Бахшҳо

Абдураҳмон Қодирӣ хоки Камоли Хуҷандиро аз Табрез меорад

Ҳукумати вилояти Суғд бар раҳбарии Абдураҳмон Қодирӣ тасмим гирифтааст, хоки Камоли Хуҷандӣ – шоири шинохтаи қарни 14-ро аз оромгоҳаш, воқеъ дар шаҳри Табрези Эрон, ба Хуҷанд биёрад. Масъули дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд, маркази Суғд, мегӯяд, дар ин замина бо мақомоти шаҳри Табрез алакай ба мувофиқа расидаанд.

Ба қавли мусоҳиби мо, хоки Камол дар Боғи ӯ, ки дар паҳлӯи Осорхонаи вилоятӣ дар ҳоли бунёдшавист, гузошта хоҳад шуд. “Ин боғ аз ҳисоби буҷаи вилоят пурра таъмиру таҷдид гашта, тарҳи меъморӣ ва ороиши он ба эрониён мутааллиқ аст”,-гуфт масъули дафтари матбуоти шаҳрдории Хуҷанд.

Камоли Хуҷандӣ яке аз шоирони шинохтаи форс-тоҷик дар қарни 14-уми милодист, ки аз маркази Суғди ҳозира ба Табрези Эрон рафта, дар он ҷо иқомат ихтиёр мекунад. То кунун танҳо як муҷассамаи Камоли Хуҷандӣ дар маркази шаҳри Хуҷанд ҷойгир буда, баъзе аз кӯчаву хиёбонҳо ва мактабҳои Тоҷикистон низ ба исми ин шоири шинохта номгузорӣ шудааст.
Мӯҳр
Механи
Дар гариби чон ба сахти мебарад мискин Камол..,.
Ту ватан дори, дигар гариб наи,
Баъди хичрат, хамватан хуш омади.

хоксор
точикон и асил як пурсише пайдо шуд амоли хучанд баройи чи ба шахри туркнишин рафту ба ягон шахри дигари форснишин рафта хок нашуд.

Абдусамеъ
Ин хафта ман сафар дорам ба Ирон. Хоки Камолро чи кадаре гуед меорам. Бехуда пули давлатро сарф накунед. Пули сарф мекардаатонро ба хонаи ятимон дихед. Хох нохох ман "по пути" Чидди мегуям. .....

Дер кардед, 18 сол дер кардед. Соли 1996 як гурух эчодкорон ба мисли зиндаёд Абдуманнон Насриддинов, Озарахш, Анвари Олим, Илхоми Чамолиён, Абдусалом Нарзуллоев ва диг. ба Эрон сафар доштанд ва як филмеро ба муносибати чашни 675 солагии Хоча Камол тахия карданд. Хамон вакт аз Ирон як каф хок аз кабри Камол оварда шуд ва онро дар пояи хайкали шоир дар шахри Хучанд, ки ба ифтихори чашн бунед шуда буд, рехтаанд. Хамаи ин наворбардори шудааст. Агар бовар намекунед, Раиси вакти вилояти Сугд Косим Косимов ва шахрдори вакти Хучанд Рахмат Бобокалоновро пурсед. Баъди 18 сол боз такрор кардани ин кор чи маъни дорад?...

рухи мурдахоро нотинч накунед.

андешаманд
Абдурахмон-ако, ба шумо якта маслихат, хамун картишкаи худатона корида гаштан гирид,кори Шумо ба Рудакии Самаркандию Камоли Хучанди чи? Картишкая тоннаша зиёд кунед, то Косимчон-ако хурсан шуда, имсол низ истехсоли онро барзиёд нишон дода, то бахори оянда пусид гуфта, санад тартиб диханд.

Zania_23
Шумо ика ватандусту миллат дуст хастед зиндахоро биеред Камоли Хучанди дар ватани худаш хоб хаст. Сарзамини бо Сугду Хатлону Бадахшон тамом намешавад Табрезхам сарзамини мост.

Табрез маро ба чои чон хохад буд,
Пайваста маро вирди забон хохад буд-гуфтаи Камол аст.
Монед дар чояш хоб кунад. Баъди 700 сол рухи уро нооором накунед ва ба эронихо ин мурдабариро нишон надихед. Мабодо хоки Мир Сайид Амири Хамадониро омада баранд. Хар чо ки бошад ватани форсизабонон аст ва шухрату макоми у барои мо бас.

Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)