Бахшҳо
05 авг 2014 15:24Тоҷикистон / Сиёсат

Тафтиши ҳуҷҷатҳои Хайрулло -- писари Зайд Саидов аз сӯи Оҷонсӣ

Бахтиёр Юсуфов, сардори Раёсати пешгирии коррупсия дар Оҷонси мубориза бо фасоди молӣ дар Тоҷикистон, вуҷуди парванда алайҳи Хайрулло Саидов – писари бузурги Зайд Саидов, соҳибкор, вазири собиқи саноат ва раҳбари зиндонии ҳизби Тоҷикистони навро рад кард.

Ӯ гуфт, агарчӣ дар масъалаи Зайд Саидов парвандаҳои нав ҳастанду мавриди тафтиш қарор доранд, аммо нисбат ба писараш ҳанӯз айбномае вуҷуд надорад. “Агар чунин гап мешуд, хабардор мешудем. Умуман дар ин бора дар Оҷонсӣ ҳеч гап нест”,-гуфт Бахтиёр Юсуфов.

Ин дар ҳолест, ки Хайрулло Саидов мегӯяд, ҳоло мақомоти Оҷонси зидди фасоди молӣ дар Тоҷикистон ба дунболи тафтиши як камбуд дар ҳуҷҷатҳои ӯянд. Ба қавли писари Зайд Саидов, гап сари иваз шудани соли таваллуди ӯ дар шиносномааш дар нуздаҳ соли пеш меравад, ки барои таҳсилаш дар Эрон зарур шудааст. “Ҳоло мехоҳанд, ин корро ҳам бар зарари падарам анҷом диҳанд”,-изҳор дошт ӯ.

Хайрулло гуфт, соли 1995, вақте дар Маскав зиндагӣ мекарданд, ӯ чаҳордаҳсола буд ва барои гирифтани шиноснома чаҳор сол худашро бузургтар нишон додааст. “Ин барои таҳсили ман дар Эрон лозим буд. Баъд аз ду соли курсҳои омодагӣ ва ду соли таҳсил дар Донишгоҳи Фирдавсӣ, соли 2000, ба Донишгоҳи технологии Душанбе омадам. Ҳоло Оҷонсӣ ин камбудро дар санади ман пайдо кардааст”,-мегӯяд ӯ.

Хайрулло Саидов, писари бузурги Зайд Саидов, соҳибкори маъруфи зиндонист, ки 33-сола буда, ширкати “Тоҷсохтмон Байналмилал” ба ӯ тааллуқ дорад. Ин ширкат баъзе аз биноҳои истиқоматии баландошёна, аз ҷумла бинои “Душанбе-Плаза” дар маркази шаҳри Душанберо сохтааст.

Худи Зайд Саидов, ки моҳи декабри соли гузашта ба 26 соли зиндон маҳкум шуда буд, ҳоло дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Мақомот ӯро дар суистфода аз мақому тақаллуб ва таҷовуз ба номус айбдор эълон карданд. Саидов рӯзи 19 майи соли 2013, баъд аз як моҳи эълони азмаш барои таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, ҳангоми бозгашт аз Фаронса дар фурудгоҳи Душанбе боздошт гардид.
Мӯҳр
Рамаданский
Хайруллочон вообше Шумоба гап нест. Пул ки бошад умри инсона пешу кафо бурда мешудааст.

Шавалский
Рамаданский,

барои илм омузи чи корхое ки намешудаст кард
талаби илм фарз аст

Рамаданский
Чи гуфтаниед, ки такаллубкориам фарз аст.

001
Ё ТОБА НА АЙБАЙ НА ШАРМ И МАРДУМДА ФОРДО ЧИ ЧАВОБ МЕДОДА БОШАН БО ЧУНИН ГУНОХХОИ АЗ КУХДАМ КАЛОН.
Касам ба Худо ТО ЗАМОНЕ КИ Зайд Саид рози нашавад ва гунохони инхоро набахшад, буйи бихиштро эхсос намекунанд дар рузи киёмат, дидану даромадан ба Бихишт теемболи.

Зафар
Э бародаро монед Хайрулоро биёед аз Писари Хукумов коро сар кунем бад мардум донанд ки ки гунахгор асту ки бегунох Писари Хукумов сари 3 камбагалро хурд хеч гап не боз падараш мегуяд ки асабош вайрон шидан барои табобат ба Германия рафтааст Аз худо шарм кун мухтарам Чаноби Хукумов

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)