Бахшҳо
06 авг 2014 11:04Тоҷикистон / Сиёсат

Маҳкумияти Маҳмадҷон Акбарови “девона” ба 22 соли зиндон

Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон аз боздошту зиндонӣ шудани як сокини 45-солаи шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад, ки дар қочоқи маводи мухаддир ва куштор айбдор буда, бо истифода аз санади қалбакии тиббӣ дар озодӣ ба сар мебурдааст.

Ин ниҳод мегӯяд, Маҳмадҷон Акбарови 45-сола, сокини шаҳри Кӯлоб моҳи октябри соли гузашта дар пайи як амалиёти кормандони Кумитаи амнияти миллӣ дар деҳаи Пистамазори ноҳияи Шӯрообод барои қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят калон боздошт шудааст. Ба иттилои манбаъ, аз Акбаров 173 баста, ки дар маҷмуъ 161 кило маводи мухаддирро ташкил медиҳанд, мусодира шудааст.

Масъулини Кумитаи амният мегӯянд, Акбаров бо аъзои гуруҳи қочоқчиёни трансмиллӣ таҳти раҳбарии Бисмиллоҳ Валади Бозмуҳаммад - шаҳрванди Афғонистон ҳамкорӣ дошта, қаблан низ аз сӯи мақомоти қудратии тоҷик ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми ниҳоят калон (151 кило) боздошт шуда буд. Вале баъд аз 8 моҳи боздошташ дар асоси хулосаи тиббӣ, ки гӯиё дар қайди касалиҳои руҳӣ қарор дорад, раҳо карда мешавад.

Инчунин, ӯ дар куштори як сокини кишвар бо истифода аз силоҳи оташфишон, ки соли 1999 сурат гирифтааст, муттаҳам мешавад. Аммо бо сабабҳои ба масъулини Кумитаи амният номаълум аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шудааст.

Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар шарҳи ин иттилои худ, меафзояд, тафтишоти кормандони ин ниҳод дар вилояти Хатлон муайян кардааст, Маҳмадҷон Акбаров дар ягон қайди беморхона, аз ҷумла касалиҳои руҳӣ қарор надорад ва бар асоси қарори додгоҳи шаҳри Кӯлоб ба муддати 22 сол равонаи зиндон карда шуд. Ин иддаои Кумитаи амният дар мавриди раҳоии ҷинояткорон аз ҷавобгарии ҷиноӣ дар асоси санадҳои қалбакии тиббӣ дар ҳолест, ки ахиран Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон аз боздошти Абдуғафур Ҳасанов - сардухтури Маркази равонпизишкии вилояти Суғд барои ироаи санади қалбакӣ хабар дода буд.

Ин ниҳод гуфта буд, Ҳасанов бо истифода аз мақом барои ироаи хулоса дар хусуси муайян намудани ҳолати руҳии писари Рустамова Б., ки алайҳи ӯ бар асоси моддаи 110 қисми 1-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст, 1000 доллари амрикоӣ талаб карда, ҳангоми гирифтани 600 доллар аз сӯи кормандони оҷонсӣ дар маҳалли кораш боздошт гардид. Инчунин Хуршед Файзалиев, мудири Шуъбаи экспертизаи физико – техникии Маркази ҷумҳуриявии ташхиси тиббӣ - судии Вазорати тандурустӣ низ ба иттиҳоми гирифтани “пора” аз сӯи кормандони оҷонсӣ боздошт шуда буд.
Мӯҳр
Эзоҳ илова кунед
Номи шумо:
Почтаи электронии шумо:
  • bowtiesmilelaughingblushsmileyrelaxedsmirk
    heart_eyeskissing_heartkissing_closed_eyesflushedrelievedsatisfiedgrin
    winkstuck_out_tongue_winking_eyestuck_out_tongue_closed_eyesgrinningkissingstuck_out_tonguesleeping
    worriedfrowninganguishedopen_mouthgrimacingconfusedhushed
    expressionlessunamusedsweat_smilesweatdisappointed_relievedwearypensive
    disappointedconfoundedfearfulcold_sweatperseverecrysob
    joyastonishedscreamtired_faceangryragetriumph
    sleepyyummasksunglassesdizzy_faceimpsmiling_imp
    neutral_faceno_mouthinnocent
ХАБАРҲОИ ОХИРИН
Баҳси пурзӯр кардани ҳифзи сарҳади Тоҷикистону Афғонистон дар дидори Э.Раҳмон ва ҳайати парлумони Аврупо10:09Оғози фурӯши смартфонҳои iPhone 8 ва iPhone 8 Plus!09:49БО ЗАБОНИ ШЕЪР: Ман зи андешаи турконаи як ҳамватанам метарсам...15:34Чаро ҳукумат ҳамеша ба ТАЛКО имтиёз медиҳад?14:16“Шантаж”-и ҳамсар: Аз ҳаққи модарӣ даст накашӣ расвоят мекунам10:27Баҳси буҷа: Аз қарзи маош то қарзи хориҷӣ11:57Сарвазири Тоҷикистон бо Президенти Узбакистон мулоқот мекунад11:05Ҳимояти СММ аз cарбози тоҷики пайрави “Шоҳидони Яҳво”, ки либоси низомиро рад кард10:38АКС+ВИДЕО. Нахустин анҷумани маъюбони Тоҷикистон дар Душанбе11:51Маҷлис: Аз тағйироти кадрӣ то ваъдаи 80 мансабдор барои пулдиҳӣ аз кисаи худ15:46100 метр дуртар: Тамокукашӣ маҳдудтар шуд13:21Аз парвандаи Маҳмудов то муроҷиати ҷабрдидагони "7 бурҷ": Роҳкиро надорем (ВИДЕО)11:18Пешниҳоди журналисти тоҷик ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳон: 2018-ро соли беяроқӣ эълон кунем!09:33Агентии зидди коррупсия гуфт, “Умед-88” ва Вазорати молия аз “Роғун” қарз гирифтаанд08:01Таърихи имрӯз: Мавлуд, ҷашн, санаҳои таърихӣ, дамои ҳаво, бозори арз07:44
ТАҚВИМ
«    Апрел 2024    »
ДушСешЧорПанҶумШанЯкш
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
2930 
БОЙГОНӢ
Ноябр 2017 (5)
Октябр 2017 (192)
Сентябр 2017 (257)
Август 2017 (314)
Июл 2017 (301)
Июн 2017 (269)