудааст.
Ба иттилои манбаъ, алайҳи ин ҳодиса бар асоси моддаи 162-и Кодекси ҷиноии Русия парвандаи ҷиноӣ боз шуда, дар пайи гузаронидани амалиёти фаврӣ-ҷустуҷӯӣ рӯзи 1 августи соли ҷорӣ се шаҳрванди Тоҷикистон ба иттиҳоми даст доштан дар ин қазия боздошт шудаанд. Манбаъ дар шарҳи гуфтаҳояш афзудааст, яке аз боздоштшудагон бо лақаби “Малыш” маъруф асту раҳбари гуруҳ мебошад.
Раёсати умури дохилии Маскав гуфтааст, ба эҳтимоли зиёд ин се шаҳрванди Тоҷикистон дар қазияҳои дигар низ даст доранду ҳоло ба ҳабси пешакӣ маҳкум шудаанд.
Мӯҳр
ТАҚВИМ
« Май 2025 » |
---|
Душ | Сеш | Чор | Пан | Ҷум | Шан | Якш |
---|
| 1 | 2 | 3 | 4 |
5 | 6 | 7 | 8 | 9 | 10 | 11 |
12 | 13 | 14 | 15 | 16 | 17 | 18 |
19 | 20 | 21 | 22 | 23 | 24 | 25 |
26 | 27 | 28 | 29 | 30 | 31 | |